Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Пиво ё саратон?

Пиво ё саратон?

24-09-2021, 09:00
Хабарро хонданд: 113 нафар
Назарҳо: 0
Пиво ё саратон?

Мардум ҳақ дорад, аз тоҷир ва ё соҳибкор талаб кунад, ки корхонаи ў агар боиси нороҳатӣ, беморӣ, вайрон шудани муҳити зист ва ё дигар мушкилоти миллӣ мегардад, аз марказ ба беруни шаҳр кўчонида шавад. Масалан истеҳсол шудан ё нашудани пиво, асло дар зиндагии мардум таъсире надорад. Аммо экологияро вайрон кардани он ба генофонди миллӣ таъсири манфӣ мегузорад. Пас... имрўз бояд барои оянда андеша кард. Бе ин ҳам дардҳои табобатнашавандаву музмини одамон кам нестанд.
"Барои кайке пўстин намесўзанд"...
Рўз аз рўз зеботар шудани пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе боиси ифтихору сарафрозии мост. Пеши худиву бегона мо таъриф мекунем, ки биноҳои маъмурии зебо, хиёбону гулгаштҳои хушманзар, хонаҳои истиқоматии муосир, роҳҳои бузург ва кўчаки таъмиргашта, эстокадаҳову тарабхонаҳо, марказҳои савдову бозорҳои калонтарин, тафреҳгоҳҳо ва боғу ҳавзҳо ва ҳар чи ки метавонад ҳусну шаҳомати шаҳрамон биафзояд, то рафт хубу хуштар мешаванд. Чун аз деҳот нафаре ба шаҳри Душанбе меояд, бо шигифт ин ҳамаро тамошо мекунад. Хоса ифтихори мо аз зебоиҳои шаҳрамон пеши меҳмонони хориҷии кишвар андоза надорад. Мо онҳоро ба беҳтарин ҷойи шаҳр бурдаву мехоҳем нишон бидиҳем, ки Ватани мо дар як муддати кўтоҳе чи қадар зебо шудааст. Ба наздикӣ як меҳмони хориҷиямро, ки шояд 10 сол пештар Душанберо дида буд, дар шаҳр тамошо додам. Ў аз ҳар навгонии дидааш ба ваҷд омада, мегуфт: Воқеан шаҳратон хеле «Шик» шудааст. Барои бештар мафтунаш кардан, ўро ба тарабхонае даъват кардам, ки он ҷо шомгоҳон шаҳрро аз баландӣ тамошо кунад, то ҳама шаҳомати кишварамонро зимни бозгашт бо худ бибарад.
Аз баландии боғи "Зафар" мо шаҳри зебои Душанберо медидему акс мегирифтем. Ифтихору шодии маро ҳадду ҳудуд набуд. Меҳмон аз зебоиҳои кишвари ман таъриф мекарду ман қабат- қабат гўшт мегирифтам, гўё ин шаҳрро ман сохта бошам, бо сари болои тафохур дар бораи ҳар як бинояш чизе мегуфтам. Аз шаҳомати Китобхонаи миллӣ, аз Қасри Президент, аз майдони Сомонӣ, аз осорхонаи калонтарин, аз Парчами баландтарин, аз боғҳои тафреҳии муосир, хулоса ҳар чи аз он баландӣ ба назар мерасид, таъриф доштам. Аммо азбаски ҳанўз шом нашуда буду ҳаво гарм буду шамол намевазид, Парчам бо шаҳоматаш пурра наметофт.
Ба меҳмон гуфтам, ки аз ин ҷо шаҳр шабона боз зеботар хоҳад намуду бо вазиши бод парафшонии ливои кишварамон ҳай ифтихорзост.
Баъди торик шудану чароғон гаштани шаҳр мо боз дубора ба тамошо пардохтем. Дуди ғализе таваҷҷуҳи меҳмонро ба худ кашиду ман ҳам бо таассуф гуфтам, шояд ҷое сўхтор сар задааст. Машғули суҳбат ҳарчанд ба он дудғала дубораву себора менигаристем, даҳшатбор ба фазо паҳн гашта, ҳама ҷоро сиёҳ мекард, вале оташ набуд.
Аз пешхизмат пурсидам, ки он ҷо чи гап шуда?
Гуфт: "Ин дуди пивзавод аст, намедонед магар?"
Дуд аз димоғи ман баромад.
Наход дар маркази шаҳри зиёда аз як миллион аҳолидошта илоҷи корро наёбанд, ки ин қадар фазои онро ифлос мекунанд, фикр кардам ман. Охир дар шаҳр ё ба қавле тамоми ҷумҳурӣ мумкин 1000 ё 3000 шахси ба ин маҳсулот муштарӣ ё пивонўш ёфт нашавад. Аммо зиёда аз миллион одам ин дудро нафас мегирад.
Бе пиво кас намемирад, аммо аз саратони шуш кас зуд мемирад. Магар «бизнеси» кадоме болотар аз саломатии мардум аст? Ё бой гаштани чанд касе заруртар аз генофонди миллӣ ? Ин андешаҳо қалбамро ба сўзиш меовард, аз беморони диққи нафас, саратон ва аз онҳое, ки рўйи ин экологияи бад дар оянда барои беморашон месузад, фикр карда, худ ба худ месўхтам.
Экологияи хуби кишвари мо метавонад садҳои сайёҳонро (бо гузашти вабо) ба ин кишвар биёрад, ки маблағи бештар аз як пивзавод (корхонаи оби ҷавбарорӣ) меорад. Аммо ин дуди ғализ, ки акнун гўё болои дили маро фаро гирифта буд, сарамро аз суолҳои бе посух гиҷ мекард.
Ёд овардам, ки чанд соли охир дар шаҳри мо ҳавои тоза торафт орзуйӣ мешавад. Хоса тобистони гарми бебориш нафаскаширо душвор мекунаду бо каме вазиши бод, дарахтони чиркину пурхоку чанг, махсусан ҷони беморони аллергия ва ё астмаро ба танг меорад.
Хонаҳои мо шаҳриён ҳамеша пурчангу ғуборолуданд. Ҳамарўза тозакориҳо ҳам дар хона имкони ҳавои тоза нафас кашиданро намедиҳад. Агар бегоҳӣ мошинатро бишўйӣ саҳар болои он қабати ғафси чангу ғубор ба даҳшатат меорад, ки ҳамин гуна ҳаворо ту ҳам нафас гирифтаӣ.
Аз тарси ҳавои пурғубор, агар тирезаи хонаатро баста, танҳо аз ҳавои кондитсионер нафас бигирӣ, хоса дар ин замони куруноӣ хеле хатар ба ҷисму ҷонат меорад.
Зимистон, субҳ болои барфи шабборидаро чанги сиёҳе мепўшонаду мо медонем, ки ин дуди ТЭЦ, яъне Маркази гармидиҳии шаҳр аст. Вале ба хотири сардии ҳаво мо хешро таскин медиҳем, ки мавҷудияти Маркази гармидиҳӣ зарурати зиндагии мост.
Тамоми сол хоку чанги сементзаводро нафас кашида, ба садҳо маризӣ мубтало мегардему тоқат мекунем, зеро шаҳрсозӣ ва хонасозӣ ниёз ба семент дорад.
Ҳарчанд ин ҳама вайронсозии муҳити зист, ки дар пай бемориҳои зиёди мардумро ба вуҷуд меоварад, арзиши онро надорад, ки ба он розӣ шавем, ки аз сарашон гарди маргбор бирезад. Аммо...
Дар бораи дуди мошинҳо, ки дигар теъдодашон дар кишвари мо беҳисоб аст ва он ҳам хатар ба саломатии одамон ва вайрон шудани муҳити зистамон аст, чизе намегўям, зеро дар мегаполисҳо дигар ин сермошинӣ ногузир аст.
Аммо, агар чун "пивзавод" ё чанд корхонаи шахсие, ки даромадашон ба кисаи чанд нафаре манфиат меорад, месазад, ки аз осмон ҳавои марг борад, чаро мо бояд онро оромона қабул созем?
Шумо борҳо дидаед, хокборишҳоро?
Борони чандсоатӣ дар шаҳри мо пурлою бўйи хок мекунад. Ва танҳо баъди як рўз боридан, мо ҳавои тоза нафас мегирем. Зеро қабат-қабат атмосфераи болои сари моро ин дуди баъзе корхонаҳо пур кардаанд.
Охир мо кумитае дорем, ки ба масоили экологӣ сару кор дорад. Пас, ку овози он? Ё ҳавои осмони онҳо танҳо пул меборад? Нафаси онҳоро бўйи сарват навозиш медиҳад, ки хомўшанд? Пулиси экологӣ чӣ?
Борҳо аз назди мо мошинҳое мегузаранд, ки то чанд лаҳзаи дигар аз дудашон ҳамроҳатро намебинӣ. Аммо ман боре надидаам, ки корманди БДА яке аз онҳоро манъ карда бошаду ҳуҷҷати дуруст кор кардани мошинашро санҷида бошад.
Дар шаҳр дар паҳлуи хонаҳои зисти мо ҳар рўз бисёрошёнаҳое қомат рост мекунанд, ки тонна-тонна хоку сементу маҳсулоти хонасозӣ мекашонанд, магар ҳамин бас нест, ки мо таҳаммул мекунем, ки ин ҳама муваққатист ва барои ободӣ ва ояндаи фарзандони мост.
Аммо пивзавод муваққатӣ нест. Хоса тобистонҳо, ки гўё талабот ба маҳсулоти он зиёд аст, дар ивази як даме сархушии чанд ҷавонмард мо таҳаммули саратон мекунем? Чаро маводи сўхти ин коргоҳро ниҳодҳои марбута намесанҷанд. Магар ин дуди ғафсу сиёҳи беохирро танҳо ман дидам? Пешхидмат гуфт, ки он рўзона ҳам гарм асту шабона шамол онро ба тамоми шаҳр паҳн месозад.


Баъди чанд муддат шамолаки серуне гардун мешаваду мехоҳам ба меҳмон шаҳомати Парчами ба Китоби Гиннес дохилшудаамонро нишон бидиҳам, ки акнун бояд, дар вазиши шамол партавафшон бошад.
Аммо, боз тирам хок мехўраду дўд аз димоғам фаввора мезанад.
Дўди пивзавод болои манзараи майдони Сомонӣ, Қасри миллат, Китобхонаи миллӣ ва Парчами давлати Тоҷикистонро батамом пўшида буд. Сад афсўс…
Меҳмон хиҷолати маро дида, мехоҳад, таскинам бидиҳад.
- Пивои шумо чун пивои чехӣ экспорт шуда, маблағҳои калоне ба буҷаи кишвар меорад?
- Не.
- Ё он ҳам чун пивои Бовария чунон хушмазза аст, ки зану мард онро менўшанду пули зиёде аз истеҳсоли он кишвар мегирад?
- Не...
- Аҷаб, пас, чаро пулиси экологии шумо бурд ва бохтро аз чунин истеҳсолот ҳисоб карда, манфиат ва зарари онро ба раисиҷумҳур пешниҳод намекунад?
- Намедонам...
- Чӣ хел намедонед? Ба фикрам шумо журналист ҳастед?
- Журналист...
Хомўш мемонаму хиҷолат. Зеро медонам, ки журналистҳои мо ҳеҷ гоҳе мавзуъҳои дарди сари доштаро наменависанд.
Хиҷолатзадаам, ки болои байрақи моро сёҳии дўд печониду ман бо он ифтихор карда натавонистам, ки ҳини парафшонии он маро чӣ рўҳия ва эҳсоси ватандорие фаро мегирад. Ба ҷой ин ифтихор, дилам ба ҳоли шуши ин мардум, ки ин дудро нафас мегирад, сўхт.
Соати дигар, равиши бод сўйи дигар гашту каме намои (панорамаи) маркази шаҳр кушода шуд. Парчам ҷилвагарӣ дошт ман бо шукр, каме аз хиҷолате, ки чун журналист барои мардумам хидмате карда наметавонам берун шудам, меҳмон Парчами бузургтарини дунёро дар фазои Ватани ман дид. Каме дилам кушода шуд.
Аз паҳлуи дигар манораи телевизион то болоҳо чашмак мезад. Меҳмон аз ину он кишвари худ суҳбат мекард.
Фикр кардам, ки ҳоло таваҷҷуҳашро ба дигар қисмати шаҳр мекашам.
Ва манораи фурўзони телевизионро нишонаш медиҳам.
Аммо равиши бод акнун ин дўдғалларо ба он сў бурда буду баъди лаҳзае чароғҳои фурўзони манораи телевизион, дар зери он ба пуррагӣ гум шуданд.
Ин қисмати шаҳр ҳам зери дуди пивзавод аз назар нопадид шуд. Ва дили маро боз фишори ғами экологӣ , чун он дўди заводи пиво, сип- сиёҳ кард...
Ҳайфи ҳамин қадар заҳматҳои шаҳрдорӣ барои зебоии шаҳр ва ҷойҳои тафреҳии сохтаи онҳо ба хотири дамгирии одамон. Кӣ бояд онҳоро то дергоҳ нигоҳдорӣ кунад? Охир онҳо аз маблағҳои буҷавӣ бунёд мегарданд.
Мардуми шаҳр чанд соли охир чун дар тамоми дунё фарҳанги истироҳати баъди корро бо аҳли оила дар ҷойҳои зебо, хушбоду ҳаво ва порку майдонҳо ёд гирифтаву акнун ривоҷ медиҳад. Солҳои пеш мо инро танҳо дар хориҷи кишвар медидем.
Хоса бо кўдакону наберагони худ бегоҳиҳо сайр кардан, кайфияти хоса дорад. Мебинам, ки фавҷ - фавҷ одамон дар боғҳо шабона бо аҳли оила сайр мекунанд.
Аммо аксаран ҳавои ғализ ба одамон имкон намедиҳад, ки берун аз хонаҳояшон раванд.
Дарахтони моро ҳеҷ гоҳ намешўянд, аз ҳавоямон фақат чанг мерезад, пас ба "ҳавохўрӣ " рафтани мо дар тобистон бештар ба чангхўрӣ рафтан монанд аст, шикоят доранд ашхоси калонсол.
Аммо аз чӣ бошад, ки гўё ин масъала касеро ба ташвиш намеорад? Чаро? Охир дорову нодор, хурду калон, меҳмону мизбон, худиву бегона, болову пойин мо ҳама як хел аз ҳамин ҳаво нафас мегирем.
Пас, ғами тозагии онро ҳам мо бояд ҳамагӣ бихўрем? Ё не?
Тасмим гирифтам, ки дигар меҳмононро шабона аз баландӣ ба тамошои шаҳр набарам... То ғализии ҳаво сайёҳонро аз сафар ва кишвари мо бознадорад.
Аммо бо ин мушкилоти экологӣ ва ба дунболи он масоили сиҳатии мардум, ягон даврае ҳал мегардад?
Ин суол ба масъулини ВАЗОРАТИ ТАНДУРУСТӢ, КУМИТАИ ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ, ШАҲРДОРӢ ва соҳибони корхонаҳои саноатие равона карда мешавад, ки ба нигаҳдошти саломатии одамон, муҳити зисти кишвар ва тозагии замину фазои шаҳр муваззафанд!
Як шаби ифтихору хиҷолат бароям вазнин буд.
Аммо хиҷолати мо пеши фардоиён барои тозагии муҳити зист ва пешгирии бемориҳои қаттол чи гуна хоҳад буд?
Оё мо ба ояндагонамон ифтихори Парчами миллии ба Китоби Гиннес шомилшударо мемонем ё кайфияти нўшидани пиворо?

Ҳуриннисо АЛИЗОДА
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: