Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 48 ва шиносоӣ бо лоиҳаи сохтмони бинои нави иловагӣ дар ноҳияи Ховалинг

Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 48 ва шиносоӣ бо лоиҳаи сохтмони бинои нави иловагӣ дар ноҳияи Ховалинг

5-10-2021, 09:21
Хабарро хонданд: 76 нафар
Назарҳо: 0
Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 48 ва шиносоӣ бо лоиҳаи сохтмони бинои нави иловагӣ дар ноҳияи Ховалинг

03.10.2021 10:10, ноҳияи Ховалинг

3 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳалаи навбунёди Тутаки ноҳияи Ховалинг Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 48-ро мавриди истифода қарор доданд.

Иншооти мазкур бо ҷонибдорӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи эълон гардидани солҳои 2019 - 2021, ҳамчун “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” мувофиқ ба талаботи замони муосир бунёд гардидааст.

Бинои таълимӣ аз 11 синфхона ва 2 ҳуҷраи корӣ барои омӯзгорон иборат буда, барои 480 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.

Масоҳати умумии бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 48 дар деҳоти Тутаки ноҳияи Ховалинг беш аз 2 гектарро дар бар мегирад. Худи бинои таълимии ду ошёна иборат аз синфхонаҳои биология, математика, физика, химия ва дигар иншооти ёрирасон, дар масоҳати 1 гектару 27 садяк замин бунёд гардидааст.

Дар муассисаи тозабунёд 28 омӯзгори ботаҷрибаи соҳавӣ ба хонандагон дарс мегӯяд.

Раванди таълим дар мактаб бо 3 забон, аз ҷумла русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст.

Дар назди муассисаи нави таълимӣ 2 майдончаи бозии футбол, волейбол сохта шуда, дигар шароити ҷалби хонандагон ба намудҳои гуногуни варзиш муҳайё мебошад.

Дар ҳаминҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи боз як бинои нави иловагии дуошёнаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 48 шинос гардиданд.

Бинои нави иншооти соҳаи маориф дар асоси дастуру супоришҳои Роҳбарияти давлат ва Ҳукумати мамлакат дар масоҳати 1 гектару 27 садяк замин сохта мешавад.

Бинои бунёдшаванда 2 - ошёна буда, барои 1 ҳазору 500 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.

Тибқи лоиҳа оянда дар он 12 синфхона, маҷлисгоҳ бо 200 ҷойи нишаст, толорҳои варзишӣ, китобхона ва ошхона барои 60 нафар сохта мешавад.

Ҳангоми шиносоӣ бо лоиҳаи бинои нави муассисаи мазкур Пешвои муаззами миллат ба масъулон ҷиҳати анҷоми босифати корҳои бунёдӣ ва фароҳам овардани беҳтарин шароити донишомӯзӣ ба насли ояндасози миллат дастуру маслиҳатҳои мушаххас дода, таъкид намуданд, ки насли наврас бояд аз имкониятҳои фароҳамоварда самаранок истифода баранд, донишҳои муосирро аз худ намоянд ва барои пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзанда гузоранд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: