Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид: «Ба замине, ки ба шарофати он зиндагӣ мекунем, мисли ваҳшӣ муносибат дорем»

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид: «Ба замине, ки ба шарофати он зиндагӣ мекунем, мисли ваҳшӣ муносибат дорем»

1-07-2024, 09:03
Хабарро хонданд: 945 нафар
Назарҳо: 0
Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид: «Ба замине, ки ба шарофати он зиндагӣ мекунем, мисли ваҳшӣ муносибат дорем»Некӯаҳволии миллиардҳо одамон аз ҳолати замине, ки ҳаёти онҳоро таъмин мекунад ва воситаи зинда буданашон мебошад, вобаста мебошад. Аммо одамон ба замин мисли ваҳшиҳо бераҳмона муносибат мекунанд. Дар натиҷа, дар ҳар як сония замини баробар ба чор майдони футбол аз истифода берун мешавад. Чунин изҳор кард Дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид дар паёми худ ба муносибати Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза ба муқобили биёбоншавӣ ва хушксолӣ, — иттилоъ медиҳад АМИТ бо истинод ба сомонаи «Хабарҳои Созмони Милали Муттаҳид».

Мавзуи имсолаи Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза ба муқобили биёбоншавӣ ва хушксолӣ моро ҳушдор медиҳад, ки баҳри ҳифзи манфиатҳои замин бо ҳам бошем.

«Ҳукуматҳо, доираҳои расмӣ ва илмӣ, иттиҳодияҳо ва дигар ҷонибҳоро зарур аст кӯшишҳои худро якҷоя карда, амал кунанд», – даъват кардааст Дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид Антониу Гутерриш.

Ӯ таъкид кардааст, ки Қарори Созмони Миллали Муттаҳид оид ба мубориза бар зидди биёбоншавии замин, ки 30 сол қабл қабул шудааст, дастурест барои амалҳои якҷоя дар ҳалли мушкилоти мазкур.

Зимнан, биёбоншавӣ, корношоям шудани замин ва хушксолӣ яке аз мушкилоти ҷиддии экологии замони муосир мебошад. Аллакай беш аз 40 фоизи захираҳои замин дар рӯи ҷаҳон корношоям дониста мешавад.

Замини коршоям ба инсоният на танҳо 95 фоизи маҳсулоти хӯрокворӣ медиҳад, ҳамчунин одамонро мепӯшонад, ба онҳо паногоҳ медиҳад, кор медиҳад, барои онҳо василаи зинда мондан мебошад, инсонҳоро аз хушксолӣ, обхезӣ, сӯхтори ҷангалзор ҳимоя мекунад. Дар баробари ҳамин афзудани нуфуси аҳолӣ дар ҳамбастагӣ бо истеҳсолоти ноустувор талаботро ба захираҳои табиӣ бештар намудааст. Ин дар навбати худ ба замин сарбории аз ҳад фузун оварда, боиси корношоям гардидани он шудааст. Биёбоншавӣ ва хушксолӣ боиси рӯ овардани миллионҳо одамон ба муҳоҷирати иҷборӣ мегардад, ки дар пайи худ оқибатҳои ногувор дорад.

Аз 8 миллиард сокинони сайёра зиёда аз як миллиард ҷавонони то 25-сола дар мамлакатҳои тараққикунанда, асосан дар минтақаҳое, ки ҳаёт аз захираҳои замин вобастагӣ дорад, зиндагӣ мекунанд.

Таъсис додани ҷойҳои корӣ барои сокинони деҳот — қарори дуруст мебошад. Зеро он ба ҷавонон имкон медиҳад, ки аз имкониятҳои соҳибкории экологӣ ва таҷрибаи пешқадам истифода баранд.

Дар ояндаи наздик идораи оқилонаи замин, ки аз қимматтарин захираҳои инсоният мебошад таваҷҷуҳи боз ҳам бештарро ба худ ҷалб мекунад. Зеро замин субот ва рушди миллиардҳо одамонро дар рӯи замин таъмин мекунад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: