Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Корхонаҳои Тоҷикистон ба маблағи 1,5 миллиард сомонӣ масолеҳи сохтмонӣ истеҳсол кардаанд Сентябрь 6, 2021 14:47

Корхонаҳои Тоҷикистон ба маблағи 1,5 миллиард сомонӣ масолеҳи сохтмонӣ истеҳсол кардаанд Сентябрь 6, 2021 14:47

7-09-2021, 08:42
Хабарро хонданд: 439 нафар
Назарҳо: 0
Корхонаҳои Тоҷикистон ба маблағи 1,5 миллиард сомонӣ масолеҳи сохтмонӣ истеҳсол кардаанд Сентябрь 6, 2021 14:47

ДУШАНБЕ, 06.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Корхонаҳои соҳаи масолеҳи сохтмонии Тоҷикистон дар шашмоҳаи аввали соли равон ба маблағи 1,5 миллиард сомонӣ масолеҳ истеҳсол кардаанд, иттилоъ медиҳад Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ҳиссаи соҳа дар маҷмӯи маҳсулоти саноатӣ нуҳ дарсадро ташкил дод. Ҳаҷми содироти масолеҳи сохтмонӣ 27,2 миллион доллари амрикоӣ ва ҳаҷми воридот 26,6 миллион долларро ташкил намуд. Зиёдшавии ҳаҷми содирот аз ҳисоби фурӯши семент мебошад. Қисми зиёди масолеҳи сохтмонии воридотиро кошин, шиша, гаҷкартон ва маснуоти санитарӣ ташкил медиҳад. Дар ин давра аз Тоҷикистон ба кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Узбекистон, Афғонистон ва Қирғизистон 613,2 ҳазор тонна семент интиқол дода шуд.

Мавриди зикр аст, ки Тоҷикистон дар байни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар моҳи январ — июни соли равон аз ҷиҳати афзоиши суръати истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, ки 21,5 дарсадро ташкил дод, зинаи баландтаринро соҳиб шуд. Дар ин раддабандӣ баъд аз Тоҷикистон Молдова ва Беларус бо 11,9 — 11,1 дарсад ва Узбекистон бо 8,2 дарсад қарор доранд. Инчунин тибқи маълумот, суръати афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Чин 15,9 дарсадро ташкил дод.

Акс аз Вазорати саноат ва техн
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: