Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Қирғизистон дар давраи бӯҳронӣ ба соҳибкорон такия мекунад

Қирғизистон дар давраи бӯҳронӣ ба соҳибкорон такия мекунад

29-02-2016, 12:50
Хабарро хонданд: 370 нафар
Назарҳо: 0
Қирғизистон дар давраи бӯҳронӣ ба соҳибкорон такия мекунадСарвазири Қирғизистон мегӯяд, дар соли 2015 нигаҳдори вазъи мӯътадили иқтисодӣ имконпазир буд, вале дар соли 2016 такрори ин дастовард душвортар мешавад.

Изҳороти нахуствазир Темир Сариев дар ҷаласаи васеи Шӯрои рушди тиҷорат ва сармоягузории Қирғизистон садо дод.

"Ҳукумат сустшавии суръати рушди иқтисодӣ дар семоҳаи аввали соли 2016-ро пешбинӣ карда буд ва тибқи нақша мо аз нимсолаи дувум мо ба суръати муносиб мерасем. То охири сол мо бояд дастрасӣ ба нишондодҳои нақшавиро таъмин кунем. Ин кори осон нест ва моро зарур аст талошҳо барои таъсиси ҷойҳои кории нав, кам кардани монеаҳо барои тиҷорат ва таъсиси шароити муносиб барои сармоягузориро идома диҳем", - гуфт сарвазир.

Сариев ёдовар шуд, ки ҳукумат барномаи тасдиқшудаи зиддибӯҳронӣ барои соли 2016-ро дар даст дорад. "Вале бо дарназардошти таҳдидҳои нав мо зарур донистем, ки онро якҷо бо ҷомеаи соҳибкорон баррасӣ карда, пешниҳоди онҳоро бишнавем. Судмандии иқдомҳои зиддибӯҳронӣ аз фаъолияти соҳибкорон дар ин равандҳо вобастагии мустақим дорад. Ҳукумат омодааст фавран ба ҳамаи паёмҳои доираҳои соҳибкорон вокуниш кунад. Дар шароити ҳозира ҳукуматро зарур аст иқдомҳои иловагӣ ва ғайримаъмулии ҳалли мушкилро қабул кунад", - афзуд Сариев.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: