Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ПУШТИ ДЕВОРИ САНГИНИ ОДОБ

ПУШТИ ДЕВОРИ САНГИНИ ОДОБ

4-05-2018, 07:44
Хабарро хонданд: 432 нафар
Назарҳо: 0
ПУШТИ ДЕВОРИ САНГИНИ ОДОБ
Ростӣ ман наметавонам қотеъона ҳукм кунам, ки сир ё рози хонаводагии инсон ҳатман бояд пӯшида бошад ё ошкору оммавӣ. Вале медонам, ки тарбияи шарқии мо асрори хонаводаро чун шарти одоб ба пинҳонӣ ҳукм мекунад. Чаро ва чиро бояд мо аз назарҳо пинҳон намоем, ҳадду сарҳад надорад. Аз ин рӯ ахлоқан мекӯшем, ки ҳама чизи марбут ба зиндагии оилавиямонро пинҳон созем. Мусаллам аст, ки на ҳама инро риоя мекунанд, вале аксаран мо сир нигоҳ медорем, ки гоҳо он на ба манфиат, балки бар зарари мост.
Рӯзе ба утоқи кории як бону - дӯсти мансабдорам даромадам. Бари рӯяш изи панҷаи даст, ки ишора ба мушти обдор ё шапалоқи сахти хӯрдааш мекард, баръалову кабуд буд. Нигоҳи ман болои ин «нишона»-и ба занҳои шавҳардори мансабдор ошно, қарор гирифта бошад ҳам, чизе напурсидамаш, то хиҷолат накашад. Фикр кардам, ки агар худаш бихоҳад, розашро мекушояд. Ин шиносам, ки аз омаданам огоҳаш накарда будам, худро каме гум кардаву баъди ҳолпурсӣ шояд барои таскини дили худ, суханро аз «шарҳ»-и он кабудии бари рӯяш оғоз карданӣ шуду шояд дурӯғ ёфтан барояш осон набуд, ки ҷумлаҳояш бе рабту маънӣ мебаромаданд. «Ҳамин рӯз пеш аз кор омадан ба назди қошчин рафта будам, бубин чи коре бо рӯям кард», - мегуфт ӯ бо кабудие, ки бари даҳонаш ҷойгир буд, ишора карда. Ман ҳам хиҷолатзада шудам, ки он бечора барои пинҳон кардани сираш бояд дурӯғе бибофад, ки дар қолаб намеғунҷад.
Ҳамчун зани шарқии борҳо чунин сирро пинҳон кардаву дар дигарон дидаву шунидаам, медонистам, ки ин зани соҳибмансаб мехоҳад собит кунад, ки ӯро шаллоқ назадаанд, вале беҳуда буд. Зеро вайро ба ҷуз аз шавҳар дар ин синну солу мартаба касе шаппотӣ зада наметавонист. Бечора чун эҳсос кард, ки абрӯ дар болосту изи шаллоқ дар пойин ва ин дурӯғи якбора бофтааш иртиботе ба ҳам надорад, яку якбора ба таърифи муносибатҳои хуби шавҳар бо худаш гузашт, ки он на ба суҳбати мо иртибот дошту на ба изи бари рӯяш мутобиқат мекард. Суҳбатро зуд ҷамъбаст кардаву аз утоқи корияш баромадам, то хиҷолаташ бештар нагардаду мӯҷиби озораш набошам. Иттифоқо яке аз ҳамкоронаш маро дар роҳрави идора дида ҳайронӣ изҳор кард, ки чи тавр ба қабули роҳбарашон мушарраф шудааму котибаи ӯ тӯли 2-3 рӯз аст, ки касеро ба утоқи корияш даромадан намемонад, ки: «муаллима касал аст». Ин бори дигар шубҳаамро дар бораи шаттаву шаллоқ хӯрдани ин зани роҳбар дар хонааш, бештар гардонд. Зеро ҳар боре ӯро мебинам, аз хастагии асабҳо ва фишорбаландияш шикоят дорад, дар ҳоле ки синну сол наметавонад ба ин ҳолаш афканда бошад. Бемории дигаре ҳам надорад, ба ҷуз асабоният, ки ӯ гӯё худаш инро намедонад. Дар ҳоле ки идораашон аз зумраи коргоҳҳои камташвиш асту кормандонашон хеле маданӣ. Дар ин ҳол таҳлил касро водор месозад дарк намояд, ки зиндагии хонаводагияш хеле нотинҷ аст. Аммо ин хонадон тарбияи шарқӣ дорад, ки сираш бояд пӯшида бошад. Чаро? Сабаби нахустини он барои зани мансабдор ин таҳдид ба вазифааш ҳаст. Зеро ба қавле бояд оилаи бонуи мансабдор намунавӣ бошад. Дар ҳоле ки ин меъёр барои мардон вуҷуд надорад.
Дуввум меъёр ё баҳои нонавиштаест, ки зане, ки зиндагии оилавии худро дуруст ба роҳ монда наметавонад, роҳбари хуб нест. Ин меъёр ҳам барои мардони мо халал дар мансаб нест.
Агар мешуд, ин қадар фарзандони дар ҷинояту беобрӯгӣ номдори соҳибмансабон боиси аз вазифа рафтани падаронашон мешуданд. Ё бо баҳонаҳои хандаовар ҷиноятҳои содиркардаи писарони соҳибмақомҳо пӯшонида намешуд.
Аммо занҳоро вақти ба мансаб баргузидан (он ҳам агар «бесоҳиб» бошанд) новобаста аз истеъдоду саводашон аз пилишки сӯзан мегузаронанд.
Магар метавон ҳукм кард, ки дар хонаводаи ноаҳл ҳатман зан гунаҳгор аст? Албатта не. Зеро боақлтарин зану хирадмандтарин бону ҳам шавҳари аблаҳу якравро ба роҳи дуруст бурда наметавонад. Зеро моро чунин тарбия мекунанд, ки мард дар хонадон сарвар асту сардор ва ҳама гапаш ҳукмест, ки бояд бе чуну чаро иҷро шавад. Пас оё фармонбардор метавонад фармонфарморо тарбия кунад? Не албатта, зеро аксаран ӯро имконияти даҳон кушодан намедиҳанд. Аммо зан бояд хомӯшона сир нигоҳ бидорад.
Яке аз чунин сирҳо ин пинҳон доштани лату кӯби зан ва хушунату ҷабру зулм дидани зан аз ҷониби шавҳар аст, ки бояд зери қулфи маҳкаме дар пушти девори зиндагӣ сар ба мӯҳр бимонад. Чаро? Зеро ки айб аст. Чаро айб дар ҷоҳилии мард ва ҷинояти даст бардоштани ӯ несту дар сирро напӯшидани зан аст? Зеро зани боақлро аксаран аз хурдӣ чунин тарбия кардаанду ӯ инро пазируфтааст. Аммо на ҳама занон боақланду инро риоя мекунанд. Бархе он қадар шаттоҳанд, ки бо аввалин ҷанҷол миёни ӯву шавҳараш доду фарёдро бардошта, оламро хабар мекунад. Дар ин ҳол дар оилаҳои муқаррарии шарқиёнаи мо калонтарҳо ҳукм мекунанд, ки: «шарманда шудем». Ҳамсояҳо аз сирри хонаводагии мо огоҳ шуданд. Шумо бовар намекунед, ман низ пештар чунин мепиндоштам. Аммо акнун бо мурури замон фикр мекунам, ки гоҳо «шаттоҳӣ» кардани зан ҳам муфид будааст. Зеро сирнигоҳдории аз ҳад беши занон аксаран сабабгори «шерак» шудани шавҳарон мегардад ё боиси бадном шудани худи занон. Мисол меорам. Хонаводаеро хеле хуб мешиносам, ки зиёда аз 30 сол бо ҳам мезистанд. Зану шавҳар ҳар ду одамони шинохта. Пушти деворҳои сахту сангин ва хеле баланди зиндагии ин хонадон касе воқеияти ҳаёти оилавии онҳоро намедонист. Зан он қадар гирифтори хушунати хонаводагӣ буд, ки ба қавли мардум «дар танааш ҷойи ободе надошт». Доимо аз шавҳар шатта хӯрдаву гоҳе ҳафтаҳо бо сару рӯйи кабуд пинҳон аз дигарон мегашту гоҳо ҷойи шикастаи бадан ё кафидаи сарашро бо духтур бо дурӯғ нишон надода пинҳонӣ табобат мегирифт. Бо гузашти муддати мадиде дар ин хонадони сарбамуҳр духтаре келин шуд, ки ба қавле «чашми хушдоманро кушод» ӯ бо шаттоҳии ҳунармандонае худро аз шаллоқи шавҳар (ки писар аз падараш даст бардоштанро омӯхта буд) даррав халос мекард. Бо доду фарёд ҳам хусуру хушдоманро ба по мехезонду ҳам ҳамсояҳоро хабар мекард. Шавҳараш аз шармандагӣ пеши ҳамсояҳо тарсида дигар даст намебардоштагӣ шуд. Баъди чанд соле зани ҳамон марди муштзӯр, ки умре зиндагии сар ба муҳр дошт, аз дунё гузашт. Бовар намекунед на танҳо бевазанҳо ҳатто духтарони шавҳарнодида орзу мекарданд, ки ин марди калонсол онҳоро ба занӣ бигирад. Зеро ӯ чун марди идеалӣ дар ин гузар обрӯ дошт. Обрӯи вай аз сирри пӯшидаи занаш буд, ки умре бо дасту пойи шикаставу ҷигари зарбхӯрдаву сардардҳои паёпайи аз муштҳои ба сараш хӯрда ҷон доду бо сари баланду лаби хомӯш кору зиндагӣ кард, аммо сир накушод.
Мардуми мо хислатҳои аҷибе доранд, ки хушбахтона бархеашро гузашти айём дигар мекунад. Мо намедонем, ки пушти девори баланди «айб» дар хонадони одамон чӣ рӯзҳои баде пинҳон аст. Гоҳо аз худкушии зане овоза шунида дар ҳайрат мемонем, ки чаро ӯ қасд ба ҷони ширини худ кардааст? Дар зери суол мемонем, ки чӣ тавр модаре тифлакони хурдсоли худро миёнаи роҳ бепарастор гузошта, худро ба об ғарқ кардааст? Чӣ тавр дили ӯ аз ҳаёт хунук шудааст, ки раҳм ба ҳоли фарзандонаш накардааст? Ҳатто баъди қатл шудани зане бо дасти шавҳараш ин сирро бо баҳонаи «худкушӣ», одамон пинҳон дошта намегузоранд мард ҷазо бубинад, то ки миёни мардум овоза нашаваду айб пӯшида бимонад. Айби қотилро ба сари мақтул бор мекунему сирри хонаводагиро мепӯшонем. Занро айбдор мекунему мардро бегуноҳ мебарорем, то рози хонаводаро накушоем. Вале ин розҳои сархӯр гоҳо ҷонрабоянд. Аммо ин деворҳои баланди айб гӯё танҳо барои занҳо сохта шудаанд, ва сирҳоро ҳам бояд занон пӯшида бидоранд, то обрӯи мардон нарезад. Охир оила дар ҷомеаи мо бо номи мард шинохта мешавад - ку? Охир, агар аз пеши хонае бигзареду бипурсед, ки хонаи кист? Номи мардро мегиранд ку? Агар ҳар коре, ки пушти ин деворҳои баланду сангин пӯшида мемонад, ба хотири сарвари хонадон – мард аст. Пас чаро дар пушти ин девори баланди хонаи зиндагӣ мард ба ҷойи хушунату зулму истисмор шодиву тараб барпо намекунад? Чаро мард ин деворҳои сангинро барои нигоҳдошти сирри оилавӣ бо хишти айб неву бо пойдевори хушбахтӣ намесозад?
Чаро зане ба хотири сирри хонаводагӣ бояд муртакиби гуноҳ гаштаву дурӯғ бигӯяд, то мансабашро нигоҳ дорад, ё вазифаи шавҳарро ҳифз бисозад? То мақомашро дар ҷомеа мустаҳкам кунад, чун зани порсову фармонбардор шинохта шаваду номдор? Аммо касе надонад, ки дар дили ин нигаҳдорандаи сири хонавода чӣ розҳоест пуралам, ки ахиран ӯро ба марг бикашонанд.
Аммо бо сири сарбамуҳри зиндагии хонаводагӣ чӣ аламҳоеро ба саратонҳо печонида ахиран ба гӯр мебаранд, занҳо! Ман намедонам, ки ин хислати қабулшудаи мо мусбист ё манфӣ? Оё он воқеан шарти одоб аст? Пушти девори баланду сангини одоб ва айб ё чӣ розҳоест, нуҳуфта… ва қотил.
Ҳуриннисо Ализода
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: