Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Фестивали ҷумҳуриявии асал ва намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳияи Дарвоз

Фестивали ҷумҳуриявии асал ва намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳияи Дарвоз

27-09-2021, 11:02
Хабарро хонданд: 66 нафар
Назарҳо: 0
Фестивали ҷумҳуриявии асал ва намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳияи Дарвоз
27.09.2021 09:52, ноҳияи Дарвоз

27 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар тантанаҳои ҷашнӣ ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти дорои таъйиноти гуногун, суҳбату мулоқоти самимӣ бо сокинону фаъолон бо сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд.

Сафари кории Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Бадахшон аз ноҳияи Дарвоз оғоз гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дарвоз нахуст аз Фестивали ҷумҳуриявии асал ва намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дидан карданд.

Намоишгоҳ аз 2 қисми асосӣ - намоишгоҳи асал ва дигар маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ иборат буд. Деҳқонони ризқофари кишвар маҳсули дастранҷи худро бо ороишоти гуногун ба намоиш гузоштанд, ки хеле дилкаш ва бо шукӯҳ буд.

Дар ин майдони фаррох дар масоҳати 50 садяк замин кишоварзони зарофар аз 9 шаҳру ноҳияи мамлакат, аз ҷумла вилоятҳои Бадахшон, Хатлон ва Суғд ширкат варзида, анвои гуногуни маҳсулоти занбӯри асал ва меваю сабзавоти шаҳдбори худро ба маъраз гузоштанд.

Дар фестивал беш аз 300 оилаи занбур ба намоиш гузошта шуд.

Ба фестивал 40 тонна маҳсулоти соҳа, аз ҷумла 15 тонна навъҳои гуногуни асал, мум, гарди гул, шири занбӯр ва ғайра бо банду баст тибқи талаботи меъёрҳои тасдиқгардида пешниҳод шуд. Дар ҷойи баргузории намоиши асал хаймаҳо, нуқтаҳои гирифтани асал, ташкили корҳои мубориза бар зидди касалиҳои занбӯри асал ба назар мерасид.

Табиат ва боду ҳавои ноҳияи Дарвоз бо гулу гиёҳҳои зиёди шифобахш барои парвариш ва зиёд намудани оилаҳои занбӯри асал бисёр созгор мебошад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми боздид аз Фестивали ҷумҳуриявии асал ва намоиши маҳсулоти кишоварзӣ таъкид намуданд, ки бо истифода аз имкониятҳои фаррохи дар ҳудуди ноҳияи Дарвоз мавҷуд буда, метавон рушди соҳаро таъмин ва сатҳу сифати зиндагии аҳолиро баланд бардошт.

Занбӯриасалпарварӣ ва истеҳсоли асал соҳаи камхарҷу сердаромад ба шумор меравад. Тавре зикр гардид, аз соли 2005 то ин ҷониб, яъне аз давраи қабули Барномаи давлатии рушди занбӯри асал шумораи оилаҳои занбӯр, занбурпарварон ва ҳаҷми маҳсулоти он маротибаҳо афзудааст.

Қобили қайд аст, ки соли равон дар доираи дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон занбӯрпарварони ноҳия шумораи қуттиҳои занбӯри асалро ба 4 ҳазору 330 расониданд, ки ин шумора назар ба соли қаблӣ зиёд мебошад.

Занбӯрпарварони ноҳияи Дарвоз ҳамасола кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки бо зиёд намудани шумораи оилаҳои занбӯри асал аҳолиро бо ин навъи маҳсулоти табобатии аз лиҳози экологӣ тозаи ватанӣ таъмин намуда, ба ин васила дар ғанӣ гардидани буҷа, таъсиси ҷойҳои кории мавсимӣ ва муаррифии асали тозаи ватанӣ саҳмгузор бошанд.

Дар 4 гӯшаи дигари намоишгоҳ ва намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, анвои гуногуни маҳсулоти соҳа, аз қабили картошка, пиёз, каду, меваҳои хушк ва тар, навъҳои гуногуни себ ва дигар намуди сабзавоту полезиҳо, ки дастранҷи заҳматкашони хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Дарвоз мебошанд, ба намоиш гузошта шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми боздид аз фаровонии маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ, ки аксаран содиротӣ мебошанд, изҳори хушнудӣ намуданд ва таъкид доштанд, ки истеҳсоли чунин маҳсулот ва коркарди саноатии он бояд сол аз сол афзун гардад ва аз ин ҳисоб иқтидори содиротии Ҷумҳурии Тоҷикистон боло бардошта шавад.

facebooktwitter
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: