Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Тибқи назарияи ҷадид, аввалин сироят аз коронавирус тақрибан даҳ сол пеш сабт шудааст

Тибқи назарияи ҷадид, аввалин сироят аз коронавирус тақрибан даҳ сол пеш сабт шудааст

12-10-2021, 08:49
Хабарро хонданд: 352 нафар
Назарҳо: 0
Тибқи назарияи ҷадид, аввалин сироят аз коронавирус тақрибан даҳ сол пеш сабт шудааст

Коронавирус эҳтимолан дар бадани як нақбкани чинӣ, ки соли 2012 ба ин вирус мубтало шудааст, ба вуҷуд омадааст. Дар ин бора "Telegraph" бо истинод ба мудири иҷроияи ширкати амрикоии "Bioscience Resource Project Jonathan Latham" хабар медиҳад.
Ба гуфти коршинос, COVID-19 метавонад муддати тӯлонӣ дар бадани инсон рушд кунад ва тағйир ёбад.
"Дар бадани як нақбкан садҳо мутатсия ба вуҷуд омада, боиси пайдоиши Sars-Cov-2 гардид. Даҳсолаҳои рушд тақрибан ба шаш моҳ рост меояд",-гуфт Латэм.
Вай қайд кард, ки коронавирус аз намунаи тиббӣ, ки аз нақбканони сироятёфта гирифта шудааст, зуҳур кард.
Маълум аст, ки соли 2012 шаш нақбкан барои тоза кардани партовҳои кӯршабпарак ба кони ғайрифаъоле дар ноҳияи Моҷян фаромадаанд, қайд мекунад Telegraph. Пасон, онҳо бо сирояти шабеҳи нишонаҳои COVID-19 гирифтор шуданд. Аз шаш нақбкан се нафарашон фавтиданд. Баъдтар, олимони Институти вирусологияи Вуҳан ба кон омада, барои омӯзиши патогенҳо мавод ҷамъоарӣ карданд.
Нашрия таъкид мекунад, ки аз соли 2012 то 2015 дар кон ва гирду атрофи он тақрибан 300 ҳолати коронавирус ба қайд гирифта шудааст. Дар байни онҳо онест, ки "аҷдоди" ҳозираи COVID-19 ҳисобида мешавад.
Ёдовар мешавем, ки пандемияи COVID-19 дар шаҳри Вуҳани Чин моҳи декабри соли 2019 буруз карда буд. Ҳоло дар ҷаҳон ду назарияи пайдоиши коронавирус вуҷуд дорад.
Якумаш ин аст, ки COVID-19 ба одамон аз кӯршабпаракҳо интиқол ёфтааст. Назарияи дуюм пайдоиши коронавирусро аз лаборатория мефаҳмонад.
Коронавирус дар Русия

Т.О.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: