Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН

ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН

24-10-2024, 12:30
Хабарро хонданд: 626 нафар
Назарҳо: 0
ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН Мафҳуми ҳизби сиёсӣ падидаи нисбатан ҷадид маҳсуб шуда, ниҳоди ҷамъиятие мебошад, ки вазифаи асосиаш иштирок дар ҳаёти сиёсии ҷомеа ба воситаи ташаккул додани иродаи шаҳрвандон ва инчунин ба амал баровардани ҳокимият ба воситаи намояндагони худ мебошад. Тибқи муқаррароти қонунгузорӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ”, “мақсад ва вазифаҳои ҳизби сиёсӣ дар Оиннома ва Барномаи он, ки барои маълумоти умум интишор мешаванд, инъикос меёбанд”.

Тибқи муқаррароти Конститусияи Тоҷикистон мафкураи ҳеҷ як ҳизб, иттиҳодияи ҷамъиятию динӣ наметавонад ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф шуда, таъсиси ҳизбҳои дорои хусусияти миллию динӣ манъ аст.

Узвият дар ҳизби сиёсӣ танҳо дар асоси майли ихтиёрии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарти эътироф намудани Оиннома ва мақсадҳои муайянкардаи барномаҳои ҳизбҳои сиёсӣ аз ҷониби шаҳрвандон мумкин аст.

Бояд гуфт, ки заминаи ҳуқуқии ташаккули гуногунандешӣ дар ҷомеаи шаҳрвандии мамлакат ва пайдоиши ҳизбҳои сиёсӣ ҳанӯз соли 1992 аз ҷониби Раиси Шурои Олӣ (Роҳбари давлат) муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузошта шуд. Аз ҷониби вакилони Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ пешниҳоди Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба интихоби роҳи низоми давлатдории демокративу дунявӣ якдилона қабул гардид. Пешниҳоди низоми давлатдории демокративу дунявӣ таҳкурсии аввалин Конститутсияи мардумии Тоҷикистони тозаистиқлолро (соли 1994) ташкил намуда, ба гуногунадешӣ дар ҷомеа ва фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ заминаи ҳуқуқӣ гузошт. Баъдан Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ”, ки ҳуқуқу вазифа ва фаъолияти ҳизбҳои сиёсиро танзим мекунад, қабул гардид. Ин ҳуҷҷат нақш ва мавқеи ҳизбҳои сиёсӣ, ҳуқуқу уҳдадориҳои онҳоро мушаххас намуда, муносибатҳои иштирок дар ҳаёти сиёсии ҷомеа ба воситаи рушди иродаи сиёсии шаҳрвандон, инчунин ба амал баровардани ҳокимиятро ба воситаи намояндагон танзим менамояд.

Агар ба ҷанбаҳои таърихии ташаккули ҳизбҳои сиёсӣ таваҷҷуҳ зоҳир намоем, пайдоиши аввалин ҳизбҳои сиёсӣ ба солҳои 70-80-уми асри 17 дар марҳилаи инқилобҳои буржуазӣ ва ба миён омадани шакли парламентии мубориза барои ҳокимият рост меояд. Чунин ҳизбҳо бо номи Тори ва Вига дар Англия ва баъдан ҳизбҳои якобинҳо ва жирондистҳо дар Фаронса ташкил гардиданд.

Аввалин ҳизбҳои сиёсӣ дар Русия ҳизби коргарии сотсиал-демократии Русия (соли 1898) ва ҳизби эсерҳо (соли 1902) мебошанд. Бо ташаккули ҷомеа аввалин ҳизбҳо буржуазӣ буда, муборизаи онҳо ба муқобили сохти феодалӣ нигаронида шуда буд. Муборизаҳои озодихоҳию соҳибистиқлолӣ, ташаккули синфи коргар ва пайдоиши аввалин ҳизбҳои буржуазӣ хоси форматсияи ҷамъиятии капиталистӣ мебошанд. Инқилоби буржуазӣ-демократии моҳи феврали соли 1917 дар Русия ба фаъол гардидани ҳизбҳои сиёсӣ дар Русия ва ҳам Осиёи Миёна, ки тавассути генерал-губернатори Туркистон идора мешуд, такони ҷиддӣ бахшид.

Дар ин робита доираи мавзуъ васеъ буда, бамаврид медонам баъзе ҷанбаҳои то кунун аз мадди назар то андозае дурмондаро шарҳ диҳам. Тавре маълум аст, давлатҳои Осиёи Марказӣ вобаста ба таҳаввулоти сиёсӣ аз форматсияи феодалӣ (низоми капиталистӣ дар ин кишварҳо роҳандозӣ нагардидааст) якбора ба сотсиалистӣ гузаштаанд. Бо назардошти таъсири манфии ин раванд ба инкишофи соҳаҳои калидии рушди иқтисодиёти минтақа (аз ҷумла саноат), инчунин ин гузариш ба вазъу дурнамои ҷомеа, гуногунандешӣ, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва заминаи пайдоиши ҳизбҳои сиёсӣ таъсир расонид. Ин тамоюл ба Тоҷикистон низ хос аст, зеро ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва гуногунандешӣ дар мамлакати мо зодаи даврони соҳибистиқлолӣ аст.

Трансформатсияи ҷамъиятӣ ва аз байн рафтани Иттиҳоди Шуравӣ, ки низоми сиёсии яккаҳизбӣ ва идеологияи пӯшида дошт (ҷомеа ба ҳама гуна иттилоот дастрасӣ надошт), ба гуногунандешӣ ва фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ замина гузошт. Новобаста ба мушкилоти давраи гузариш, ҷанги шаҳрвандӣ, ҳолати ногувори равонии ҷомеа (ҳатто қисме аз элитаи сиёсӣ ба аз сари нав барқарор гардидани Иттиҳоди Шуравӣ боварӣ доштанд) дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон ҳизбҳои сиёсӣ арзи ҳастӣ намуданд. Солҳои аввали соҳибистиқлолӣ демократия, гуногунандешӣ, моликияти хусусӣ, соҳибкорӣ, ВАО-и озоду мустақил, ҳатто озодиҳои динию мазҳабӣ мафҳумҳои нав ва барои аксарият нофаҳмо буданд.

Ба миён омадани гурӯҳ ва ҷиноҳҳои гуногуни ба ном демократӣ ва динӣ, ки аз хориҷ роҳнамоӣ ва маблағгузорӣ мегардиданд, ба мафкураи ҷомеа таъсири гуногун мерасониданд. Хуб дар хотир дорем, ки охири солҳои 80-ум ва ибтидои солҳои 90-уми асри XX дар Тоҷикистон давраи таҳаввулоти бузурге буд, ки ҷомеаи моро тадриҷан ба бархӯрдҳои ҳамватанӣ ва низоъҳои минтақавӣ расонид. Баъд аз истиқлолияти давлатӣ ҳизбу ҳаракатҳои зиёд бар асоси арзишҳои динӣ, мазҳабӣ ва маҳаллӣ пайдо шуданд, ки қабл аз ҳама, ба ваҳдати миллии тоҷикон зарбаи ҷонкоҳ мезаданд. Мухолифати нисбатан шадидтар дар заминаи ду идеология — коммунистӣ ва исломгароӣ доир шуд, ки ҳарду бо ҳам комилан оштинопазир буданд.

Истиқлолияти сиёсӣ ва дар ин замина якбора аз байн рафтани маҳдудияти эътиқодии даврони Шуравӣ, сатҳи баланди хурофотпарастӣ ва паст будани фарҳанги сиёсию динии мардум барои гурӯҳҳои манфиатхоҳ заминаи мусоидро барои ташкили ҳизбу ҳаракатҳои дорои хусусияти динӣ низ ба миён овард. Дар ҷомеа фаъолоне пайдо шуданд, ки аз арзишҳои дини Ислом ба манфиати худ самаранок истифода намуда, дар байни ҷомеа идеяи ташкили низоми давлатдории диниро (теократӣ) талқин намуданд. Дар чунин фазои носолим мардум дигар ба кадом ҳизбу ҳаракат бовар карданро намедонист. Ин ихтилофандозӣ ва мафкурасозиҳо боиси ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гардид.

Дар ҳамин ҳол зарурати таъсиси ҳизби наве, ки бояд арзишҳои дунявӣ ва динию мазҳабиро бо ҳам оштӣ медоду ҷавҳараш аз арзишҳои миллӣ ва башарӣ сарчашма мегирифт, ба миён омад. Аз ин лиҳоз метавон гуфт, ки мақсад аз таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ин давра ба даст овардани қудрат набуд. Балки ҳадафи аслии ташкили ниҳоди нав муттаҳидии ақлҳои солими ҷомеа, таъмини сулҳу субот, рафъи буҳрони сиёсию иқтисодию мафкуравӣ, барқарор кардани хоҷагии халқи харобгашта ва дар харитаи ҷаҳон аз хатари нестшавӣ ҳифз намудани давлати тозаистиқлоли тоҷикон маҳсуб мешуд. Дар он айёми ҳассос маҳз Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд, ки бо назардошти афкору андешаи қишрҳои гуногуни ҷомеа аз иҷрои ин рисолати таърихӣ баромада, роҳи дурусти рушди мамлакатро муайян намоянд.

Ин масъаларо шарҳу тавзеҳ дода, зимни суханронӣ бахшида ба 20 – солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла чунин иброз намуданд: “Барои ҷалби одамон ба корҳои хайру созанда чунин неруи сиёсие лозим аст, ки мардуми Тоҷикистонро бо ғояҳои сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, сарҷамъиву ваҳдати миллӣ ва волоияти қонун муттаҳид намуда, дар сафи пеши раванди бунёдкории Ватан қарор дошта бошад. Чунин ғояро ҳанӯз бист сол пеш ман бо ташкили ҳизби нав — Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба миён гузошта будам”.

Инак, 30 сол мешавад, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои эъмори давлати демократӣ, дунявӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон, инчунин ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои он, Ваҳдати комили миллӣ ва таъмини саодати халқ, ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд кӯшиш ба харҷ медиҳад. Он Тоҷикистонро ҳамчун ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуда, дар асоси консепсияи сиёсати хориҷии давлат усули баробарӣ, дӯстӣ, тақвияти ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаро бо кишварҳои ҷаҳон ба роҳ монда, минбаъд ҳам ин сиёсатро идома медиҳад.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон маҳсули иродаи қавӣ, нияти нек, хиради воло, дурандешӣ, мақому манзалати хоссаи фарзанди фарзонаи миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, бо сабку усули қиёснопазир ба саҳнаи сиёсат омад ва дар ин муддат аз рӯйи меъёри бо мардум, миёни мардум ва барои мардум амал намуда, дар ташаккули ҷомеаи шарҳвандӣ ва давлатдории навини тоҷикон нақши муассир мегузорад. Муҳимтар аз ҳама, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тавонист худро бо ғояҳои созандаву бунёдкорона ва ватандӯстонаву ватанпарварона ба мардум ба таври шоиста муаррифӣ намояд. Роҳи паймудаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамвор набуд ва маҳз бо роҳнамоии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳи хурди ҳаммаслакон ба неруи муқтадир ва мафкурасоз мубаддал гардид.

Дар он шароите ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон созмон ёфт, таъсиси ҳизби сиёсӣ кори осон набуд. Зеро ҳизбҳои мавҷуда бо мусаллаҳ шудану талоши ҳукумат кардан обрӯяшонро дар ҷомеа аз даст дода буданд. Тавре шоҳидони ҳол нигоштаанд, “ибтидои соли 1993 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки дар асоси омӯзиши таҷрибаи ҳизбҳои сиёсии пешрафтаи ҷаҳон ҳизбе таъсис додан зарур аст, ки мардумро сарҷамъ карда тавонад. Ба ин кор гурӯҳи тадорукот машғул гардида, соли 1994 Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис ёфта, ба қайди давлатӣ гирифта шуд”.

Дурандешии Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз дар он зоҳир мегардад, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз оғози фаъолият эъмори давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоиро ҳадафи асосӣ эътироф намуд.

Бо ифтихор гуфта метавонем, ки ҳанӯз дар солҳои аввали фаъолият Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба ташкилоти сиёсие табдил ёфт, ки мардумро сарҷамъ ва роҳнамоӣ карда тавонист. Татбиқи меъёрҳои демократӣ ва ислоҳоти идораи давлатӣ дар ҷумҳурии тозаистиқлол масъалаи дигар буд, ки он масъулиятро, пеш аз ҳама, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон вазифаи аслӣ меҳисобиду меҳисобад. Агар аз ин нуқтаи назар мо таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро мавриди таҳлил қарор диҳем, воқеан, он дар даврае арзи ҳастӣ намуд, ки Тоҷикистон дар марҳилаи душвортарини таърихи худ қарор дошт. Ин айёми нооромию бетартибӣ ва зиддият, давраи ба даст овардани истиқлолияти давлатии мамлакат буд.

Иттиҳодияву ҳизбҳои сиёсие, ки мавқеи устувор надоранд ва ё фаъолияташон аз манфиатҳои гурӯҳҳои ҷудогона реша мегирад, ба зудӣ эътибору нуфузи худро аз даст дода, пароканда мешаванд. Нуфузу эътибори бесобиқаи ҳизби мо дар он ифода ёфтааст, ки фаъолияти он орӣ аз ин тамоюлҳо аст. Роҳи тайнамудаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои поягузории идеологияи давлатдории миллӣ мушкилу пурпечутоб, аммо бошарафона буда, собит намудааст, ки он ҳизби халқ аст. Зеро ҳама идеяаш аз қаъри дили мардум нумӯъ карда, фаъолияташ ба манфиати халқ равона шудааст.

Мояи ифтихори мо — аъзо ва ҷонибдорони ҳизб аст, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар раванди басе мушкилу мураккаби хомӯш кардани оташи ҷанги шаҳрвандӣ, вусъат бахшидани музокироти сулҳ ва таҳкими оромиву суботи ҷомеа нақши калидӣ дорад. Илова бар ин, ҳизби мо ба сифати неруи муқтадири сиёсии мамлакат барои воқеан амалӣ гардидани озодиҳои сиёсиву иқтисодӣ, аз қабили гуногунандешӣ, бисёрҳизбӣ, озодии сухан, матбуот ва эътиқод, интихоботи шаффофу демократӣ, волоияти қонун, гуногуншаклии моликият, рақобати озоди иқтисодӣ, рушди соҳибкории хурду миёна ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамчун ҳадафҳои барномавии худ талош намуд,ки натиҷаҳо қобили мулоҳиза ва арзандаи ситоиш мебошанд .

Самараи асосии фаъолияти пурмаҳсули Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, пешрафти иқтисодиёту иҷтимоиёт ва торафт беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии мардум мебошад. Агар фаъолияти ҳизбро амиқтар мавриди пажӯҳиш қарор диҳем, амалӣ шудани ин ҳадафи барномавии ҳизбро мо дар иқдоми ҳамарӯзаи Ҳукумати мамлакат, дар мисоли сохтмони мактабу шифохонаҳо, роҳу неругоҳҳо ва дигар иншооти инфрасохторӣ, афзоиш ва дарозумрии аҳолӣ, фароҳам гардидани ҷойҳои нави кор ва тамоюли афзоиш касб намудани дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ — ятимону маъюбон, шахсони бесаробонмонда ва оилаҳои камбизоат мебинем.

Дар марҳилаи аввали фаъолияти ҳизб Раиси муаззами он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карда буданд, ки “вазифаи стратегии мо дар солҳои наздик аз таъмини рушди устувори иқтисоди мамлакат, истиқлолияти энергетикӣ, озуқаворӣ, раҳоӣ ёфтан аз бунбасти коммуникатсионӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, бунёди корхонаҳо, муҳайё сохтани ҷойҳои нави кор, рушду таҳкими низоми демократӣ, такмили минбаъдаи қонунгузорӣ, тақвияти асосҳои давлати ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва идома додани сиёсати самарабахши хориҷӣ бо назардошти волоияти манфиатҳои милливу давлатиамон иборат аст”.

Барои ноил шудан ба ҳадафҳои пешбинишуда бо ибтикори муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои зиёд амалӣ шуда, дар ин раванд ба такмили низоми сиёсии ҷомеа ва дар ин замина таҳким бахшидан ба ваҳдати миллӣ ва оромиву суботи устувори ҷомеа, тартибу низоми ҷамъиятӣ, ҳамаҷониба таъмин намудани ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид. Ҳамзамон бо ин рушди минбаъдаи институтҳои демократӣ, аз ҷумла гуногунандешии сиёсиву мафкуравӣ, озодии эътиқод, сухан, матбуот ва фаъолияти ташкилоти ғайриҳукуматӣ, ки ба ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ мусоидат мекунанд, дар мадди назари масъулини ҳизб қарор гирифт.

Дар ин зимн таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд авлавият эътироф шуд, зеро ба таъбири Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, “эҳтиром ва риояи қонунҳои мамлакат кафолат ва шарти аввалиндараҷаи суботу оромӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва рӯзгори ободу осудаи ҳар хонадон аст”.

Имрӯзҳо Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳама гуна иқдоми созанда ва амали нек дар ҷумҳурӣ саҳм мегузорад. Ба ибораи дигар, давоми 30 соли фаъолият Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳо намудани мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқавории ҷумҳурӣ, саноатикунонии босуръати мамлакат, сиёсати буҷету андоз, ислоҳоти идораи давлатӣ, таъсиси сохтори куллан нави идораи иқтисодиёт, такмили тартиби ҷобаҷогузории кадрҳо дар асоси салоҳияти касбӣ, баланд бардоштани самаранокӣ ва таъмини шаффофияти фаъолияти мақомоти давлатии марказию маҳаллӣ, таъмини амният ва арҷгузорӣ ба арзишҳои милливу давлатӣ, мубориза бар зидди коррупсия ва ғайра саҳми бориз дорад.

Обрӯ ва мавқеи ҳизби сиёсӣ дар ҷомеа ба сатҳи барномаҳои он ва нуфузи элитаи сиёсие, ки муассиси ҳизби сиёсӣ мебошанд, вобаста аст. Яъне то чӣ андоза барномаҳои ҳизби сиёсӣ майлу хоҳиш ва хостаҳои мардумро дар бар гирифта, барои беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии шаҳрвандон мусоидат менамояд ва шахсиятҳое, ки муассиси ҳизби сиёсӣ мебошанд бо кору пайкори худ то чӣ андоза дар ҷомеа обрӯ ва эътибор доранд. Вобаста ба ин шоистаи гуфтан аст, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо такя ба истеъдоди азалии давлатсозии миллати тоҷик бисёр қолабҳоеро, ки дар сиёсати байналмилалӣ то ҳанӯз тағйирнопазир ҳисобида мешаванд, шикаст. Аз ҷумла, агар тибқи назарияҳои илмӣ рисолати ҳар ҳизби сиёсӣ бароварда сохтани ниёзҳои гурӯҳи муайяни ҷомеа бошад, пас Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба хотири таъмини ваҳдату ҳамдилии халқ ин “қоидаи тиллоӣ”-ро сарфи назар карда, манфиатҳои тамоми ҷомеаро куллан таҳти ҳимоя қарор додааст.

Масъалаи дигаре, ки дар 30 соли фаъолияти ин ҳизб дар мадди назар қарор дошт, фарҳанг ва тамоюли ҷаҳонишавии он маҳсуб мешавад. Хулоса ин аст, ки вобаста ба тақозои ҷаҳони муосир низоми нави рушди соҳаи фарҳанг бояд ташаккул дода шавад. Хосса, ба тавсеаи зеҳни инсонӣ, заковати фитрӣ, рушди маънавиёт, тарғиби зебоипарастӣ, омӯзонидани ҳунарҳои нафиса ва инкишофи суннатҳои устувори фарҳангии халқамон аҳамият додан аз рисолатҳои усулии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад.

Дар замони муосир вобаста ба глобализатсия (ҷаҳонишавӣ) андешаҳо гуногун мебошанд. Коршиносон аксар масъалаҳоро дар робита ба ин раванд таҳлилу баррасӣ намуда, хулосаҳо низ бо назардошти махсусияти он қабул мегарданд. Мутаассифона, на дар ҳама ҳолат ин масъала ҳамаҷониба таҳлил ва махсусияти он бо истинод ба далелу рақамҳо бозгӯӣ мешавад. Ба ҳеҷ ваҷҳ ҷанбаҳои мусбати ҷаҳонишавиро инкор намуданӣ нестем. Вале дар мадди назар бояд дошт, ки дар баробари паҳлуҳои мусбат ин раванд аз омилҳои манфӣ низ орӣ нест. Зимни назарсанҷиҳои ташкилоти бонуфузи Созмони Милали Муттаҳид ҳатто баъзе кишварҳои пешрафтаи Аврупо ба ҷаҳонишавӣ ҳамчун раванди манфӣ баҳо гузоштаанд. Таъкид гардидааст, ки ин раванд бештар барои абарқудратҳо муфид буда, барои кишварҳои дар ҳоли гузариш ва рушд қарордошта манфиатовар нест. Зеро дар заминаи татбиқи ҷаҳонишавӣ расму оини миллатҳо аз байн рафта, умумият ба миён омада, идоракунии якқутбӣ аз ҷониби абарқудратҳо имконпазир мегардад.

Вобаста ба таъсири манфии раванди ҷаҳонишавӣ Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ фармудаанд: «Ба андешаи ман, натиҷаи аз ҳама нигаронкунанда ва ҳатто хатарноки раванди глобализатсия ва ҷараёнҳои ба он пайванд коҳиш ёфтани ахлоқ, маънавиёт, одоб, суннат, фарҳанг ва унсурҳои дигари иҷтимоӣ аст, ки бе онҳо ҳастии ҳақиқии инсон амалан ғайриимкон аст».

Мо, аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бояд беш ва пеш аз дигарон дарк намоем, ки Тоҷикистон низ аз раванди ҷаҳонишавӣ берун буда наметавонад. Моро мебояд манфиатҳои миллиамонро ҳифз намуда, мафкураи миллиро тақвият бахшида, иқтисодиёт, фарҳанг ва сиёсати иҷтимоии хешро вобаста ба тамоюли ин падида пеш барем. Роҳҳои бартараф намудани хатарҳои ҷаҳонишавӣ ва ба манфиати худ истифода бурдани ин равандро ҷустуҷӯ ва истифода намудан зарур ва ногузир аст.

Бояд фаромӯш накунем, ки вақте моҳияти ҷаҳонишавӣ нодуруст дарк мешавад ва талаботи он риоя намегардад, пайомади ногувор ба бор хоҳад дошт. Мушкилоти экологию демографӣ ва иқтисодӣ, буҳронҳои молиявӣ, ҷангҳои тиҷоратӣ, коҳиши мубодилаи молу коло, таҳримҳо, хатари азбайнравии раму оин ва фарҳанги миллӣ аз ҳамин ҷумлаанд. Ҳаводиси солҳои охир собит намуданд, ки истодагарӣ дар муқобили ҷаҳонишавӣ кори саҳлу сода нест, вале дар сурати меҳвар қарор додани зиракии сиёсӣ ва арҷгузории бештар ба арзишҳои инсонӣ, миллӣ ва давлатӣ метавон дар ин самт комёб гардид.

Консепсияи сиёсию идеологии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз асарҳо, паёмҳои солона, суханрониҳо ва барномаҳои пешазинтихоботии Президенти Тоҷикистон, Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамаи арзишҳо ва манфиатҳои миллату давлатро дар бар мегиранд, маншаъ гирифта, зина ба зина ташаккул меёбад. Бо татбиқи ҳадафҳои оинномавӣ ва созандаи барномавӣ ҳизб дар мамлакат ҷойгоҳи муносиб касб намуда, дар сафҳои худ гурӯҳҳои пешсафи ҷомеаро муттаҳид намудааст. Дар марҳилаи кунунӣ вобаста ба таҳаввулоти ҷомеаи ҷаҳонӣ, таъсири раванди ҷаҳонишавӣ ба фарҳангу мафкураи миллӣ ва тавсеа ёфтани фазои иттилоотӣ тарзу усули нави корбарӣ мутобиқ ба замони муосир ва дар ин замина ҳимояи манфиатҳои миллату давлат аз мақсаду мароми калидии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон маҳсуб мешавад.

Бо таваҷҷуҳи хоссаи Роҳбарияти олии ҳизб пойгоҳи моддию техникӣ ва зеҳнии сохторҳои маҳаллии ҳизбӣ зина ба зина мустаҳкам гардида, вобаста ба тақозои замон фаъолияти таблиғотӣ, мафкурасозӣ ва боло бурдани фарҳанги сиёсию ҳуқуқӣ низ сифати нав касб менамояд.

Табиист, ки ҳар ҳизбе, ки дар ҷомеа нуфуз дорад, имконияти бештари иштирок дар такмили фазои қонунгузории мамлакатро пайдо намуда, ба ин восита ба равандҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа таъсири амиқ мерасонад. Рушди давлат ва соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакатро бе волоияти қонун ва фазои мусоиди қонунгузорӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст. Бо дарки масъулият метавон гуфт, ки мо дар ин ҷода низ собитқадам мебошем. Намояндагони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон-аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон дар Парлумони мамлакат дар таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ворид намудани тағйру иловаҳо ба қонунҳои амалкунанда нақши сазовор доранд.

Ҳоло Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо шарофати Раиси муаззами он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷомеа мақому манзалати бениҳоят баланд дорад, вале мо бояд бо ин иктифо накарда, фаъолияти худро боз ҳам густурдатар ба роҳ монем. Дар ин раванд аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва онҳое, ки ба маънои том пайраву ҳамсафи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳастанд, афроде, ки ҳар пораи хоки ин Ватан барояшон азизу муқаддас буда, ба афкори сиёсии ҳизби мо таваҷҷуҳ доранд, бояд беш аз пеш фаъолу ташаббускор бошанд.

Абдураҳим ШОҲИЁН,
раиси Кумитаи иҷроияи
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе,
номзади илмҳои иқтисодӣ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: