Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик

Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик

22-10-2021, 08:59
Хабарро хонданд: 98 нафар
Назарҳо: 0
Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик

21.10.2021, ноҳияи Темурмалик
Ҳамдиёрони азиз!

Пеш аз ҳама, хурду бузурги деҳоти Кангуртро ба ифтихори сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани маҳбубамон самимона табрик мегӯям.

Мақсади сафари навбатии мо ба Кангурт шиносоӣ пайдо кардан бо вазъи зиндагии мардуми ин мавзеи бостонӣ ва ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ ба муносибати ҷашни бузурги 30 – солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон мебошад.

Тавре ки мушоҳида мегардад, ин диёри бостонӣ аз баракати истиқлол аз нав ҷавон, зебо ва басо дилкашу ҷолиб шудааст.

Мувофиқи маълумоти таърихиву бостоншиносӣ Кангурт дар маданияти поёнии Кангуртут 5500 – сола ва маданияти болоии он, ки дар аҳди биринҷӣ ташаккул ёфтааст, 4700 – сола мебошад.

Номи Кангурт аз вожаҳои қадимаи бохтариву суғдӣ таркиб ёфта, маънои «диёри паҳлавонон»-ро дорад.

Мувофиқи маълумоти маъхазҳои таърихӣ ва асарҳои муҳаққиқон Кангурт аз калимаҳои «кант», яъне шаҳр ва «гурт», яъне «паҳлавон» ё «бузург» таркиб ёфтааст.

Тибқи гуфтаҳои олимону донишмандон ва маълумоти сарчашмаҳои муътабар Кангурт ҳанӯз аз замонҳои хеле қадим зодгоҳи шахсиятҳои маъруфи илму ирфон ва донишмандони соҳибмактаб будааст ва дар ҳудуди он ҳунармандону паҳлавонони зиёд умр ба сар бурдаанд.

Номи Кангурт бори аввал соли 1221 дар солномаи таърихнигор Атомалики Ҷувайнӣ «Таърихи ҷаҳонкушой» зикр гардида, муаллифи ин сарчашма аз далериву қаҳрамонии мардуми ин куҳандиёр, ки ба муқобили аҷнабиён (Чингизхон) то вопасин нафас барои хоки Ватани худ истодагарӣ ва ҷоннисорӣ кардаанд, маълумот додааст.

Ин воқеаи таърихӣ далели қаҳрамонии сокинони як гӯшаи сарзамини тоҷикон бар зидди истилогарон буда, номи ин диёри бостонӣ ва қаҳрамонии мардуми онро дар таърихи миллат сабт намудааст.

Қобили зикр аст, ки ба ин санаи таърихӣ дар соли ҷашни 30 – солагии истиқлоли давлатии тоҷикон расо 800 сол пур мешавад.

Тибқи маълумоти сарчашмаҳои дигари таърихӣ аз ибтидои асри 16 то охири асри 17 шумораи зиёди тоҷикони ҳамворинишин ба Кангурт ва Балҷувону Муъминобод омада, дар ин мавзеъҳо муқимӣ шудаанд.

Ҳамин кӯчиши қавмҳои ниёгони мо ба рушди дубораи кӯҳистони Хатлону Рашт заминаи мусоиде фароҳам овардааст.

Дар маъхазҳо зикр шудааст, ки илму маориф дар ин диёри бостонӣ дар нимаи дуюми асри 19 ва ибтидои асри 20-ум дар ҳоли бисёр пешрафта қарор доштаст.

Дар он солҳо дар мадрасаҳои Кангурт ғайр аз улуми расмии динӣ, ҳамчунин, илмҳои ҳандаса, риёзиёт, кандакорӣ, хаттотӣ, муҳрканӣ ва дигар ҳунарҳо низ таълим дода мешудаанд.

Илова бар ин, гуфтаҳое низ маъруфанд, ки дар тӯли давраҳои дароз беҳтарин мударрисону толибилмони мадрасаҳои асосии шаҳрҳои бузурги минтақа аз ҷумлаи намояндагони Кангурт будаанд ва шогирдони кангуртӣ ба он мадорис бидуни озмун қабул мешудаанд.

Муборизаи озодихоҳонаи мардуми Кангурт, аз ҷумла шӯришҳои Холи Кангуртӣ, Мири Надир ва Назир – паҳлавон дар даврони тираву тори амирони манғит аввалин талошҳои озодиву истиқлолхоҳии мардуми мо буданд.

Фарзандони маъруфи Кангурт, аз қабили шоир ва орифи бузург Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ, шоири халқӣ Бобоюнус Худойдодзода дар адабиёти охири асри 19 ва ибтидои садаи 20, Карими Шуш, Фаттоҳ Одина ва даҳҳо нафари дигар дар рушду пешрафти адабиёт ва мусиқиву овозхонии халқиву касбӣ ва дигар бахшҳои ҳаёти фарҳангии халқамон саҳми арзишманд гузоштаанд.

Дар асри 20-ум дар ҳаёти Кангурт мисли дигар ноҳияву мавзеъҳо дигаргуниҳои куллӣ ба амал омадаанд.

Дар ин раванд, 23-юми ноябри соли 1930 Кангурт ба ноҳия табдил шуда, аллакай, дар солҳои 40-ум аҳолии он беш аз 38 000 нафарро ташкил медод.

Солҳои 1948 – 1956 бо мақсади рушди соҳаи пахтакорӣ аксари мардуми кӯҳистони Тоҷикистон, аз ҷумла Кангурт ба водиҳои Кӯлоб, Данғара ва Вахш кӯчонида шуданд.

Дар натиҷаи муҳоҷиркунӣ аҳолии ноҳия ниҳоят кам гардид ва 15-уми сентябри соли 1953 ноҳияи Кангурт барҳам дода шуд.

Рушди дубораи иқтисодиву иҷтимоии Кангурт ба шарофати соҳибистиқлолӣ оғоз гардида, ҳоло қариб 19 000 нафар аҳолии Кангурт иборат аз 2354 хоҷагӣ дар ҳайати ду деҳот – Кангурт ва Ҳусайнобод зиндагӣ дорад.

Қобили зикр аст, ки муассисаҳои таълимии Кангурт бо шогирдони худ шуҳрати зиёд доранд ва дар ин минтақаи дурдасти кишварамон, бахусус, дар мактаб – интернати номдори он даҳҳо нафар шахсиятҳои шинохта таълиму тарбия гирифта, имрӯз низ дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти мамлакат содиқона хизмат менамоянд ва соҳиби эҳтирому обрӯ мебошанд.

Ҳоло дар мактаб – интернати Кангурт тамоми шароити зарурӣ барои таълиму тарбия, будубоши шабонарӯзӣ ва истироҳату фароғати хонандагон муҳайё карда шудааст.

Имрӯз Кангурт дорои роҳҳои замонавӣ, биноҳои баландошёна, иншооти зиёди хизматрасонӣ, бозори муосир, беморхонаи ноҳиявӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ мебошад.

Зироаткорӣ, чорводорӣ, боғу токпарварӣ, занбӯриасалпарварӣ ва парандапарварӣ шуғли мардуми ин маҳал мебошад.

Чунонки аз таҳлилҳо бармеояд, нишондиҳандаҳои заҳмати кишоварзони деҳоти Кангурт сол ба сол беҳтар шуда истодаанд.

Инчунин, манзараҳои зебо ва дилрабои Кангурт ва ҳунарҳои дастии мардуми ин диёр барои сайру саёҳати сокинони кишвар ва сайёҳони хориҷӣ бисёр ҷолибанд ва зарур аст, ки аз ин имконияти табиӣ, аз ҷумла тавассути бунёди инфрасохтори муосири сайёҳӣ ва ба роҳ мондани муаррифии ин водии зебоманзари кишвар васеъ истифода карда шавад.

Бояд гуфт, ки дар доираи омодагиҳо ба ҷашни сисолагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар ҳудуди деҳоти Кангурт як қатор иншооту биноҳои зебои замонавӣ бунёд гардидаанд.

Қасри фарҳанг дар деҳаи Кангурт барои 600 ҷойи нишаст, толор ва майдончаи варзиш дар худуди мактаб – интернати деҳаи Кангурт, меҳмонхона ва тарабхона, якчанд маркази муосири хизматрасонӣ, корхонаи истеҳсоли пойафзол, корхонаи мебелсозӣ, бунгоҳи тиббӣ, бинои баландошёнаи истиқоматӣ бо маркази саломатӣ, мағозаи фурӯши масолеҳи сохтмон, маркази сеошёнаи тиҷоратӣ, коргоҳи истеҳсоли макарон ва маҳсулоти макаронӣ ба анҷом расонида шуда, имрӯз мавриди истифода қарор дода шуданд.

Моҳи апрели соли 2015 бо дархости занону духтарони Кангурт ман ба роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дастур дода будам, ки дар ин ҷо коллеҷи тиббӣ бунёд карда, ба истифода дода шавад.

Имрӯз бинои навбунёди коллеҷ барои 250 нафар ифтитоҳ гардид.

Илова ба корҳои то имрӯз амалигардида ҳоло сохтмони чандин иншооти дигар, аз ҷумла маркази тиҷоратӣ, ҳавзи шиноварӣ, майдончаи варзиш ва бинои нави бунгоҳи тиббӣ идома дорад.

Ҳамзамон бо ин, корҳои таъмиру азнавсозии бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи рақами 30 ва боғчаи кӯдаконаи рақами 2 ба маблағи 4 миллион сомонӣ пурра ба анҷом расонида шуда, берун аз нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида сохтмони якчанд иншооти иловагӣ ва бисёр корҳои ободониву созандагӣ иҷро гардидаанд.

Илова бар ин, таъмиру таҷдиди 17 километр роҳи дохили деҳаи Сафарбоён, роҳи миёни деҳаҳои Давлатшоён, Чавроқ, Савда, роҳи дохили деҳаҳои Гузари Тор ва Оби Ширин, ки беш аз 10 километри онҳо асфалтпӯш гардидаанд, инчунин, корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар дарёи Тоҳир ва кашидани хатти оби нӯшокӣ ба деҳаи Оби Ширин ба анҷом расонида шудаанд.

Дар маҷмӯъ, дар деҳоти Кангурт аз 48 иншооти бо дарназардошти иншооту биноҳои иловатан банақшагирифташуда то имрӯз 43 иншоот ба маблағи умумии зиёда аз 52 миллион сомонӣ ба истифода дода шуда, дар иншооти боқимонда корҳои сохтмон дар ҳолати анҷомёбӣ қарор доранд.

Аз фурсати муносиб истифода бурда, ба ҳамаи соҳибкорон ва шахсони саховатпеша – фарзандони ватандӯсти мардуми Кангурт, ки дар ҷодаи ободу зебо гардонидани ин гӯшаи Ватани маҳбубамон саҳм гузоштаанд, сипосу миннатдории самимӣ баён менамоям.

Бовар дорам, ки раванди неки ободии Кангурти бостонӣ минбаъд низ идома меёбад ва соҳибкорону сармоягузорон бо ташкили коргоҳу корхонаҳои нави истеҳсолӣ ва рушди ҳунарҳои мардумӣ барои пешрафти диёри худ ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ боз ҳам бештар саъю талош мекунанд.

Дар охир тамоми мардуми заҳматдӯсту меҳмоннавози деҳоти Кангуртро ба муносибати ҷашни 30 – солагии истиқлоли давлатии кишварамон табрик гуфта, ба ҳар як хонадони ин мавзеи бостонӣ тансиҳатӣ, файзу баракат ва барори кор орзу менамоям.

Доимо сарбаланду муваффақ бошед, ҳамдиёрони азиз!
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: