30 СОЛИ ФАЪОЛИЯТИ БОБАРОРИ ҲИЗБИ СОЗАНДА15-11-2024, 14:00
Хабарро хонданд: 636 нафар
Назарҳо: 0
Ба истиқболи ҷашни 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ Моҳи декабри соли ҷорӣ аъзою ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҷашни 30-солагии таъсисёбии ин ҳизби сиёсии пешбару созандаи даврони соҳибистиқлолии кишварро ба таври бошукӯҳ таҷлил менамоянд. Дар арафаи ин ҷашн ҳамчун яке аз собиқадорони ҳизб мехоҳам хотироти хешро бобати зарурияти ба арсаи сиёсат воридшавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва мавқеи он ҷиҳати ба эътидол овардани вазъи ногувори сиёсии мамлакат пас аз ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва ба роҳи рушди босуботи иқтисодию иҷтимоӣ равона намудани давлати навини тоҷикон баён намоям. Солҳои 90-уми асри XX, пас аз пошхӯрии давлати абарқудрати Иттиҳоди Шуравӣ дар ҳудуди 15 ҷумҳурии собиқи Иттиҳод давлатҳои соҳибистиқлоли алоҳида ба вуҷуд омаданд, ки дар қатори онҳо моҳи сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон низ соҳибистиқлолии хешро эълон кард. Дар марҳилаи аввали соҳибистиқлолӣ кишвари мо бо вазъияти хеле мудҳиши сиёсию иқтисодӣ дучор гардид, ки дар натиҷаи муноқишаҳои дохилӣ ва дахолати неруҳои хориҷӣ моҳи майи соли 1992 дар қисми ҷануби Тоҷикистон оташи ҷанги шаҳрвандӣ барангехта шуд. Таърих гувоҳ аст, ки миллати куҳанбунёди тоҷик ҳеҷ гоҳ ҷангҷӯ набуд, вале ихтилофҳои зери ниқоби ошкорбаёнию демократияи дар он солҳо ҷомеаи моро фарогирифта, нокифоягии таҷрибаи давлатдории мустақилонаи сиёсатмадорони вақт, мавҷудияти як қатор муаммоҳои иқтисодию иҷтимоӣ, ниҳоят боло гирифтани ҳисси мансабталошию маҳалгароии гурӯҳи сиёсатмадорон ва фирефтаи дасисабозиҳои аҷнабиён гардидани аксари мардуми ноогоҳ боиси он шуд, ки ба майдонҳои “Шаҳидон” ва “Озодӣ” анбӯҳи зиёди мардум кашида шуда, нооромиҳою қонуншиканиҳо дар саросари кишвар, алалхусус, дар пойтахти мамлакат - шаҳри Душанбе ва манотиқи ҷануби кишвар боиси фалаҷшавии ҳокимияти идоракунии марказӣ ва таҳрезии нақшаҳои ғаразноки ашхоси зиёди марказгурез гардид. Чунин вазъият ба он оварда расонд, ки санаи 5-уми майи соли 1992 аввалин хуни ноҳақ рехта шуд ва дар назди бинои Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вакили парлумон, собиқ сармуҳаррири рӯзномаи “Садои мардум” Муродуллоҳи Шералӣ ваҳшиёна кушта шуд. Ин ва дигар ҳодисаҳои даҳшатборе, ки пас аз он дар собиқ вилоятҳои Кӯлобу Қӯрғонтеппа, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба вуқӯъ омаданд, вазъи сиёсию иҷтимоии кишвари моро хеле мураккаб гардонида, ҳатто хатари аз байн бурдани давлати ҷавони соҳибистиқлоли тоҷиконро ба миён оварда буд. Хушбахтона, ақли солим ва хиради азалии фарзандони бонангу номуси миллати тоҷик ғалаба карда, моҳи ноябри соли 1992 Иҷлосияи таърихию саодатофари XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри Арбоби ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Ленинобод (ҳоло Суғд) баргузор гардида, қарорҳои қабулнамудаи вакилони вақти Шурои Олӣ баҳри аз вартаи нобудшавӣ раҳо додани кишвар ва ба арсаи сиёсат ворид намудани шахси ҷонфидо, инсони хирадпешаю сулҳофар, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле нақши муҳим бозид. Банда, ки он солҳо ба ҳайси муовини раиси комиҷроияи Шурои депутатҳои халқи вилояти Ленинобод (дар як вақт, дар вазифаи сардори Идораи молияи вилоят) фаъолият доштам, аз оғоз то анҷоми кори Иҷлосияи XVI ширкат намуда, аз суханрониҳои аввалини Сарвари тозаинтихоби Шурои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дарк мекардам, ки Офаридгор баҳри мардуми тоҷик наҷотбахшеро фиристодааст, зеро дар чеҳраи ӯ нури мардумсолорию ҷасорат ва дар вуҷудаш нексириштию вафодорӣ ба қавли додашуда эҳсос карда мешуд. Хизмати бузурги вакилони Иҷлосияи таърихии XVl Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бобати хостагирии номзади арзанда ба вазифаи Раиси Шурои Олӣ тамоми дастовардҳое, ки дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ таҳти сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба амал омадааст, бори дигар тасдиқ менамояд. Мавриди зикр аст, ки аз оғози фаъолияти хеш Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати ба талаботи демократия ҷавобгӯ гардонидани низоми давлатдорӣ ва баланд бардоштани мақоми ҷомеаи шаҳрвандӣ дар идоракунии мамлакат таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Дар хотир дорам, ки ҳанӯз солҳои 1993-1994 бо мақсади заминаи воқеӣ гузоштан дар самти фаъолияти бонизоми ҳизбҳои сиёсӣ ва мусоидат намудан ба таҳияи барномаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии минтақаҳо дар шароити мавҷудияти бисёрҳизбӣ Эмомалӣ Раҳмон тарафдори таъсис додани ҳизбҳои нави сиёсӣ буданд. Масалан, дар он солҳо, баъзе фикру мулоҳизаҳо бобати номивазкунии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ва дар заминаи он ташкил додани Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба муҳокима гузошта шуда буд, вале Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод карданд, ки мо бояд ҳизби нави сиёсии ба талаботҳои давлати демократию ҳуқуқбунёд ҷавобгӯйро таъсис диҳем. Бо ибтикори бевоситаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамсафони содиқи он кас - Абдумаҷид Достиев, Маҳмадсаид Убайдуллоев, Сафар Сафаров, Раҷабалӣ Давлатзода, Сайфулло Сафаров, Сафаралӣ Раҷабов ва чанде дигарон санаи 10-уми декабри соли 1994 Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон номнавис гардид ва кумиҷроияҳои вилоятӣ, шаҳрию ноҳиявии ҳизб дар саросари кишвар ба фаъолият оғоз карданд. Дар хотир дорам, ки солҳои аввали таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон масъулини кумиҷроияҳои ҳизб доир ба Оиннома ва Барномаи ҲХДТ, ҳадафҳо ва зарурияти ба арсаи сиёсат воридшавии ҳизби мазкур бо ҳама шахсиятҳои фаъоли ҷомеа корҳои ташвиқотию тарғиботиро васеъ ба роҳ монда, баҳри ба сафи ин ҳизби сиёсӣ ҷалб намудани шахсони пешқадаму барӯманд кӯшиш ба харҷ медоданд. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, воқеан ҳам, ҳизби ормонҳои халқ ва демократӣ буда, маҳсули тафаккуру эҷоди халқи фарҳангофар ва созандаи мост. Ин ҳизб дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки роҳи ояндаи кишвари моро чун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, ягона ва иҷтимоӣ муайян намудааст, созмон дода шуда, идеологияи ҳизб ба ҳалли муаммоҳои зиндагии мардуми азияткашидаамон нигаронида шудааст. Ҳизби мо ифодакунандаи иродаи маҳз он мардумест, ки ба ин Конститутсия овоз дода буданд ва роҳи ояндаи Тоҷикистонро дар сулҳу субот, оромии сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, гул-гулшукуфоӣ, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии халқ, таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва ташаккули давлати миллӣ дидан мехоҳанд. Ин ормонро шиор эълон кардани Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон беасос нест, зеро онҳое, ки ин ҳизбро таъсис додаанд, маҳз он неруе мебошанд, ки давлати моро аз ҳалокату парокандагӣ наҷот дода, халқи тоҷикро аз тотолитаризм, сепаратизм, маҳалгароӣ, экстремизм ва мазҳабталошӣ наҷот доданд ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳизби созанда, бунёдкор ва навовар ном гирифт. Ба ҳайси аввалин роҳбарони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Саидҷон Бобоев ва Анвар Ҷалилов (равонашон шод бод!) интихоб шуда буданду ҳар кадоми онҳо бобати ташкили бонизоми фаъолияти ҳизб дар шимоли кишвар ва амалигардонии барномаҳои созандаи ҳизб саҳми муносиби хешро гузоштаанд. Дар тӯли ин солҳо, сарварии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғдро Қосим Қосимов, Бибихон Азизова, Даврон Зоҳидов, Сарфароз Фаттоҳзода, Матлубахон Сатториён, Зуфар Исмоилзода ба уҳда доштанд ва аз моҳи августи соли 2023 ин ниҳоди масъулиятноки ҳизбиро яке аз дастпарварони Мактаби давлатдории Пешвои миллат Мирзоқосим Каримзода роҳбарӣ карда истодаанд. Рӯз аз рӯз зиёдшавии сафи ҳизбиён аз он шаҳодат медиҳад, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти сарварии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби мардум ҳамчун ҳизби созандаю пешбарандаи ҷомеа баҳри амалигардонии ҳадафҳои стратегии давлату ҳукумат - аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ додани ҷумҳурӣ, ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ, таъмини бехатарии озуқаворӣ ва саноатикунонии устувори кишвар эътироф шудааст. Ин нуктаро таъкид кардан бамаврид аст, ки дар тӯли 30 соли фаъолияти хеш роҳбарият ва кулли аъзои ҳизб баҳри пойдор намудани ваҳдати миллӣ, рушди бонизоми иқтисодию иҷтимоии мамлакат, сари вақт амалӣ кардани барномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба иҷро расонидани дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешсафиро аз даст намедиҳанд. Хусусияти фарқкунандаи ҳадафҳои ҳизби мо аз дигар ҳизбҳои сиёсӣ дар он аст, ки барномаҳои ҲХДТ бо барномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамрадиф буда, ин масъулияти аъзои ҳизбро баҳри иҷрои на танҳо Барномаи ҲХДТ, балки ҷиҳати иҷрои босамару саривақтии барномаҳои умумидавлатӣ боло мебардорад ва хушбахтона, дар тӯли 30 соли фаъолияти хеш ин ҳизби сиёсии кишвар ба боварии комили мардум сазовор гардид. Ҳаёт борҳо собит намудааст, ки таклифу пешниҳодҳои Роҳбари давлат, Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо аз тарафи кулли мардуми Тоҷикистон, балки аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ пурра дастгирӣ ёфта, як қатор низому қонунҳои дар давлати мо амалкунанда мавриди омӯзишу истифодабарии дигар давлатҳои сайёра қарор дода шуда истодааст, ки ин боиси хушҳолӣ ва сарфарозии ҳар як аъзои ҳизб ва дигар қишрҳои ҷомеа мебошад. Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид мекунанд, ки узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон будан ҳам ифтихору шараф ва ҳам масъулияти бузург дар назди халқу Ватан, сарнавишти ҷомеаи демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёди Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад. Зикр кардани ин нукта низ бамаврид аст, ки ҲХДТ таҳти роҳбарии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар тӯли тамоми солҳои фаъолияти хеш ҷиҳати таҳкими амнияту оромии сиёсӣ, рушди босуботи иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ, таъмини волоияти қонун ва фароҳам овардани шароити муносиб баҳри ноилшавӣ ба ҳадафҳои стратегии давлату ҳукумат устуворона амал менамояд. Фаъолони ҳизб хуб дарк менамоянд, ки аз натиҷаҳои ниҳоии кори Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар бисёр мавридҳо қабули қонуну қарорҳои асоснок оид ба рушди иқтисодию иҷтимоии давлати мо вобастагии калон дорад, чунки дар Парлумони кишвар, маҷлисҳои вакилони халқи вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва дигар сохторҳои идоракунии ҳокимияти давлатӣ аксариятро аъзои ҲХДТ ташкил медиҳанд. Ин омил, бешубҳа, мақом ва масъулияти ҳизбро дар назди мардум баланд бардошта, ҳар як узви ҳизбро водор месозад, ки дар корҳои созандагию ободонӣ фаъолона ширкат намоянд, ба хотири таъмини оромии сиёсии мамлакат, тарбияи ахлоқию хештаншиносии насли ҷавон бетарафӣ зоҳир накунанд ва аз таҷрибаи ҳаётии хеш дар ин самтҳо дуруст истифода баранд. Дар ин бобат Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бамаврид гуфтаанд: “Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар давраи сарнавиштсоз ба фаъолият шурӯъ намуда, аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ барои устуворию пойдории сулҳ ва ободии ватан кӯшиш ба харҷ дода, ҳадафи асосиаш ваҳдату ягонагӣ, таъмини ояндаи неки кишвар аст. Имрӯз аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ғояи умумии вазифаҳои бузурге, ки ҳалли онҳо танҳо ба манфиати ҷомеа аст, муттаҳид менамояд”. Боиси зикр аст, ки дар ин самтҳо аъзои Шурои собиқадорони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд якҷо бо шуроҳои собиқадорони кумитаҳои иҷроияи ҳизбии шаҳру ноҳияҳои вилоят низ мунтазам тадбирҳои заруриро андешида истода, доир ба амалигардонии ҳадафҳои ҲХДТ, вазифаи аъзоёни ҳизб ва зарурияти пурзӯр кардани корҳои ташвиқотию тарғиботии ҳизбӣ дар маҳалҳо мулоқот ва суҳбатҳои муфид мегузаронанд. Хурсандиовар он аст, ки солҳои охир собиқадорони фаъоли ҳизб бобати тарбияи ахлоқию хештаншиносии наслҳои ҷавон, омодасозии захираи кадрҳои ҳизбию хизмати давлатӣ ба кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он ҳамкориҳои судмандро ба роҳ монда, таҷрибаи хешро ба мутахассисони ҷавон тавассути иштирок ба дарсҳои Мактаби захираи кадрҳои назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилоят, маҳфили “Пайванди наслҳо”-и Шурои собиқадорони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ва дигар чорабиниҳои ҳизбию давлатӣ меомӯзонанд. Ногуфта намонад, ки дар самти иҷрои муваффақонаи барномаҳои ҲХДТ ва мусоидат ҷиҳати татбиқи саривақтии сиёсати дохилию хориҷии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзномаҳои ҳизбӣ мавқеи махсус доранд. Ҳафтаномаи “Сухани халқ”, ки нашрияи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд мебошад, яке аз рӯзномаҳои серхонанда ва тарғибгари фаъоли барномаҳои ҳизб дар вилояти Суғд ба ҳисоб рафта, дар тӯли фаъолияти хеш ҷиҳати ба сокинони вилоят ва ҷумҳурӣ дастрас намудани ахбороти муҳимми ҳизбию давлатӣ мавқеи хоссаро соҳиб гардидааст. Омӯзиши нуқтасанҷонаи матолиби дар ҳафтаномаи мазкур нашргардида аз он шаҳодат медиҳад, ки масъулини ҳафтанома ҷиҳати ҳаматарафа дастгирӣ намудани сиёсати дохилию хориҷии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Президенти кишвар бобати рушди босуботи иқтисодию иҷтимоии мамлакат ва ҷалби таваҷҷуҳи роҳбарони мақомоту сохторҳои дахлдор оид ба бартарафкунии камбудиҳои дар ин самтҳо ҷойдошта кӯшиш ба ҳарҷ дода истодаанд. Шоистаи зикр аст, ки имрӯзҳо дар саросари мамлакат, аз ҷумла дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд корҳои ободонию созандагӣ баҳри сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад ва дар ин ҷода низ ҳизбиёни вилоят пешсаф буда, ҳиссаи арзандаи хешро мегузоранд. Вазъи имрӯзаи ногувори сиёсии олам ва хатарҳои раванди ҷаҳонишавию тағйирёбии иқлим тақозо менамояд, ки ҳар як аъзои ҳизб аз ҳарвақта дида бештар садоқати худро ба ғояҳои волои он нишон дода, неруи ҷисмониву зеҳнии худро ба ҳифзи дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолӣ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии мамлакат равона созад. Дар ин марҳилаи ҳассоси иҷрои рисолати таърихии хеш аъзои ҳизби моро зарур аст, ки аз рӯйдодҳои муҳимми сиёсии кишвар ва хориҷи он воқиф бошанд ва ба ин равандҳо баҳои дурусти сиёсӣ дода тавонанд. Тавре ки Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 16-уми феврали соли равон дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид доштанд: “Ҳамаи мо вазифадорем, ки дар шароити ниҳоят ҳассос, ноорому пуртаҳаввули ҷаҳони имрӯза ва афзоиши таҳдиду хатарҳои муосир баҳри ҳимояи истиқлолу озодӣ, суботи сиёсӣ, ҳифзи манфиатҳои давлату миллат ва ободии Ватани азизамон омода бошем ва дар ин ҷода, аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бояд пешсафиро аз даст надиҳанд”. Таҷрибаи тӯли ин солҳо таҳти сарварии Президенти кишвар, Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бадастовардаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон имконият медиҳад, ки аъзои он якҷо бо дигар ҳизбу ҳаракатҳои ватанпараст ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - ноил шудан ба таъмини зиндагии шоистаи ҳар як сокини мамлакат тадбирҳои судмандро амалӣ намоянд. Он рӯз дур нест, ки сарзамини биҳиштосои тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ ҳам аз нигоҳи оромии сиёсӣ ва ҳам аз ҷиҳати рушди босуботи иқтисодию иҷтимоӣ мақоми сазоворро ишғол намуда, мардуми куҳанбунёди тоҷик миллати созанда ва сулҳдӯст буданашро бори дигар ба ҷаҳониён намоиш хоҳад дод. Дар маҷмуъ, ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки алҳол давлати мо таҳти роҳбарии хирадмандона ва дурандешонаи Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бомаром рушд карда истодааст ва дар ин дастовардҳо, бешубҳа, саҳми аъзои ҲХДТ басо чашмрас аст. Каромулло ОДИЛОВ, муовини раиси Шурои собиқадорони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.