Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ифтитоҳи Маркази савдо ва хизматрасонии “Шукрона” дар шаҳри Кӯлоб

Ифтитоҳи Маркази савдо ва хизматрасонии “Шукрона” дар шаҳри Кӯлоб

5-10-2021, 09:37
Хабарро хонданд: 99 нафар
Назарҳо: 0

05.10.2021 08:56, шаҳри Кӯлоб
5 октябр дар идомаи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Борбади шаҳри Кӯлоб Маркази савдо ва хизматрасонии “Шукрона”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншооти мазкур дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба истиқболи шоистаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби оилаи Исмоилзодаҳо бунёд гардид. Бино бо тарҳи замонавӣ дар 4 ошёна сохта шудааст.

Дар таҳхонаи бино ҳаммоми замонавӣ барои мардон ва занон дар алоҳидагӣ бо тамоми шароит бунёд гардидааст. Ба хотири сарфакории неруи барқ, дастандаркорон гармидиҳиро тариқи ангишт ба роҳ монда, ҷиҳати ҳифзи ҳавои атмосфера тадбирандешӣ кардаанд.

Дар ошёнаи якум нуқтаи фурӯши маводи рӯзгор ва асбобҳои маишӣ ҷойгир карда шудааст.

Лозим ба зикр аст, ки дар заминаи таҳкими муносиботи мутақобилан судманди миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон, роҳбарияти маркази хизматрасонӣ бо ширкати Артели (Artel) Ҷумҳурии Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ дошта, маҳсулотро бо нархҳои дастрас ба аҳолӣ пешниҳод менамоянд.

Дар ошёнаи дуюм дастгоҳҳои зарурии либосшӯӣ фурӯхта мешавад, ки сифати баланд дошта, эҳтиёҷоти сокинонро бароварда месозад.

Қаблан дар шаҳр коргоҳи хушкашӯӣ мавҷуд набуд ва сокинон ҷиҳати ҳалли эҳтиёҷот ба шаҳри Душанбе сафар мекарданд. Коргоҳи мазкур барои мардум хизмат расонида, яке аз мушкилиҳои асосии аҳолиро осон менамояд.

Дар ошёнаи сеюми бино коргоҳи дӯзандагӣ бо 30 дастгоҳи замонавии дӯзандагӣ ва поракунию дигар таҷҳизоти зарурӣ таъсис дода шудааст. Дар ин марказ асосан занҳо ба кор ҷалб шудаанд. Бунёди ин маҷмааи хизматрасонӣ аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ бо мақсади ҳиссагузории бештар дар ободонии маҳал, рафъи мушкилоти иҷтимоии аҳолӣ ва мусоидат ҷиҳати бо шуғл таъмин кардани шаҳрвандон сурат гирифт.

Дар ошёнаи чорумми бино меҳмонхона бо шаш ҳуҷра бо тамоми шароити зарурӣ бунёд шудааст ва барои қабули 12 нафар дар як вақт омодаи кор мебошад.

Иттилоъ дода шуд, ки бунёди Маркази савдо ва хизматрасонии “Шукрона” соли 2018 оғоз гардида, масоҳати умумии иншоот 1260 метри мураббаъ мебошад. Баъди ба истифода додани иншоот зиёда аз 50 нафар ба ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд, ки бештар аз 30 нафарашонро занон ташкил медиҳанд. Дар маҷмуъ оилаи Исмоилзодаҳо тасмим доранд, ки ҷиҳати иштирок дар ҳалли мушкилоти иҷтимоии аҳолии шаҳри Кӯлоб тариқи бунёдкориҳои бештар ҳиссаи сазовор гузошта, дар татбиқи ҳадафҳои созандаи роҳбарияти олии сиёсии Тоҷикистон саҳмгузор бошанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ташаббуси соҳибкорон баҳои баланд дода, ҷиҳати анҷом додани хизматрасониҳои дастрас ба аҳолӣ ва баланд бардоштани сатҳи хадамоти маишӣ нисбат ба сокинони шаҳр дастуру ҳидоятҳо доданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: