DataLife Engine > Занон, Гулшани адаб > Модарнома

Модарнома


1-03-2016, 14:05. Разместил: jkormand МодарномаИнак, боз баҳор омад, баҳори нозанин, баҳори сабзазор, баҳоре ки накҳатафзо ва рангин аст!

Дил даруни сина метапад, нигоҳҳо медурахшанд ва аз дидани рангиниҳо ба ваҷд омада, парвоз мекунанд!

Ва ин партави ишку мухаббат аст, ки ба қалби хамушу ороми пиру барно нурпошӣ мекунад ва орзуҳои хуфтаро бедор намуда, одамиро ба олами руъё мебарад….

Дили пурмеҳр ва пурҳарорати зан - Модар аз фараҳу меҳру вафо лабрез мегардад, нигоҳҳо ба ҳам лағжида, ифшогари садоқату рафоқати одамӣ мешаванд…

Модар - сарчашмаи хаёт, давоми умри одамизод, бузургтарин инсони олам, ки офаридгор барояш волотарин вазифа, идома додани насли инсониро додааст.

Агар зан нест дунё нотамом аст,
Ҳаёту зиндагӣ танҳо ба ном аст,
Зи меҳри зан шавад дунё рангин,
Зи қаҳри зан само тору зимом аст.

Оре зан, Модар -офтоби зиндагӣ, фурӯғи ишқу ошиқӣ, кони меҳру вафост.
Зан набошад, зебу зиннат нест дар маъвои мо,
Нур дар дил рушанӣ дар дидаи бинои мо.
Зан набошад, нест дар рӯйи замин нақши ҳаёт,
Дон,ки бе зан то абад дар гил бимонад пойи мо.

…Аз ин фурсати муносиб истифода бурда, ҳамаи шумо занону модарони меҳрубонро бо ҷашни накӯятон табрику муборакбод намуда, бароятон беҳтарин хушиҳои зиндагиро таманно мекунем.

Бигузор, чун гулҳои баҳорӣ ҳамеша гулбезу анбарафшону фараҳафзо бошед… Идатон муборак, модарони азиз!

Вернуться назад