Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ифтитоҳи тарабхонаи “Форел” дар шаҳри Хуҷанд

Ифтитоҳи тарабхонаи “Форел” дар шаҳри Хуҷанд

9-10-2021, 10:46
Хабарро хонданд: 146 нафар
Назарҳо: 0
Ифтитоҳи тарабхонаи “Форел” дар шаҳри Хуҷанд

Дар доираи “Солҳои 2019-2021 - солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд баҳри рушди инфрасохтори сайёҳӣ тадбирҳо амалӣ карда мешаванд.

Асосгузори сулҳу ваҳдатти миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Сирдарёи шаҳри Хуҷанд маркази хизматрасонӣ ва тарабхонаи брендии “Форел”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншооти хуштарҳу назаррабо дар соҳили Сирдарё бо саҳму иқдоми соҳибкори маҳаллӣ Муҳсин Шодиев ва ҳамкоронаш бо харҷи беш аз 4 миллион сомонӣ бунёд шудааст.

Иншоот аз 3 ошёна бо таҳхона ва Маркази таомҳои миллӣ иборат буда, аз ҷониби бинокорону ҳунармандони маҳаллӣ бо тарҳи зебо сохта шудааст.

Дар иншоот толори баргузории чорабиниҳои фарҳангию маросимҳои миллӣ, қаҳвахона, ҳуҷраҳои истеъмоли хӯрок мавҷуд буда, зиёда аз 50 нафар ба тайёр намудани таомҳо ва хизматрасонӣ ҷалб шудаанд.

Дар тарабхонаи брендии “Форел” асосан навъҳои гуногуни моҳӣ пухта ба мизоҷон пешниҳод карда мешаванд.

Моҳиро дар ошдону тафдонҳо ва танӯрҳо бо тарзу усули хоса бо истифода аз ҳезум мепазанд. Барои пухтани моҳӣ мутахассисону пазандаҳои корозмудаю соҳибкасб ба кору хизматрасонӣ ҷалб гардидаанд.

Дар ошхонаи дигари Маркази хизматрасонӣ таомҳои миллӣ ва аврупоӣ тайёр карда мешаванд.

Дар Маркази хизматрасонӣ ва тарабхонаи “Форел” бори нахуст таҷҳизоти системаи ягонаи гармидиҳӣ, хунуккунӣ ва ҳавокашии “Чиллер”-и истеҳсоли давлатии Голландия ворид ва васлу насб гардидааст.

Соҳибкорон бо мақсади ташкили хизматрасонии сатҳи баланд ва муаррифии табиати зебои шаҳри Хуҷанд дар соҳили Сирдарё ҳавз сохта, бо ҳунару маҳорати пазандаю пешхизматҳо моҳӣ ва таомҳои миллӣ пешниҳод менамоянд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин ташаббусҳои соҳибкорони ватаниро дар ободии кишвар шоиста арзёбӣ намуданд.

Бояд гуфт, ки соҳибкор Муҳсин Шодиев ва пайравонаш дар соҳили дарёи Душанбе, дар пойтахти мамлакат низ қаҳвахона бо номи “Форел” таъсис дода, хизматрасонии сатҳи баландро ба роҳ мондаанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: