Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ҷуръати изҳори эҳсос

Ҷуръати изҳори эҳсос

5-10-2020, 16:34
Хабарро хонданд: 292 нафар
Назарҳо: 0
Ҷуръати изҳори эҳсос
Намедонам хуб аст ё бад, мо тоҷикон мардуми соҳибэҳсосем
Ҳарчанд, аксаран ба мо (хоса духтарон) аз хурдӣ таълим ва тарбия медиҳанд, ки эҳсосоти хешро сахт контрол кунем. Масалан эҳсоси ишқро. Самимият ё муҳаббатро ҳарчанд он софу беғубор ҳам бошад, пинҳонаш бояд дошт. Ин каме ҷуръатро мекушад.
Ҳисси меҳрабониву ташаккурро бояд дар тифлон омӯхт, то ин маърифатро доро шаванд. Пос доштани намак, поси эҳтиром ва арҷ гузоштани эътироф бояд дар ниҳод бошад на дар забон.
Шояд се сол муқаддам дар ҳамин рӯз дилам мехост Президенти маҳбубамонро бо милодашон хоҳарона табрик бигӯям. Зеро мани нафақахӯр акнун таври расмӣ не, бо амри дил ва меҳри табии аз ин инсони Худодод, эҳтиром бигузорам ва бигӯям, ки умратон дароз бод, Пешвои миллати мо, бародари азизи ман.
Аммо метарсидам. Аз чанд чиз
Нахуст фикр мекардам, ки инро тамаллуқ мепиндоранд. Вале ман дигар мансабталаб набудам.
Андеша мекардам, ки зан ҳастам ва шояд аз қавонини шариат ҷоиз нест? Аммо маро дар хоб ӯ фарзанд хонда буду эҳтироми падарро бароям дорад. Модари азизашон дар хоб маро фарзанд номида буду акнун ӯ бародари қиёматии ман аст. (Ҳарчанд худашон намедонанд)))
Таҳлука он ки чӣ тавр инро дар доираҳои боло қабул мекунанд. Он ҷо ҳам, ки бухлу ҳасад кам нест. Вале ман ҷойи касеро гирифтанӣ нестам. Ҳеҷ гоҳе фаворит набудаму нагаштам.
Хиҷолат аз он мекашидам, ки фейке инро ба унвони ғараз ё тамаъ талаққӣ медиҳаду баҳсро дигар сӯ мекашад. Фикр кардам, ки худи фейк кӣ ҳаст, ки дар борааш андеша кунам. Одам бошанд, парда аз чеҳра бардоранду ошкоро баҳс биороянд...
Баъдан медидам, маъмул набуд, ки одамони оддӣ дар ин рӯз изҳори эҳсос кунанд. Бигӯянд, ки мавлуди Сарварашон барояшон чӣ рӯзест. Касе шояд ҷуръат намекард? Ё чун ман чандин андешаҳои зиду нақиз дошт?
Ва боз чандин "за и против"- ҳо маро ба ин иқдом мебурду бармегардонд.
Вале ба худ гуфтам, дар ин чӣ бадист, ки ман дар мазҳари ом эҳсоси арҷмандӣ ва эътирофи қалбии худро изҳор бисозам?
Охир мо ҳар рӯз азизону пайвандон, ҳамкору ҳамкасбу дӯстонамонро аз ҳамин минбар шодбош мегӯем. Чаро не!
Ва навиштам, табрикоти самимонаи зодрӯзӣ ба Президенти муаззамамон!
Як - як дигарон ба он пайвастанд. То бегоҳ теъдоди онҳое, ки дар саҳифаи ман шодбош гуфтанд хеле афзуд. Дар дигар саҳифаҳо ҳам мавҷи табрикот гул кард.Ҷуръати изҳори эҳсос
Соли дигар ҳам аксари фейсбукиён ин рӯзро ба соҳибҷашн табрик карданд.
Имсол ман аз нисфи шаб, ки санаи 5 - октябр даромад, дидам, ки ашхоси зиёде чи дар "история"- ҳошон ва чи дар саҳафоташон бо гузоштани акси Президент зодрӯзи ӯро бо шаккаргуфториҳо пазироӣ доранд.
Фикр кардам, ки як нафаре бояд қадами аввалро гузорад. Ҳатто дар роҳи изҳори меҳру муҳаббат ва шодбошӣ ҳам. Ва ин ҷуръатро ман кардам...
Баъди чанд рӯзе интихобот аст, ки соҳибҷашни имрӯз яке аз номзадҳои он аст.
Медонам, ҳарчанд ки интихоби мардум дар дили онҳост, вале хирад гувоҳӣ медиҳад, ки одами солимро ақл раҳнамост.
Ақл худ мегӯяд, ки дар интихоби ҳар кӣ ё чӣ ба кадом меъёр авлавият бояд гузошт.
Интихоби ман бар пояи ақл барои амнияти кишвар ва зиндагии озоди мардум. Бар пояи таҷриба ва бартарият миёни алтернативаи интихоб аст.
Интихоби ман бар оне хоҳад буд, ки сазовори бовар ва эътимод аст. Санҷидашуда аст.
Интихоби ман бар пояи назар ва диду хулосаи худам аст.
Вақте ки бароям шарафи аз наздик чун ҳамкоре ( ӯ муассис буду ман сармуҳаррир), дидану шунидани андешаҳои худиву худаш (на баромадҳои расмӣ) тасмимгириҳои руёрӯяш. Ва ботини покаш, ки дар чеҳраи банураш ҳувайдост, паояи тасмими ман хоҳад буд.
Офаридгори чеҳрасоз ҷисми одамро, симои зоҳирии ӯро дар асоси маводи ботин меофарад. Ва худатон хулоса бароред!
Шодрӯзи Пешвои муаззами миллатро ба ҳамаи тоҷикони чӣ дохил ва чӣ хориҷи кишвар муборак мегӯям. Зеро зиёданд дар дунё тоҷиконе, ки орзуи ҳамчунин пешвои муваффақро доранд.
Милоди ҷаноби #Президентро бар халқи азизам, ки ӯро ҳамеша ба сарварӣ мепазирад муборак мегӯям. Ӯ пазируфтаи мардумист...
Зодрӯзи #Эмомалӣ Раҳмонро ба фарзандон, пайвандон ва ақрабои ӯ табрик мегӯям. Охир ӯ ҳамчун як инсон пеш аз ҳама шавҳар, падар, бародар, тағо, амак ва хешу табор аст.
#Мавлуди бародари арҷмандамро ба худи ӯ ва барои худам ҳумоюну фархунда мехонам ва мегӯям чун ҳамеша саломату сарбаланд бошед, Зеро одами худодод ҳастед.
Кам нестанд онҳое, ки дар ҷойи Шумо будан мехоҳанд, вале мусалмони комил медонад, ки Худо ба ҳар кас чени дилу нияташ медиҳад.
Ҳамон дили поку халқпарваратон бақувату солим бод, ки аз ХОС - они Парвардигоред !..
* * *
P.S: Ин акси 9 сол муқаддам аст. Рӯзи 100 солагии матбуоти тоҷик ва Президенти Тоҷикистон ба ман чун журналист ноотбук ва гул ҳадя кардаанд.
Ин акс чун портрет дар хонаи ман асту ҳар боре меҳмонон онро дида мепурсанд:" Ин ҷо ту ба Президент гул дода истодаӣ?
Мегӯям, ки не он кас ба ман.
Вале имрӯз мехостам, ки ҳамин як садбарги муҳаббату эҳтиромро кош имконе бошад, ман ба ӯ бидиҳам. Зеро медонам, ки агар ҳар як гули имрӯз барои ӯ аз мардум рамзан ҳадяшавандаро, агар ҷамъ биёварем милёнҳо мешавад.
Ӯ сазовори ҳамон гулдастаи чандмиллионаи меҳр аст.
Боз ҳам муборакашон!!!
Ҳуриннисо Ализода

Аз саҳифайи фейсбук
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: