Ифтитоҳи бинои иловагӣ дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 18 дар шаҳри Душанбе16-03-2019, 05:46
Хабарро хонданд: 233 нафар
Назарҳо: 0
15.03.2019 16:45, шаҳри Душанбе 15 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 18-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Иншооти мазкур аз 4 ошёна ва таҳхона иборат буда, бо муосиртарин дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ таъмин гардидааст. Пешвои миллат бо шарту шароити таълимӣ дар ин муассиса аз наздик шинос шуда, бо хонандагону омӯзгорон суҳбат намуданд. Бинои мазкур аз 25 синфхона ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад, ки дар ду баст бо назардошти синфхонаҳои фаннӣ 1560 хонандаро ба таҳсил фаро мегирад. Барои гузаронидани дарсҳои омодагии дифои ҳарбӣ, химия, физика ва биология синфхонаҳои алоҳида бо аёниятҳои муосири таълимӣ ва озмоишгоҳҳо таъмин карда шудааст. Ҳамчунин ҷиҳати омӯзонидани касбу ҳунар ба толибилмон, дар бинои нав ду синфхонаи таълими меҳнат барои духтарону писарон ташкил гардидааст, ки бо шароити зарурӣ ва дастгоҳу таҷҳизот таъмин мебошанд. Дар ин ҷо толибилмон дуредгарӣ, кандакорӣ, дӯхтани сару либос ва тарзи омодасозии ҳар гуна таомро меомӯзанд. Барои обу тоби ҷисмонии хонандагон, дар бинои нави таълимӣ толори махсуси варзиши сабук бунёд ва бо дастгоҳҳои варзишӣ муҷҷаҳаз гардонида шудааст. Ҳамчунин дар дохили иншооти мазкур як китобхона, маҷлисгоҳ бо 100 ҷойи нишаст ва як анбори муосир барои нигоҳдоштани китоб сохта шудааст. Синфхонаи информатика бо компютерҳои ҳозиразамон таъмин буда, ба хати баландшиддати интернет пайваст мебошад. Ҳамзамон барои дар сатҳи баланд гузаронидани дарсҳо, синфхонаҳои таълимгоҳ бо тахтаҳои электронӣ муҷҷаҳаз гардидааст. Ба хотири инкишофи зеҳнии хонандагон бинои нав дорои синфхонаи алоҳида барои омӯзиш ва гузаронидани мусобиқаҳои шоҳмот буда, бо дастгоҳ ва аёниятҳо таъмин гардидааст. Дар ин иншоот ҳамчунин синфхонаҳои алоҳида барои рассомӣ, мусиқӣ ва утоқи ҳамшираи шафқат бунёд ёфтааст. Барои омӯзгорон бошад,утоқҳои алоҳидаи корӣ ташкил гардида, роҳраву синфхонаҳо бо системаи мутамарказонидашудаи гармидиҳӣ пайваст мебошанд. Иттилоъ дода шуд, ки корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот моҳи апрели соли 2018 оғоз ёфта, дар зарфи камтар аз як сол бо назардошти талаботи муосири меъморӣ ва таълимӣ ба анҷом расонида шуд. Дар доираи корҳои ободонӣ ҳамчунин роҳрав ва гирду атрофи муассиса бо дарахтони сояафкан ва гулу буттаҳои ороишӣ сабзу хуррам гардонида шудааст. Бояд тазаккур дод, ки бинои куҳнаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умуии рақами 18 барои 780 нафар хонанда пешбинӣ гардида, то имрӯз дар он 1624 толибилм ба таҳсил фаро гирифта мешуд. Сохтмони иншооти мазкур, ки дар доираи дастуру ҳидоят ва сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат сурат гирифт, ин мушкилии муҳассилину омӯзгоронро ба пуррагӣ ҳал намуд. Аснои шиносоӣ ва суҳбат бо аҳли мактаб, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз хонандагон даъват ба амал оварданд, ки чунин имконоту шароити муосирро самаранок истифода бурда, барои аз худ кардани дониш ва омӯхтани илмҳои замона ҳамаҷониба саъйю кӯшиш намоянд. Пас аз ифтитоҳи бинои иловагии муассисаи таълимӣ ва шиносоӣ бо шароити он, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди аҳли маорифи пойтахт суханронӣ намуда, фарорасии Наврӯзи байналмилалӣ ва ифтитоҳи бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 18-ро ба ҳозирин табрику таҳният гуфтанд. Таъкид гардид, ки дар солҳои минбаъд низ дар доираи нақша-чорабиниҳо бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе сохтмону ба истифодадиҳии таълимгоҳҳои нав ва биноҳои иловагӣ дар назар дошта шудааст, ки ин раванд сатҳи таълиму тарбия ва шароити илмомӯзиро боз ҳам беҳтар хоҳад кард. Иброз гардид, ки ҳоло сохтмони 21 муассисаи таълимӣ барои зиёда аз 40 ҳазор ҷойи нишаст дар шаҳри Душанбе босуръат идома дошта, ба ин васила мушкилоти норасоии ҷойи нишаст ҳаллу фасл хоҳад шуд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия, ба воя расонидани насли солимфикру навовар ба ҳозирин дастуру ҳидоятҳои муфид доданд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.