Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Оғози корҳои сохтмонӣ дар роҳи мошингарди Деҳмой - Бобоҷон Ғафуров - Конибодом

Оғози корҳои сохтмонӣ дар роҳи мошингарди Деҳмой - Бобоҷон Ғафуров - Конибодом

8-10-2021, 11:26
Хабарро хонданд: 142 нафар
Назарҳо: 0

08.10.2021 09:38, ноҳияи Ҷаббор Расулов
8 октябр дар идомаи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов нахуст ба корҳои бунёду навсозии роҳи мошингарди Деҳмой - Бобоҷон Ғафуров - Конибодом оғози расмӣ бахшиданд.

Зимни муаррифии лоиҳаи таъмиру навсозии роҳи мошингарди Деҳмой - Бобоҷон Ғафуров - Конибодом ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки масофаи умумии роҳи таҷдидшаванда 50,5 километрро дар бар гирифта, бо паҳноии аз 8 то 15 метр дар қитъаҳои алоҳида сохта мешавад. Дар марҳилаи татбиқи лоиҳа дар ин масири роҳ корҳои тахту ҳамворнамоӣ, гузоштани қубурҳои обгузар, сохтани ҷӯйборҳои бетонӣ бо панҷараҳои муҳофизатӣ дар ду канори роҳ, сохтмон ва таъмири 11 пули мошингузар, кашидани хатҳои уфуқӣ, насби аломатҳои роҳ ва бунёди дигар иншооти ёрирасон пешбинӣ гардидааст.

Бояд тазаккур дод, ки роҳи мошингарди Деҳмой - Бобоҷон Ғафуров - Конибодом аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фармоиши Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд, аз ҷумла бо маблағгузори грантии Бонки Ҷаҳонӣ дар доираи “Марҳилаи чоруми Барномаи рушди роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ” бо маблағи 50 миллион доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар зарфи 3 сол пурра таҷдиду навсозӣ мегардад.

Ҳамин тариқ, дар доираи лоиҳаи мазкур роҳи мошингарди қитъаи Деҳмой – Бобоҷон Ғафуров бо дарозии 21,9 километр бо дараҷаи 3-юми техникӣ, Бобоҷон Ғафуров – Хистеварз бо дарозии 6,3 километр бо дараҷаи 1-уми техникӣ, Конибодом - Кучкак бо дарозии 10 километр бо дараҷаи 1-уми техникӣ ва Куруш - Бекобод бо дарозии 12,3 километр бо дараҷаи 3-юми техникӣ, дар маҷмуъ бо дарозии умумии 50,5 километр пурра таъмиру навсозӣ карда мешавад.

Ҳангоми шиносоӣ бо лоиҳаи сохтмони роҳи автомобилгарди Деҳмой - Бобоҷон Ғафуров - Конибодом Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои анҷоми босифати корҳои бунёду навсозӣ ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас доданд, зеро лоиҳаи таҷдиду навсозии роҳи аҳаммияти ҷумҳуриявӣ ва байналмилалидоштаи Деҳмой - Бобоҷон Ғафуров - Конибодом бо ташаббус ва иқдоми бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати беҳтар намудани ҳолати инфрасохтори нақлиётӣ, таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ, рушди савдою тиҷорати наздисарҳадӣ ва фароҳам овардани шароити зарурии рафту омади сокинону сайёҳон дар ҳамаи фаслҳои сол амалӣ карда мешавад.

Дар заминаи ҳамкориҳои судманди дуҷониба байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Япония беш аз 10 адад нақлиёти тамғаҳои нав, ки асосан барои нигоҳдории ҳолати истифодабарии роҳҳо пешбинӣ шудааст, дар ҳамин ҷо муаррифӣ карда шуд. Воситаҳои нақлиёти боиқтидори соҳавӣ ҳамчун кӯмаки бебозгашти Ҳукумати Япония буда, аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муассисаҳои давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд туҳфа гардид.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: