Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Бори аввал дар таърихи соҳибистиқлолӣ аз ҷониби роҳбарияти Хадамоти иҷро ба кормандон рутбаҳои дараҷавӣ дода шуд

Бори аввал дар таърихи соҳибистиқлолӣ аз ҷониби роҳбарияти Хадамоти иҷро ба кормандон рутбаҳои дараҷавӣ дода шуд

8-09-2020, 15:49
Хабарро хонданд: 360 нафар
Назарҳо: 0
Бори аввал дар таърихи соҳибистиқлолӣ аз ҷониби роҳбарияти Хадамоти иҷро ба кормандон рутбаҳои дараҷавӣ дода шудИмрӯз, дар остонаи 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал дар таърихи соҳибистиқлолии мамлакат аз ҷониби роҳбарияти Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тасдиқи Низомномаи тартиби додани рутбаҳои дараҷавии кормандони Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни маҷлиси тантанавӣ дар шаҳри Душанбе маросими тақдими рутбаҳо доир гардид.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ҷамъомад роҳбарияти Хадамот, кормандони дастгоҳи марказии Хадамот, иҷрочиёни Хадамоти иҷро дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе, судҳои иқтисодӣ ва ҳарбии гарнизони Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ширкат намуданд.

Қабл аз оғози ҷамъомад аз ҷониби Сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барно Саидвализода зикр гардид, ки «воқеан пойдории давлат ва бақои он ба адолати судӣ вобастагӣ дошта, дар таъмини адолати судӣ иҷрои санадҳои судӣ нақши муҳим дорад. Зеро тавассути иҷрои ин санадҳо боварии мардум ба ҳокимияти судӣ ва мақомоти иҷро зиёд гардида, ба ташаккули давлати ҳуқуқбунёд дар мамлакат такони бузург мебахшад».

Зикр гардид, ки Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, татбиқи сиёсати давлатиро дар соҳаи ташкил ва танзими давлатии истеҳсолоти иҷро таъмин менамояд. Бо мақсади ба роҳ мондани иҷрои саривақтии санадҳои судӣ ва санадҳои мақомоти давлатӣ бо ташаббуси сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 апрели соли 2018 Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: