Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj

“ТАРСХОНА”

15-09-2021, 11:00
Хабарро хонданд: 114 нафар
Назарҳо: 0
“ТАРСХОНА”
Субҳ, саросема сўи коргоҳ мешитофтам. Вориди гузаргоҳи зеризаминӣ шудам. Аз ман чанд метр дуртар нафаре, ки шабаҳро мемонд, оҳиста-оҳиста қадам мезад. Аз сабаби торикӣ мард ё зан буданаш муайян набуд. Ногаҳон он суроб сахт ба замин афтод ва як доди пурдарде аз ҷигар баровард. Сўяш давида, наздик шудам, дидам, ки пиразанест, дар обу лой олуда. Аз китфаш дошта, бардоштамаш ва ба оҳистагӣ аз гузаргоҳ берун шудем.
Пиразан аллакай мелангид ва нолишаш ҳарчи зиёдтар мешуд. Ҳамин ҳангом, рў сўи гузаргоҳи зеризаминӣ карду оҳи сарде кашида, дар чашмонаш ашк ҳалқа зад ва ба дастони пурожанги худ нигаристу гуфт: “Агар қуввату тавоноӣ медоштам, инҷоро бо дастони худам обод мекардам…”.
Дилам ларзид… Баданамро сардие фаро гирифт ва то ҳол он суханону он ҳалқаи ашку фиғони ҷигархарош ва лангидани пиразан аз пеши назарам дур намешавад…
Чанд сол боз дар ин бора мехостам чизе нависам. Ин ҳамон гузаргоҳи зеризаминиест, ки аз як ҷониб бинои «Сирки давлатӣ» ва аз ҷониби дигар Суди Олиро мепайвандад. Аниқтарашро гўем, ин гузаргоҳ нест, балки «тарсхона», «хобгоҳ», «маркази тиҷорат», «макони дилхушӣ», «ҳоҷатхона» ва чанд чизи дигар аст, ки гуфтанашро инҷо лозим намедонам.
Аз торикии дохили он, шаб як су истад, рўзона бо як тарсу азоб мегузарӣ. Аз бўйи ғализи пешобу ахлоти “одамон” нафас гирифтан ғайриимкон аст. Аз арши гузаргоҳ бошад, зимистону тобистон об мерезад.
Шабонгаҳ майнўшону оворагардон гузаргоҳро ба “хобгоҳ” табдил додаанд, ки ба гузаштани занҳову духтарон аз ин гузаргоҳ хатар эҷод мекунад. Нисфирўзӣ бошад, гузаргоҳ ҳамчун “хилватгоҳи ошиқон” хизмат мекунад...
Давоми чанд соле, ки гузаргоҳи зеризаминии мазкур дорои чунин ҳолат аст, бовар дорам, ки кормандони мақомоти дахлдори пойтахт ҳаддалимкон як маротиба ҳам бошад, тариқи ин гузаргоҳ роҳ паймудаанд, вале касеро парвои чунин вазъият нест. Агар барои ҷавонтарҳо 10 маротиба лағжидану афтодан дар ин макон аҳамият надошта бошад ҳам, вале барои пирамардону пиразанон як маротиба афтодан, аз даст додани саломатӣ барои як умр аст, ки мебояд сари ин андешид.

“ТАЪМИР” Ё ФИРЕБИ НАЗАР
Рўзе гурўҳи кориеро дидам, ки ба таъмири ин гузаргоҳ шуруъ карда истодаанд. Таъбам болида шуд, ки ахиран, ин макон таъмир мешавад. Вале, мутаассифона, бегоҳӣ ҳангоми бозгашт аз кор, дидам, ки чанд ҷои девори ин гузаргоҳро ранг “давондаанд”-у бо ҳамин “таъмир”-ро ҷамъбаст кардаанд.
Боз ҳамон “шаршара”-и обу боз ҳамон торикиву бўйи ғализ ва дўконҳои валангор...
Ба гуфтаи фаррошзане, ки ҳар саҳар ин гузаргоҳро поккорӣ мекунад, вақте гулҳои рўйи роҳ ё сабзаҳои болои гузаргоҳро об медиҳанд, обаш ҳамагӣ ба дохили ин гузаргоҳ мерезад. Зимистон бошад, аз ҳисоби барфу борон...
Аз ҷойҳое, ки об мерезад, аллакай сурохиҳо пайдо шуда, мазут мечакад. Бар илова, аз болои ин гузаргоҳ шабурўз ҳазор-ҳазор мошинҳои сабукраву боркаш мегузаранд. Агар ҳол чунин давом ёбад, яқинан имкони рух додани садамае вуҷуд дорад.
Вақте оид ба мушкилоти мазкур ба Шамшерзода Зафар, сардори раёсати нигоҳдории роҳҳои ноҳияи Фирдавсӣ муроҷиат намудем, гуфт: “Дар доираи имкониятҳои мавҷуда, мо чанд маротиба гузаргоҳро аз таъмири ҷорӣ баровардем, вале дар назар дошта шудааст, ки ин гузаргоҳ таҷдид шавад. Барои пурра азнавсозии он ҳукумати ноҳияи Фирдавсӣ имкон надорад. Ин вобаста аст, аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе”.
Хеле хуб! Дар поёнтар боз бармегардем сари ин гуфтаҳо.
“ТАРСХОНА”
МАРКАЗИ ТИҶОРАТ
Ба макони тиҷоратӣ табдил додани гузаргоҳҳои зеризаминии пойтахт дар чашми ҳамагон аллакай як кори муқаррарист. Бошад, чанд нафар соҳиби ҷои кор мегардаду аз оворагардиву ба ҷиноят даст задан дур мешавад. Вале чунин маконҳои тиҷоратиро назорате аз ҷониби мақомоти дахлдор ҳаст? Баъзе аз гузаргоҳҳо ба “телефонбозор” табдил ёфтаву баъзеи дигар ба “куҳнабозор”, ки пас аз анҷоми рўзи корӣ бар ҳоли фаррошзанон дили кас месўзад. Ба қоидаҳои санитариву гигиенӣ дар ин маконҳо умуман аҳамият намедиҳанд. Хусусан дар гузаргоҳи зеризаминие, ки бинои “Сирки давлатӣ”-ро бо бинои Суди Олӣ мепайвандад, ҳудуди 20 ҳуҷрачаи тиҷоратӣ сохта шудааст, ки аз он 4-тоаш фаъолият мекунаду дигар ҳамагӣ дар ҳолати валангор қарор дошта, ба “партовгоҳ” ва хобгоҳи сархушону оворагардон табдил ёфтаанд...


ОХИР-УЛ-ДАЪВО
Бояд гуфт, ки ҳамарўза зеботар шудани пойтахти кишварамон боиси ифтихору сарафрозии ҳар яки мост. Биноҳои маъмурии зебо, хиёбону гулгаштҳои хушманзар, хонаҳои истиқоматии муосир, роҳҳои бузург ва кўчаки таъмиргашта, эстокадаҳову тарабхонаҳо, марказҳои савдову бозорҳои калонтарин, боғу ҳавзҳо ва ҳар чи ки метавонад ҳусну шаҳомати шаҳрамон биафзояд, то рафт хубу хуштар мешаванд. Чун аз деҳот нафаре ба шаҳри Душанбе меояд, бо шигифт ин ҳамаро тамошо мекунад. Хоса ифтихори мо аз зебоиҳои шаҳрамон пеши меҳмонони хориҷии кишвар низ андоза надорад. Аммо, мутаассифона, аз бепарвоии баъзе масъулин, ҳастанд маконҳои вайрону валангор, ки ҳусни ин қадар зебоиҳои номбаркардаи пойтахтамонро коста мегардонанд.
“ТАРСХОНА”
Дар мисоли ҳамин гузаргоҳе, ки болотар гуфта гузаштем. Ҳар сол ҳазор-ҳазор сайёҳ аз зебоиҳои кишварамон дидан мекунанду ба ҳаммилатону ҳамватанонашон аз дидаашон қисса мекунанд, вале Худо накарда, аз чунин гузаргоҳ роҳ убур карда бошанд ва кунанд...
Ҳамчунин, ҷашни бошукўҳеро паси сар намудем ва боз дар пеш идҳову чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ моро интизор аст, ки ҳатман пойтахт пур аз меҳмони дохиливу хориҷӣ хоҳад шуд, аммо боз ҳам афсуси мо сари мушкилоти ин гузаргоҳ аст, ки агар барои таҷдиди он Мақомоти ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ имкон надошта бошад, фаҳмидан мумкин, вале барои риоя намудани қоидаҳои санитариву гигиении дохили гузаргоҳ чӣ? Барои тозагии дохили он ҳам бояд чашм сўи ҳукумати шаҳр андозем? Наход бартараф намудани 10 дўкони валангор он қадар мушкил бошад, ки солҳост макони мўшону ҷои баровардани ҳоҷати майнушон гаштааст? Оё мо пеши бегонагон ҳамеша аз фарҳангу ҳунару покизагиамон мисол оварда, ифтихор намекунем?
Инҳо суолҳоеанд, ки бояд қалби ҳар нафар масъули соҳаро ба дард биёрад. Зеро инҷо на танҳо сухан сари зебоист, балки саломативу масъулият низ дар мисоли чунин ҷойҳо дар мадди аввал меистанд!
Қурбон АҲМАДЗОДА
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: