Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Маҷлиси Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ

Маҷлиси Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ

6-09-2021, 09:00
Хабарро хонданд: 1027 нафар
Назарҳо: 0
  Маҷлиси Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ
Дар Маҷлиси Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки 3 сентябр дар толори бинои собиқ Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд, мавзуи нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар бунёди давлатдории миллӣ ва таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва дигар масъалаҳои вобаста ба тавсиаи фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар маҷлис аъзои КИМ, аз ҷумла муовинони Раиси ҳизб, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, раиси Комиссияи марказии тафтишотии ҳизб, аъзои Фраксияи ҳизб дар Парлумони кишвар, кормандони масъули Дастгоҳи марказӣ, чанде аз раисони кумитаҳои иҷроияи ҳизбии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, намояндагони Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан», фаъолони ҳизбӣ ва намояндагони ВАО иштирок доштанд.
Дар ибтидо аъзои КИМ ҲХДТ рўзномаи маҷлисро барои баррасии се масъала тасдиқ карданд:
- Дар бораи нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар бунёди давлатдории миллӣ ва таҳкими истиқлолияти давлатӣ;
- Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба низомномаҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон; -
Масъалаҳои ташкилӣ.
Аз рўйи масъалаи якум Муовини якуми Раиси ҳизб Абдуҷаббор Азизӣ баромад намуда, таъкид дошт, ки мову шумо дар арафаи ҷашни воқеан пуршукўҳ ва сарнавиштсоз, 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. Миллати соҳибтамаддуну фарҳангсолори тоҷик маҳз бо файзу баракати Истиқлол ба давлатдории миллӣ ва эъмори ҷомеаи демократӣ расид. Дар ҳамаи дастовардҳои мо дар самту бахшҳои гуногун ва муҳими давлатдорӣ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки худ зодаи даврони истиқлол ва тафаккури созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҳизб, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, нақши муассир ва мондагор дорад. Мавсуф афзуд: - Имрўз бо қаноатмандӣ гуфта метавонем, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба як нерўи тавонои сиёсӣ табдил ёфтааст. Шумораи аъзои ҳизб қариб ба 500 ҳазор нафар расида, пояҳои сохтории он пурра такмилу таҳким ёфтааст.
Мардуми шарафманди кишвар ба ғояҳои созандаи ҳизби мо эътимоди қавӣ доранд, зеро он дар сафи пеши созандагию бунёдкорӣ ва ташаббускориҳо қарор дорад, ки барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва таъмини зиндагии шоистаи мардум равона гардидааст. Ҳизб бо фаъолияти фарогире, ки дар ҷомеа дорад, бояд пешсафиро ҳифз намуда, онро таҳким бахшад ва ба он муваффақ гардад, ки ба таҳаввулоти ҷомеа баҳои воқеӣ дода, фарогири орзую омол ва манфиатҳои қишрҳои мухталифи ҷомеа кору пайкор намояд.
Дар маъруза ёдоварӣ, яке аз дастовардҳои муҳимтарини ҲХДТ ҳифз кардану таҳким бахшидани давлатдории миллӣ мебошад. Ин масъала дар шароити пуртазоду печидаи замони муосир, рўз ба рўз мураккаб шудани вазъи геополитикии минтақа ва ҷаҳон, шиддат гирифтани рақобат ва бархӯрди манфиатҳои кишварҳои абарқудрат ва таҳти таъсири равандҳои ҷаҳонишавӣ осебпазир гардидани Истиқлоли давлатҳои миллӣ аҳамияти торафт ҷиддиву ҳаётӣ пайдо мекунад. Густариши худшиносиву худогоҳии миллӣ, ҳисси ватандӯстиву ватандории мардум ва баланд гардидани маърифати сиёсиву ҳуқуқии аҳолии кишвар, ба хусус наврасону ҷавонон дастоварди дигари даврони истиқлол ба ҳисоб меравад.
- Дар атрофи ғояи «Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол – Ватани маҳбуби ҳамаи мо» муттаҳид намудани тамоми гурўҳҳо ва қишрҳои ҷомеаи кишвар яке аз ҳадафи асосии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ки маҳз ҳамин ғоя нуқтаи пайванд ва ҳалқаи ба ҳам оварандаи тамоми мардуми кишвар, сарфи назар аз миллату забон, дину мазҳаб ва ақидаву мавқеи сиёсӣ буда, дар айни замон воситаи муассиртарини ҳифзи Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол ба шумор меравад, — баён дошт А. Азизӣ.
Вай таъкид кард: - Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар асоси дастуру тавсияҳои Раиси муаззами худ баҳри ҳифзи ҳувияти миллӣ ва арзишҳои волои халқи куҳанбунёдамон дар шароити ҷаҳонишавӣ фаъолияти густурдаеро роҳандозӣ намудааст. Баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ ҷиҳати қадрдонӣ ва гиромидошти шахсиятҳои бузурги миллӣ, мутафаккирону донишмандон, шоиру нависандагон ва олимону адибон аз ташаббусҳои бузургу беназири Пешвои миллат дар даврони соҳибистиқлолӣ мебошад, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон низ дар ин раванд пайваста саҳмгузор аст.
Дар Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки барои солҳои 2020-2025 қабул гардидааст, самтҳои афзалиятноки пешрафти кишвар ва фаъолияти ҳар яки моро муқаррар менамояд, ба масъалаи таҳкими истиқлолияти давлатӣ, суботу амният, ваҳдати миллӣ, ягонагии халқи Тоҷикистон, баланд бардоштани сатҳ некўаҳволии мардум ва дастгирии қишри ниёзманди аҳолӣ аҳамияти аввалиндараҷа дода шудааст.
Муовини якуми Раиси ҲХДТ дар идомаи маърўзаи худ бо ишораи ба он ки нақши аҳзоби сиёсӣ, бахусус мавзеъ ва мақоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои беҳтар гардидани шароити арзандаи зиндагӣ равона шудааст, боз ҳам афзуд: -Ҳадафи аслии ҳизби мо ҷалби мардум ба корҳои созандагию бунёдкорӣ, таҳкими сулҳу субот ва таъмини зиндагии шоистаи сокинони кишвар мебошад. ҲХДТ дар давоми фаъолияти 27 - солаи худ аз имтиҳонҳои зиёде гузашта, обрў ва манзалаташро дар миёни табақаҳои мухталифи ҷомеа таҳким бахшид. Ҳамин аст, ки дар маъракаҳои сиёсӣ ҳамеша пешсаф буда, дар рақобатҳои интихоботӣ пайваста ба пирўзӣ мерасад. — Марҳалаи имрўза аз ҳар як узви ҳизб, роҳбарону кормандони сохтору мақомоти гуногун ва ҳамаи шаҳрвандони мамлакат тақозо менамояд, ки ба ҳалли проблемаҳои ҷойдошта эътибори ҷиддӣ диҳем.
Бинобар ин аз аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон хоста шуд, дар марҳилаи наздиктарин тамоми қуввава ва маҳорату истеъдоди худро барои тавсеа ва тақвият бахшидани ваҳдати миллӣ, суботи сиёсӣ ва амният, волоияти қонун, муборизаи беамон зидди коррупсия ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, таъмини рушди устувори кишвар бо истифодаи васеъ аз дастовардҳои илмию технологии муосир сафарбар намоянд.
Таъкид гардид, ки мақомоти роҳабрии ҳизб омода аст, сиёсати пешгирифтаи худро дар мавриди муборизаҳои осоиштаи ҳизбу ҳаракатҳо аз тариқи интихоботи озоду шаффоф ва демократӣ идома дода, ҳамкориҳоро бо дигар аҳзоби сиёсӣ барои ҳифзу таҳкими манфиатҳои умумимиллӣ тақвият бахшад ва барои оромию осудагӣ ва суботи ҷомеа ба муқобили ҳама гуна зуҳуроти номатлуб, ифротгароии динию мазҳабӣ, таҳмили идеологияи хатарзо ва ҷараёну равияҳои ҷудоиандоз мубориза барад.
А. Азизӣ иқдомҳои иҷтимоии ҳизбро яке аз бахшҳои дигари муҳим дар фаъолияти ҳизб донист ва гуфт: -Сохтану ба истфода додани биноҳои истиқоматӣ барои зарардидагони офатҳои табиӣ, таъмири мактабу кўдакистонҳо, мумфарш намудани роҳҳо, таъмир ва сохтмони пулҳо, иншооти обёриву хизматрасонӣ аз ҷониби сохторҳои ҳизбӣ ва аъзои фаъоли ҳизб ба ҳукми анъана даромада ва ин амалҳо аз ҷониби аҳли ҷомеаи кишвар истиқболи гарму самимиро ба миён меоварад.
Дар ин амалҳои хайр ва ташаббусҳои наҷиб аъзои ифтихории ҳизби мо аз ҳисоби соҳибкорон Акбар Асадулло, Рўзизода Акрам, Маҷидов Мирзоалӣ, Юсупов Рустам, Пўлодзода Эмомалӣ, Ҷўраев Даврон, Муродов Маҳмудҷон, Қодирзода Абдуҳалим, Воҳидзода Умеда, Алиматов Умар ва чандин нафарони дигар пайваста қумак мерасонанд, ки бо истифода аз фурсати муносиб ба онҳо сипосу миннатдории роҳбарияти ҳизб ва Раёсати Кумитаи иҷроияи марказиро мерасонам.
Пас аз маърўзаи муовини якуми Раиси муаззами ҳизб чанде аз аъзои Раёсат, Кумитаи иҷроияи марказӣ ва ҷонибдорони фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сухан карда, бо тарафдорӣ аз сиёсати пешгирифтаи давлат таҳти роҳбарии Сарвари муаззами ҲХДТ нақши ҳизбро дар ҳифзу таҳкими истиқлолияти давлатӣ барҷаста ва муҳим донистанд.
Аз ҷумла Қурбонова Руқия – раиси Шўрои собиқадорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Сафарзода Хайрулло Амиралӣ – раиси Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “НБО Роғун”, Абдуллоева Шукрона - донишҷўи курси 4-и Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Абашкина Наталя Викторовна — муаллимаи мактаби миёнаи назди Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия; Мустаҷобова Рўдоба – раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Идиева Зарина – муовини якуми раиси ноҳияи Рашт ва Миралиён Қиёмиддин – раиси КИҲХДТ дар вилояти Хатлон дар суханрониҳояшон ба паҳлўҳои фаъолияти ҳизб, ҳамчун меваи даврони соҳибистиқлолӣ руҷўъ намуда, амалкардҳои ин ташкилоти сиёсиро пурсамар ва созанда арзёбӣ намуданд.
Иштирокчиён аз рўйи масъалаи мавриди баҳс қарори дахлдор қабул шуд.
Дар идома масъалаи дуюми рўзномаи маҷлис — ворид намудани тағйиру иловаҳо ба низомномаҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баррасӣ гардида, дар ин маврид низ қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
Бар асоси қарори дигари маҷлис ба таркиби КИМ ҲХДТ тағйирот ворид шуд, ба ҷои онҳое, к ибо сабабҳои гуногун аз кишвар берун рафтаанд, вафтидаанд ва ё бо хоҳиши худ робитаашонро қатъ кардаанд, аъзои нав қабул ворид гардиданд.
Дар Маҷлиси КИМ ҲХДТ ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як теъдод аз фаъолони ҳизбӣ бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд.
Ин мукофотҳо аз суйи Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин ва муовини Раиси ҲХДТ А. Азизӣ дар вазъияти тантанавӣ ба фаъолон, аъзои ҳизб ва шахсиятҳои қадрдонишуда тақдим гардиданд.
Инчунин дар асоси супориши Раиси муаззами ҳизб, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шумораи зиёде аз масъулони ниҳодҳои давлатӣ, раисони КИ, фаъолони кумитаҳо ва ташкилотҳои ҳизбӣ мутобиқи банди 3.1-и Низомнома “Дар бораи сарфароз гардонидан бо Ифтихорнома ва Сипосномаи ҲХДТ” ва бо қарори Раёсати КИМ ҲХДТ дар вазъияти тантанавӣ бо ин мукофотҳои ҳизбӣ қадрдонӣ шуданд.

Ҷои фараҳмандист, ки ду нафар кормандони собиқадори матбуоти тоҷик ва ҳамкорони мо, Алиҷон Ҷўраев – муҳаррири масъули ҳафтаномаи «Минбари халқ» ва Ҳуринисо Ализода – хабарнигори ин нашрия бо медали «Хизмати шоиста» ва Сипосномаи ҲХДТ сарфароз гардиданд.

Солеҳ Юсуфов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: