Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 8-ро дар ноҳияи Данғара мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд Октябрь 21, 2021 16:22

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 8-ро дар ноҳияи Данғара мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд Октябрь 21, 2021 16:22

22-10-2021, 09:24
Хабарро хонданд: 127 нафар
Назарҳо: 0
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 8-ро дар ноҳияи Данғара мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд Октябрь 21, 2021 16:22
ДУШАНБЕ, 21.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 21 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Хуррамзамини деҳоти ба номи Исмат Шарифи ноҳияи Данғара бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 8-ро ифтитоҳ намуданд.

Иншооти соҳаи маориф аз 9 синфхонаи барҳаво иборат буда, барои хонандагони синфҳои ибтидоӣ пешбини шудааст.

Дар бинои қаблии муассиса аз сабаби фарсуда будани он барои ба таълим фаро гирифтани наврасон шароити таҳсил ба талабот ҷавобгу набуд.

Бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 8 дар доираи омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи соҳибкорон бо назардошти фароҳам овардани шароити замонавии таълим барои наврасон сохта шудааст.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз шароити фароҳамшуда омӯзгоронро барои дар руҳияи хештаншиносӣ ва омӯзиши донишҳои муосир тарбия намудани наврасон вазифадор карданд.

Дар маҷмуъ дар иншооти соҳаи маориф 288 нафар дар ду баст ба таълим фаро гирифта мешаванд.

Бунёду ба истифода додани бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 8 дар доираи амалишавии яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — таъмини пешрафти соҳаи муориф ва дар ҳамин замина фароҳам овардани шароити муосир барои омӯзиш сохта шудааст.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: