Ифтитоҳи шоҳроҳи “Кӯлоб-Шамсиддини Шоҳин” дар шаҳри Кӯлоб 05.10.2021 10:20, шаҳри Кӯлоб5-10-2021, 11:54
Хабарро хонданд: 118 нафар
Назарҳо: 0
Ифтитоҳи шоҳроҳи “Кӯлоб-Шамсиддини Шоҳин” дар шаҳри Кӯлоб
05.10.2021 10:20, шаҳри Кӯлоб 5 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо буридани лентаи рамзӣ роҳи автомобилгарди “Кӯлоб-Шамсиддин Шоҳин”-ро ифтитоҳ карданд. Ин қитъаи роҳ дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ буда, пойтахти кишварро бо шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Муъминобод ва Шамсиддин Шоҳин васл мекунад ва яке аз дарвозаҳои асосӣ барои пайваст намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Мардумии Чин тавассути Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад. Қитъаи роҳи мошингарди “Кӯлоб - Шамсидин Шоҳин” дар идомаи роҳи мошингарди “Кӯлоб - Қалъаи Хумб” дар асоси ҳидоятҳои созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади баровардани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ бунёд гардида, дар доираи татбиқи марҳилаи навбатии лоиҳавӣ навсозӣ шуд. Дар маросими оғози корҳои сохтмонӣ моҳи сентябри соли 2019 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок варзида, мутахассисону роҳсозонро бобати анҷоми босифати тадбирҳои сохтмонӣ вазифадор карда буданд. Ҳадафи асосии сохтмони иншооти мазкур таъмин намудани бехатарӣ ва ҳаракати мунтазами воситаҳои нақлиёт, аз ҷумла, ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ намудани ҳолат ва андозаҳои геометрии роҳ, инчунин сарфа намудани вақт ва сӯзишворӣ барои кашондани молҳои ниёзи мардум дар ҳама фасли сол ва таъмини ҷойҳои корӣ дар ҳудуди ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Фармоишгари лоиҳа Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамоҳангсози лоиҳа Маркази татбиқи Лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқ буда, пудратчии асосӣ Ширкати чинии Хинҷиян Констракшн ва Энержиан Групп ЛТД ва Консалтинг компани ЛТД мебошанд. Дарозии умумии роҳи мазкур 32 километрро дар бар мегирад. Иттилоъ дода шуд, ки мувофиқи лоиҳа, қитъаи роҳи “Кӯлоб-Шамсиддини Шоҳин” ба категорияи сеюми роҳсозӣ мутобиқ гардонида шуда, дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб паҳноии умумии роҳ аз 21 то 23 метр ва дар дигар мавзеъҳо то 17 метрро ташкил медиҳад. Ин қитъаи роҳи мошингард аз ду хати ҳаракат иборат буда, паҳноии стандартии роҳ ба 12 метр баробар мебошад ва паҳноии қисмати роҳи мошингард 7 метрро ташкил медиҳад. Канораҳои роҳ ба 2,5 метр баробар буда, мувофиқи меъёрҳои сохтмонӣ, аз километри 6,6 то километри 21-ум бо назардошти нишебии тӯлонӣ ва таъмини ҳаракати бехатар се хати ҳаракат бунёд шудааст. Дар роҳи мазкур мувофиқи лоиҳа 3 пул бо дарозии умумии 220 метри тӯлонӣ бунёд карда шуд. Ҳангоми амалисозии тадбирҳои сохтмонӣ аз тарафи мутахассисони роҳсоз қубурҳои обгузар васл карда шуда, корҳо дар самти бунёди такядеворҳои оҳану бетонӣ, мумфаршкунии қабатҳои алоҳидаи роҳ бо сифати баланд ба анҷом расонда шуд. Барои таъмини бехатарии роҳ бошад, сохтмони деворҳои муҳофизатӣ, бунёди пиёдароҳҳо, равшаннамоии минтақаҳои аҳолинишин, сохтмони канорасангҳо ҷавобгӯ ба стандарҳои пазируфташудаи ҷаҳонӣ амалӣ карда шуд. Дар рафти корҳои сохтмонӣ 490 коргар, аз ҷумла, 400 корманди маҳаллӣ бо ҷалби 76 техникаи махсус тадбирҳои роҳсозиро ба поён расониданд. Таҷдиди ин роҳ бо ташаббус ва талошҳои созандаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, ҳамарӯза тариқи он ронандагону мусофирон ва сайёҳони зиёде сафар мекунанд. Тавассути ҳамин роҳ молу маҳсулоти содироту воридотшаванда интиқол дода мешавад. Бунёди роҳ аҳамияти бузурги иқтисодию иҷтимоӣ дошта, дар беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва рушди иқтисодиёти мамлакат заминаи устувор мегузорад. Сиёсати роҳсозии роҳбарияти олии сиёсии мамлакат марҳила ба марҳила самар меорад ва дар ин самт қадамҳои устувору қатъӣ гузошта шудааст. Танҳо давоми солҳои охир бо талошҳои хастанопазири Роҳбари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар 6 марҳила таҷдиди роҳи мошингарди “Кӯлоб - Қалъаи Хумб” бо сифати баланд анҷом дода шуд. Дар натиҷа зиёда аз 170 километр масири мошингард дар ин самти ҳаракат ба стандарҳои ҷаҳонии роҳсозӣ мутобиқ гардонида шудааст. Дар умум, азнавсозии бештар аз 58 километри ҳамин қитъа тавассути Маркази татбиқи Лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқ бо ҷалби шарикони рушд сомон дода шудааст. Ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар ин қитъа пайваста таҳти назорати роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошт. Ҷалби мутахассисони варзида, истифодаи техникаву механизмҳои муосири роҳсозӣ ва фаъолияти шабонарӯзӣ ба пешрафти корҳои сохтмонӣ дар ин роҳи байналмилалӣ замина гузошт. Дар ҳошияи татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Кӯлоб-Шамсиддин Шоҳин, инчунин мутобиқи дастури роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ду дидбонгоҳ барои сарҳадчиён ва кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ, як хонаи модару кӯдак, иншооти ёрирасон, се таваққуфгоҳ барои мошинҳои боркаш ва истгоҳҳои замонавӣ бунёд гардиданд. Ҳамзамон дар километрҳои 182-250-уми шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ, воқеъ дар назди Терминали мусофиркашонии шаҳри Кӯлоб, ки бар асари офати табиӣ осеби ҷиддӣ дида буд, қубурҳои обгузари оҳану бетонӣ бо дарозии 140 метр ва деворҳои оҳану бетонӣ бо дарозии 80 метр бунёд ва ба истифода дода шуд. Дар қитъаи мазкур корҳои оҳану бетонӣ ва тадбирҳои ободонӣ бо сифати баланд анҷом дода шудааст. Воқеан мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани роҳи автомобилгарди Кӯлоб-Шамсиддин Шоҳин дар самти татбиқи стратегияи аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани кишвар дастоварди бузург ба ҳисоб меравад. Маълум аст, ки бо ин мақсад таҳти ҳидоятҳои хирадмандона ва дастурҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати мамлакат корҳои зиёдеро ба анҷом расонида, даҳҳо лоиҳаи сармоягузориро татбиқ намуд, ки дар доираи онҳо дар кишвар беш аз 2200 километр роҳи байналмилалии мошингард, 220 километр роҳи оҳан, 237 пул ва 5 нақби мошингузар бунёд гардид. Ҳукумати мамлакат ҷиҳати баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои нақлиётӣ ва аз бунбасти коммуникатсионӣ пурра раҳо намудану ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон дар солҳои минбаъда 1500 километр роҳи мошингарди сатҳи байналмилалӣ бунёд менамояд. Маҷмӯан дар соҳаи нақлиёт зиёда аз 60 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии беш аз 20,5 миллиард сомонӣ татбиқ шуда истодааст. Ҳамин тавр бо шарофати дастгирии ҳамаҷонибаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи ҳадафҳои стратегии Ҳукумати кишвар дар самти баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ зимни танҳо ҳамин сафари корӣ дар доираи амалисозиии Лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди “Кӯлоб - Қалъаи Хумб”, аз ҷумла роҳи автомобилгарди “Кӯлоб-Шамсиддин Шоҳин” дар шаҳри Кӯлоб беш аз 100 километр роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ бунёд шуд. Ин тадбир барои ҳаракати бемамониати нақлиёт дар тамоми фасли сол, интиқоли саривақтии молу маҳсулот ва сафари бехатари шаҳрвандон мусоидат мекунад. Ҳар як иқдоми созандаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти роҳсозӣ қадамҳои устувор барои ба як кишвари воҳид табдил додани Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад. facebooktwitter |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.