Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Масъалаи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ҳиндустон баррасӣ гардид

Масъалаи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ҳиндустон баррасӣ гардид

Вчера, 13:21
Хабарро хонданд: 24 нафар
Назарҳо: 0
Масъалаи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ҳиндустон баррасӣ гардидСоли 2025 дар Ҷумҳурии Ҳиндустон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешаванд. Ин масъала 3 декабр зимни вохӯрии Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷеш Уике баррасӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Иброз гардид, ки баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар давлатҳоии ҳамдигар ба шинохт ва муаррифии санъати нотакрор ва фарҳанги қадимии ҳарду давлат нигаронида шудааст.

Ҳамчунин ҷонибҳо вобаста ба масъалаи густариш додани ҳамкории мутақобили судманди фарҳангӣ ибрози назар намуданд.

Бояд тазаккур дод, ки робитаҳои дӯстонаи Тоҷикистон ва Ҳиндустон сол ба сол таҳким меёбанд. Ин ду давлати дӯст муштаракоти таърихӣ ва фарҳангии чандинасра дошта, барои рушду густариши минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои фарҳангу маориф ва махсусан соҳаи туризм барнома ва пешниҳодҳои мушаххас амалӣ намуда истодаанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: