Имрӯз гурӯҳи тарғиботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент аз се деҳаи Ҷамоати деҳоти Саразм боздид намуд.
Дар мулоқот бо сокинони деҳаҳои Кӯҳдоман, Шӯрнова ва Яккасада раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мурод Шукурзода , муовини директори коллеҷи технологӣ- инноватсионӣ, рӯзноманигор Қаҳрамон Олимов, фаъоли ТҶҶ “ Созандагони Ватан”, донишҷӯи коллеҷи омӯзгорӣ Муҳаммадалӣ Бобомуродов аз дигаргуниҳои азиме, ки дар солҳои истиқлол дар мамлакат бо роҳнамоии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон , муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вуқӯъ пайвастанд, вазъи муташанниҷи сиёсии минтақа, сабабу омилҳои ба равия ва гурӯҳҳои ифротӣ пайвастани баъзе сокинони ҷамоати деҳот, роҳҳои пешгирӣ ва оқибатҳои ин падидаҳои фалокатбор сухан карданд.
Мурод Шукурзода дар ниҳояти мулоқоту сӯҳбатҳо сомеъонро бо Рӯзи забон табрик гуфта, аз хидматҳои арзишманди Пешвои миллат ёдоварӣ намуда, аз онҳо даъват ба амал овард, ки ба таълиму тарбияи фарзандон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, омода намудани онҳо ба хидмат ба Ватан ва дурӣ ҷустан аз тарғиботи ифротӣ эътиборӣ ҷиддӣ диҳанд.