Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » МУБОРАК БОШАД! Бори аввал дар таърихи соҳибистиқлолии кишвар нахустин зан бо рутбаи баланди «генерал-майори милитсия» сазовор дониста шуд

МУБОРАК БОШАД! Бори аввал дар таърихи соҳибистиқлолии кишвар нахустин зан бо рутбаи баланди «генерал-майори милитсия» сазовор дониста шуд

26-08-2021, 08:27
Хабарро хонданд: 133 нафар
Назарҳо: 0
МУБОРАК БОШАД! Бори аввал дар таърихи соҳибистиқлолии кишвар нахустин зан бо рутбаи баланди «генерал-майори милитсия» сазовор дониста шуд
Август 25, 2021 13:31

ДУШАНБЕ, 25.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, 25 август дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбарону намояндагони мақомоти қудратӣ, низомӣ, амниятӣ ва судии кишвар, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, мукофотҳои давлатӣ супориданд.

Дар ин маросим, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хизматҳои арзанда ба сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барно Саидвализода рутбаи махсуси навбатии “генерал-майори милитсия” дода шуд.

Мавриди зикр аст, ки давоми 30-соли соҳибистиқлолӣ бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти баланд бардоштани нақши занону бонувон дар ҷомеа тадбирҳои муҳим амалӣ шуд. Бори аввал дар таърихи соҳибистиқлолии кишвар нахустин зан бо рутбаи баланди “генерал-майори милитсия” сазовор дониста шуд.

Барно Саидвализода қаблан дар вазифаҳои муовини Директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сардори Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини аввали Сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати ҶТ кор кардааст. Номзади илми ҳуқуқшиносӣ мебошад.

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 апрели соли 2020 Сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шудааст.

Ёдовар мешавем, ки имрӯз ҳамчунин бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи додани рутбаҳои навбатии ҳарбӣ, ҳарбии олӣ, дараҷавӣ ва махсус” ба 37 нафар роҳбарону намояндагони мақомоти қудратӣ, низомӣ, амниятӣ ва судии кишвар рутбаҳои навбатии махсуси “генерал-полковники милитсия”, “генерал-лейтенанти адлия”, “генерал-майори адлия”, “генерал-лейтенант”, “генерал-майор”, рутбаи дараҷавии “мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3”, “генерал-майори милитсия”, “генерал-майори хизмати дохилӣ” ва “генерал-майори хадамоти гумрук”, супорида шуд.

АКСҲО: Хадамоти матуботи Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»

МАЪЛУМОТНОМАИ АМИТ «ХОВАР»:

САИДВАЛИЗОДА Барно Саиднабӣ 4 октябри соли 1973 таваллуд шуда, мактаби миёнаро соли 1990 бо баҳои аъло ва медал хатм кардааст.

Соли 1996 факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро ба итмом расонида, моҳи марти соли 2012 дар шаҳри Москва (ФР) дар мавзӯи «Масоили ҳуқуқӣ-ҷиноӣ ва криминологии авф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» («Уголовно-правовые и криминологические проблемы амнистии в Республике Таджикистан») рисолаи номзадӣ дифоъ намудааст. Номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ мебошад.

Солҳои 1993 – 2009 дар мақомоти корҳои дохилии шаҳру ноҳияҳои гуногуни мамлакат ба сифати муфаттиш кор кардааст.

Солҳои 2009 – 2012 – Сардори Шуъбаи тафтиши ҷиноятҳои марбут ба кофтукови ҷиноии Раёсати тафтишотии ВКД ҶТ.

Солҳои 2012 – 2014 – муовини Директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Солҳои 2014 -2017 — муовини Сардори Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Солҳои 2017-2018 – Сардори Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Солҳои 2018-2020 – муовини якуми Сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Аз моҳи апрели соли 2020 Сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Забонҳои русӣ ва англисиро медонад.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 июли соли 2016 бо медали «Хизмати шоиста» қадрдонӣ шудааст.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: