Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » БА ҲИЗБАМОН СОДИҚЕМ!

БА ҲИЗБАМОН СОДИҚЕМ!

6-12-2024, 11:41
Хабарро хонданд: 107 нафар
Назарҳо: 0
       БА ҲИЗБАМОН СОДИҚЕМ!
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 30 - сола шуд. Ин дар ҳаёти як ҳизби сиёсӣ агар муҳлати дароз набошад ҳам, лекин дар муддати кӯтоҳе ҷомеа онро чун обу ҳаво пазируфт, эътимод кард ва то кунун ҳам рӯз аз рӯз густариш ёфта, қувваи бузургеро ташкил медиҳад.
Мо ифтихор аз он дорем, ки ҳизби моро сиёсатмадори шинохтаи ҷаҳонӣ, абармарди неруманд, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарварӣ мекунанд. Он кас натанҳо Президент, балки Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошанд, ки бо ҳидоятҳои ӯ ҳаёти мардум рӯз аз рӯз беҳтару хубтар шуда истодааст.
Сабаби ба дилҳо роҳ ёфтани Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон маҳз ба дарди ҷомеа даво бахшидани он мебошад, ки яке аз ҳадафҳои барномавии ҳизб маҳсубёфта, муҳимтарин ҳадафаш талқини сулҳу ваҳдат, таҳкими давлатдорӣ бар асоси рукнҳои қонун, фароҳам намудани шароити рӯзгори сазовор ба халқу миллат ва эҳёи фарҳангу таърихи куҳанбунёди тоҷик мебошад.
Таъсисёбии аввалин ташкилотҳои ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори КӯҳистониБадахшон ба соли 1998 рост меояд. Дар ҳамин давра 12 ташкилоти ҳизбӣ 189 нафар намояндагони зиёиён, коргарону кишоварзонро фаро гирифта бошад, баътар, 1-уми январи соли 2009 теъдоди ташкилотҳои ҳизбӣ ба 77 ва сафи аъзои онҳо ба зиёда аз 7000 нафар расонида шуд.
Имрӯз мо бо ифтихори бузург гуфта метавонем, ки ҳизби мо аз рӯзи таъсис ёфтанаш чун неруи тавонои бунёдкор, созанда ва эҳёгари Тоҷикистони навин вазифаҳои бамиёнгузоштаро сарбаландона адо намуда, имрӯз ташкилотҳои ибтидоӣ дар қаламравивилоят ба 433 адад расида, шумораи аъзои ҳизб 15 789 ададро ташкил медиҳад, ки нисбат ба солҳои гузашта хеле зиёд мебошад.
Бо ифтихору сарфарозӣ метавон гуфт, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳаллу фасли муҳимтарин масъалаҳои ҷомеа, аз ҷумлакоҳишдодани сатҳи камбизоатӣ, таъмини волоияти қонун, паст кардани шиддати буҳрони молиявӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ҳамчун кафолати рушди устувори кишвар саҳмгузорӣ мекунад.
Ҳар боре, ки Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори КӯҳистониБадахшон ташриф меоваранд, ҳар як сафарашон дар ҳаёту рӯзгори мардуми вилоят таҳаввулоти ҷиддиро ба миён меорад.
Ободонию созандагӣ ва бунёди иншоотҳои бузург дар ҳудуди вилоят дар натиҷаи дастгириҳои бевоситаи Ҳукумати мамлакат, шахсан Роҳбаридавлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тӯли 30 сол рушду густариш пайдо кард. Дар баробари дигар иншоотҳо, таъмир ва азнавсозии роҳҳо, манзилҳои истиқоматӣ, сохтмону азнавсозии варзишгоҳҳо, муассисаҳои таълимӣ, бунёд ва таъмири роҳҳои автомобилгарду азнавсозии боғу гулгаштҳо роҳандозӣ гардиданд.
Дар тӯли 30 соли фаъолияти хеш Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилоят ба муваффақиятҳои бузург ноил гардид. Аз ҷумла, бунёд ва мавриди баҳрабардорӣқароргирифтани биноҳои маъмурии ҳизбӣ дар таърихи вилоят нахустин мебошад, ки бо ташаббуси Раиси муаззами ҳизб дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят имрӯзҳо бо тарҳи зебо ва замонавӣ қомат афрохтаанд.
17-уми августи соли 2023 дар доираи сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ноҳияи Дарвоз бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб мавриди истифода қарор гирифт. Бинои дуошёнаи Кумитаи иҷроияиҳизб дар асоси дастуру супоришҳои Роҳбари давлат дар хиёбони марказии ноҳияи Дарвоз бунёд гардид.
Санаи 18-уми октябри соли 2023 бошад, биноҳоимаъмуриикумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ванҷ, Рӯшон ва Шуғнон бо иштироки муовини якуми РаисиҲизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ ва раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот расман мавриди истифода қарор дода шуданд.
Биноҳои кумитаҳои иҷроияи ҲҲДТ дар шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Роштқалъа, Ишкошим ва Мурғоб дар арафаи ҷашни30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо иштироки Пешвои миллат муҳтарамЭмомалӣРаҳмон мавриди баҳрабардорӣқароргирифтанд.
Бо иқдом ва дастгирии бевоситаи Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми раисони кумитаҳои иҷроияи ҳизбдар шаҳру ноҳияҳои вилоят бо автомашинаҳои хизматӣ таъмин гардиданд, ки ин ҷиҳати боз ҳам хубтару беҳтар гардидани фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ мусоидат хоҳад кард.
Дар ҳақиқат,РоҳбаримуаззамиҳизбмуҳтарамЭмомалӣРаҳмонҳамешабаманфиатихалқумиллаткору фаъолият намуда, рисолати асосиашон содиқона хизмат кардан бахалқу Ватан мебошад.
Яке аз хизматҳои беназири Роҳбари давлат ин тарбия кардани насли наврас ва ҷавонон дар руҳияиватандӯстиву ватанпарастӣ ва арҷгузорӣ батаърихи гузашта ва тамаддуни халқитоҷик мебошад.
Пешвои миллат, Раиси муаззами ҳизб муҳтарам ЭмомалӣРаҳмон бо пос доштани хотираи бузургони миллат ва қадрдонии онҳо, ҳамчунин, бо ташаббусҳои башардӯстонавуфарҳангпарваронаашон ҳамеша намунаи ибрати насли нави миллат буда метавонанд.


Зунайда РАҶАБОВА,
раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон











Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: