Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар намоиши зардолу ва асал дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иштирок намуданд

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар намоиши зардолу ва асал дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иштирок намуданд

30-06-2020, 09:25
Хабарро хонданд: 284 нафар
Назарҳо: 0
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат» ташриф оварда, аз намоишгоҳи зардолу ва асал дидан намуданд.

Дар ин ҷо деҳқонони меҳнатқарини вилояти Суғд, ки имрӯзҳо дар ҳама бахшҳои соҳаи кишоварзӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида, барои расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат – таъмини амнияти озуқаворӣ заминро самараноку оқилона истифода мебаранд, меваҳои шаҳдбор, аз ҷумла 35 навъи маъмулу серҳосили зардолуи маҳаллӣ, ба монанди «Қандак», «Хуҷандӣ», «Мирсанҷалӣ», «Субҳонӣ», «Аҳмадӣ», «Хурмоӣ», «Шифо», «Ниёзӣ», «Серҳосил», «Гулгунӣ» «Кадухурмоӣ», Тоҷибой», «Рӯҳи ҷавони сурх», «Лола», «Бобо ғелон», «Сафедак», «Шоҳӣ», «Шохшикан», «Аразми калон», «Нишонӣ», «Учмаи сафед», «Кошифӣ», «Хурмои лучак», «Аҳрорӣ» ва ғайраро ба намоиш гузоштанд.

Таъкид шуд, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи солҳои охир ҳазорҳо гектар боғоти зардолу ва дигар меваҷот бунёд ёфта, масоҳати калони боғу токзори кӯҳна дубора барқарор гардид. Соли гузашта дар ҳама шаҳру ноҳияҳои вилоят наздики 800 гектар ва имсол бошад, 586 гектар боғи нав бунёд карда шуд. Дар боғоти нав асосан ниҳоли дарахтони серҳосили мевадиҳандаи ба содирот нигаронидашуда шинонида шудаанд.

Дар маҷмӯъ имрӯз дар миқёси вилоят 70 ҳазор гектар боғ мавҷуд аст, ки аз он 50 ҳазору 542 гектараш ҳосилдиҳанда мебошад.

Дар вилоят майдони боғи зардолу низ тайи солҳои охир васеъ гардида, кишоварзон бо истифода аз таҷрибаи пешқадам ҳосили фаровон ҷамъоварӣ менамоянд. Хусусан, дар самти бунёди боғ ва истеҳсоли зардолу таҷрибаи хоҷагидорони шаҳру ноҳияҳои Исфара, Конибодом, Ашт ва Бобоҷон Ғафуров шоистаи омӯзиш аст.

Имрӯз дар ҳама шаҳру ноҳияҳои вилоят зиёда аз 50 ҳазор гектар боғи зардолу мавҷуд аст, ки ҳосили 38 ҳазор гектари он ҳам ба шакли тар ва ҳам ба тарзи банду басти мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ ба хориҷи мамлакат содирот карда мешавад.
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар намоиши зардолу ва асал дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иштирок намуданд
Соли гузашта аз вилояти Суғд ба хориҷи мамлакат 18 ҳазору 828 тонна мева, аз ҷумла беш аз 4 ҳазору 554 тонна меваи тар содирот шудааст. Дар шаш моҳи соли равон бошад, ҳаҷми содироти мева ба 13 ҳазору 516 тонна расидааст, ки аз ин нишондод ҳудуди 3 ҳазору 300 тоннааш зардолу мебошад.

Имрӯзҳо дар боғоти шаҳру ноҳияҳои вилоят ҷамъоварии ҳосили зардолу идома дорад. Тибқи ҳисоби пешакии мутахассисони соҳаи кишоварзӣ, то охири мавсим бояд дар маҷмӯъ 107 ҳазору 880 тонна зардолу ҷамъоварӣ карда шавад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон деҳқонону боғпарварони асили вилоят ва роҳбарияти шаҳру ноҳияҳои онро ба афзун кардани нишондодҳои боғу токпарварӣ, хусусан васеъ намудани зардолузор ҳидоят намуда, таъкид доштанд, ки Тоҷикистон метавонад дар самти парвариши зардолу ва содироти меваи хушк дар ҷаҳон пешсаф гардад. Ҳамин аст, ки борҳо ташкилоту озмоишгоҳҳои бонуфузи байналмилалӣ ба сифату тамъи меваҳои шаҳдбори Тоҷикистон, аз ҷумла зардолу баҳои баланд додаанд.

Ҳамзамон солҳои охир бо ҳидояти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят чандин корхонаву коргоҳҳои коркард ва банду басти меваи хушк мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд, ки имрӯз маҳсулоти истеҳсолкардаи онҳо дар бозори ҷаҳонӣ харидорони худро дорад. Бо таваҷҷуҳ ба рушди соҳа, ҳамасола соҳибкорон хатҳои технологии нав ворид намуда, дар самти истеҳсоли маҳсулот аз меваҷот, банду басти меваи хушк, шарбат ва афшураҳои гуногун ба натиҷаҳои назаррас ноил мегарданд. Тибқи маълумоти масъулон, имрӯзҳо дар ҳудуди вилоят зиёда аз 30 корхонаи коркарди мева фаъолият доранд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти ин корхонаҳо баҳои баланд дода, ба соҳибкорон маслиҳат доданд, ки ба дастовардҳои ноилгардида қаноат накарда, дар таъсиси корхонаҳои нав ва ҷойҳои корӣ саҳми арзандаи худро гузоранд. Амалӣ намудани ин иқдом пеш аз ҳама ба рушди иқтисоди миллӣ ва сатҳи зиндагии сокинон, хусусан онҳое, ки ба боғпарварӣ машғуланд, нақши бориз хоҳад гузошт.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин аз зардолузори Боғи миллии «Ваҳдат» дидан намуда, бо боғпарварони соҳибтаҷрибаи он суҳбати ҷолиб анҷом доданд ва таҷрибаи онҳоро дар самти рӯёндани навъҳои беҳтарини зардолу намунаи омӯзиш арзёбӣ карданд.

Президенти мамлакат зимни шиносоӣ бо тарзи чидану хушк кардани зардолу ба масъулон оид ба таъсиси коргоҳҳои хушксозӣ ва бастабандии мева мутобиқ ба талаботи бозори ҷаҳонӣ, ки асоси якчанд маротиба зиёд шудани даромад аз боғу токпарварӣ аст, маслиҳатҳои муфид доданд.

Дар ин ҷо ҳамчунин аз ҷониби занбӯрпарварони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд навъҳои гуногуни асал ва прополис ба намоиш гузошта шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки соли гузашта занбӯрпарварони вилоят аз 56 ҳазору 482 оилаи занбӯр 1 ҳазору 417 тонна асал истеҳсол карданд. Имсол бошад, ният доранд, ки ин нишондодро зиёд намоянд, зеро шароит ва иқлими ноҳияҳои кӯҳистони вилоят барои рушди ин соҳаи камхарҷу сердаромад басо мувофиқ мебошад.

Зимни суҳбат бо занбӯрпарварон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки бо ворид кардани зотҳои серҳосили занбӯри асал оилаҳои онро афзоиш дода, истеҳсоли асалро ҳам барои содирот ва ҳам барои таъмини бозори дохилӣ бештар намоянд.

Занбӯрпарварон мегӯянд, бо татбиқи барномаҳои давлатӣ ва дар ҳамин замина пешбинӣ намудани имтиёзҳо барои фаъолияти пурсамар, шумораи оилаҳои занбӯр ва истеҳсоли асали аз ҷиҳати экологӣ тоза, ки имрӯз дар бозори дохил ва хориҷ талабот ба он зиёд аст, бештар гардида, дар ноҳияҳои кӯҳистон мардум ба ин шуғли манфиатовар зиёдтар машғул мешаванд. Натиҷа ҳамин аст, ки соли равон дар вилоят шумораи оилаҳои занбӯри асал ба 60 ҳазору 274 адад расонида шуд.

Ҳамзамон дар ҷойи баргузории чорабинӣ нуқтаҳои гирифтани асал ва ташкили корҳои мубориза бар зидди касалиҳои занбӯри асал ба назар мерасид.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: