Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Ҳаҷҷи Акбар ва сирҳои паси парда

Ҳаҷҷи Акбар ва сирҳои паси парда

14-10-2015, 16:05
Хабарро хонданд: 649 нафар
Назарҳо: 0
Ҳаҷҷи Акбар ва сирҳои паси пардаЧун солҳои пешин, имсол низ бархе аз шаҳрвандони моро зиёрати «Хонаи Худо» насибашон гашт ва ин нафарон бо дарёфти унвони пуршарафи «ҳоҷӣ» ба Ватан баргаштанд. Баъд аз адои яке аз рукнҳои асосии динӣ аз як гӯшаи орӣ аз дарёву дорои иқлими тоқатфарсои гарм ва бегиёҳи дунё, аммо ватани дини бузургтарини (аз рӯи шумораи пайравонаш) гетӣ ва Паямбари Ислом Ҳазрати Муҳаммад (с) ҳамватанони мо, бархе бо кӯлбори тавбаву надомат ва пушаймонӣ аз кирдорҳои қаблии хеш, аммо зиёд аз онҳо ҳамоне ки буданд, танҳо акнун бо иловаи унвони шарафманди «ҳоҷӣ» пешопеши номи хеш вориди Меҳани сарсабзу хуррам гаштанд.
Пеш аз оне, ки маҳаки асосии мавзӯи пешгирифтаро пайгирӣ намоем, мехостам ойид ба баргузории ҳаҷҷи имсола рақамҳои расмии Кумитаи корҳои оид ба дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ин ҷо оварам. Чуноне ки аз сӯҳбат бо масъулини ин ниҳод аён гашт, аз ҷониби ҳукумати кишвар солҳои ахир барои шаҳрвандоне, ки нияти тавофи ҷойҳои муқаддаси Исломро доранд, корҳои зиёде ба субут расонида шудааст. Ҳамасола барои ташкил намудани маросими ҳаҷгузорӣ омодагиҳо хеле барвақт-аз моҳҳои январу феврал сурат мегиранд. Ситоди ҷумҳуриявии «Ҳаҷ-2015» таҳти сарварии муовини сарвазири кишвар Марҳабо Ҷабборӣ созмон дода шуд, ки мақсади он ҳама ҷанбаҳои омодагиҳо ба ин маросими диниро таҳти назорат гирифтан буд. Азизулло Мирзозода, муовини Раиси Кумитаи корҳои оид ба дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, ки тадбирҳои қаблӣ барои дар сатҳи сифатан нав баргузор шудани маросими ҳаҷгузорӣ кӯмаки амалии хешро расонидаанд:
- Гурӯҳи кории муайян иборат аз 12 нафар бо сарварии банда пеш аз оғози мавсими ҳаҷ озими Арабистони Саудӣ гардид, ки он дар самти ҳаллу фасли қабули зоирини тоҷик, масоили ҷобаҷокунӣ ва нақлиётиву таъминоти моддии онҳо фаъолият намуд. Аз ҷониби ширкати хидматрасон тамоми уҳдадориҳои ба зимма гирифтаи худ иҷро гардид. Баъд аз парвози аввал гурӯҳи дигари 6-нафараи мо ба шаҳри Макка раҳсипор гардид, ки ҷиҳати таъминоти зоирини тоҷикро таҳти назорати хеш қарор дод. Бояд гуфт, ки барои дурӣ аз Ватанро ҳис накардани онҳо дар ҳуҷраҳои меҳмонхонаҳо шиору овезаҳо ва нишону парчами Тоҷикистон насб карда шуданд.
Бино ба иттилои масъули ин ниҳод, имсол аз ҷумҳурӣ 6295 зоирин озими Арабистони Саудӣ гардиданд ва маблағи сафар 22906 сомонӣ барои як нафар зоирро ташкил додааст. Ба гуфти А.Мирзозода, гурӯҳи 20-нафараи табибон низ ба ин кишвар фиристода шуд, ки ба зоирин хидмат расониданд. Анвои доруворӣ ва хидматрасонии тиббӣ ҳангоми пардохти маблағи сафар пешбинӣ шудаву ба ҳисоби он даромадааст.
- Барои омода намудани зоирин қабл аз сафар барномае тарҳрезӣ кардем, ки ба онҳо мазмуну моҳияти ин маросими динӣ дар масоҷиди ҷомеи кишвар фаҳмонида шуд. Таҷриба нишон медиҳад, ки қисми ғолиби зоирини мо, мутаассифона, аз нозукиҳои ин маросим хабардор нестанд. Сафари ҳаҷ барои бисёриҳо сафари асосӣ тӯли умрашон маҳсуб мегардад. Аммо барои онҳо, ки маротибаи аввал озими нимҷазираи Араб, ки дорои иқлими гарму номусоид аст, мешаванд, омодагӣ надоштан муҷиби мушкилиҳои зиёд мегардад ва ба саломатии онҳо зарбае ворид мекунад. Баъд он ҷо баъзеҳоро бемориҳои фишорбаландӣ, қалб, бемориҳои қанду амсоли ин азият медиҳанд.
- Магар онҳо аз ташхиси дақиқи тиббӣ намегузаранд?
- На, албатта инҳо аз ташхис мегузаранд. Вале суол дар ин аст, ки гузаштани ташхиси тиббӣ ба кадом хотир аст? Ин ҷо, ки барои шаҳрвандони мо иқлими мусоид аст, гузашти муоина мушкилот эҷод намекунад, аммо дар шароити иқлими тоқатфарсои Арабистони Саудӣ бемориҳо аён мегарданд. Ин комиссияҳои тиббӣ салоҳияти манъи сафари зоиринро надоранд, чун механизми манъи онҳо коркард карда нашудааст. Талаботи шаръии ҳаҷ барои он ашхосе ин маросимро фарз гардонидааст, ки ду имкониятро доро ҳастанд: имконияти молӣ ва вазъи ҷисмонӣ, ки мутаассифона на ҳар вақт аз ҷониби шаҳрвандони мо риоя мешаванд.
- Чанд ҳолати фавти шаҳрвандони кишвари мо дар маросими ҳаҷҷи имсола ба қайд гирифта шудааст?
- То имрӯз 5 ҳолат ба қайд гирифта шудааст, ки аз бемориҳои гуногун-бемориҳои қанд, фишорбаландӣ ва рӯҳӣ фавтидаанд. Бояд гуфт, ки дар фоҷеаҳое, ки ҳангоми афтидани крани борбардор ва маросими «сангзанӣ ба шайтон» рух доданд, хушбахтона касе аз шаҳрвандони мо талаф ва ё маҷрӯҳ нагардидааст.
Ба гуфти А. Мирзозода, тақсимоти имсолаи квотаҳо дар ҷумҳурӣ дар ҳар шаҳру навоҳи ба таносуби 1 квота ба 1000 сокин муайян шудааст, ки ин раванд дар ихтиёри мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳал буда, рӯихатҳо тартиб дода мешаванд ва арзу шикоятҳое, ки аз ҷониби хоҳишмандони норозӣ ворид мегарданд, аз тарафи Кумита мавриди таҳқиқ қарор мегиранд.
- Афсӯс, ки барои мардуми мо ибораи «навбат гирифтан» бегона аст. Мехоҳем ҳар чӣ зудтар ба мақсад бирасем, новобаста аз имконот. Роҳу воситаҳое ҷустуҷӯ мекунанд, ки навбатро убур намоянд (сухан дар бораи ҳолатҳои фасод меравад - А.Д.). Дар кишварҳои дигар навбати ҳаҷро солҳо интизорӣ мекашанд ва маблағҳои барои ин ният ҷудошударо дар бонкҳо нигаҳ медоранд. Давлат такя ба ин ҳисоби бонкӣ маблағҳоро барои ҳалли масоили иқтисодӣ истифода мебарад, ки ба фоидаи тарафайн аст. Аммо чунин тафаккур барои мо бегона аст, чун бисёр бесабру тоқатем, - мегӯяд ин масъул.
Тибқи иттилои ин манбаъ, хизматрасонӣ дар мавсими ҳаҷ тибқи тендер (озмун) сурат мегирад, ки дар он якчанд ширкати чӣ ватанӣ ва чӣ хориҷӣ иштирок мекунанд-яъне дар ин масъала сухан нисбати «монополия» намеравад. Дар мавсими имсола ширкати хориҷие ғалаба кардааст, ки пешниҳодаш ҷолибтар буда. Баъдан, ҳангомаҳо оид ба то 35 боло бурдани синни ҳоҷиён ҷанбаи сиёсӣ надошта, ҳурмат гузоштан ба ашхоси бузургсол аст, ки мехоҳанд фароизи диниро адо кунанд. Бо шурӯъи корҳои сохтмонӣ дар Ҳарамайни Шарифайн Арабистони Саудӣ шумораи квотаҳоро то 20 % коҳиш додааст ва имкон додан ба бузургсолон корест савоб. Боз як нуктаи ҷолиб: аз ҷониби Арабистони Саудӣ то ҳол нисбати ҳоҷиёни мо ягон шикоят нашуда, зиёда аз ин, зоирини моро дар Макка бо анвои шириниву гулдастаҳо пешвоз гирифтаанд. Аҷиб. Барои чӣ аҷиб, мепурсед шумо? Баъдан хоҳем гуфт.
Хуб, мебинем, ки аз ҷониби давлат дар самти қонеъ гардонидани талаботи динии шаҳрвандон корҳо иҷро мегарданд. Аммо иҷро гардидани талаботи инсонӣ аз ҷониби худи ҳоҷиён низ мавзӯи дигари ҷолиб аст, ки акнун лаҳзае сари он андеша хоҳем ронд.
ИНАК: Ҳоҷиён.tj ва «эшонҳои пок»
Воизон к-ин ҷилва дар меҳробу минбар мекунанд,
Чун ба хилват мераванд, он кори дигар мекунанд.


Умуман, агар ба таърих назар андозем, маросими гузоштани ҳаҷ бо тамоми он ҷузъиёте, ки дорад (аз қабили давр задан гирди санги сиёҳ, истодан дар кӯҳи Арафоту миёни Сафову Марва давидан, мол забҳ кардан (қурбонӣ), шайтонро санг задану оби Зам-Замро пос доштан ва амсоли ин) як анъанаи диниест, ки пайдоишаш қаблазисломист ва фарқияташ дар он буд, ки дохили бинои Каъба садҳо бут нигаҳ дошта мешуданд, ки ҳомиёни ин ё он қабоили кӯчии араб буданд. Расули Акрам Муҳаммад (с) тамоми ин ҷузъиётро дуруст донист, илло бидуни парастиши бутҳо ва мардумро сӯи тавҳид-парастиши Офаридгори Ягона даъват сохт. Бояд гуфт, ки умури ҳаҷ давраи қабл аз Ислом (ва баъди он низ) пурра дар ихтиёри қабилаи Қурайш буд, ки Паямбари Ислом намояндаи як авлоди дар гузашта бонуфуз, аммо баъдан қашшоқшудаи он-бани Ҳошим буд. Даст доштан ба умури Каъба ба Қурайшиён имтиёзҳои иқтисодиву сиёсии таъсирбахш медод, ки метавонистанд ба авзои кулли нимҷазира таъсири хешро бирасонанд, чун ҳангоми маросим зоирини тамоми қабоили араб ин ҷо баҳри иҷрои эътиқодоти динӣ меомаданд ва хоҳ-нохоҳ таҳти нуфузи ин қабилаи шаҳрнишини сарватманд дармемонданд. Баъд аз эътироф ва паҳн шудани Ислом гузоштани ҳаҷ яке аз 5 фарзи ин дини мубин гардид, ки ҳар як мусалмонро зарур аст бо анҷом додани шартҳои муайян онро ба ҷо орад.
Иҷрои ин фарзи динӣ ба ҳамватанони мо ба тарзи оммавӣ баъд аз фурӯпошии Шӯравӣ даст дод ва шумораи ин қабил ашхос дар кишвар бамаротиб афзудан гирифт. Унвони шарафманди «ҳоҷӣ» дар лаҳни мардуме, ки солиён зери «зулми коммунистон» ба сар бурдаанд, зиёд садо додан гирифт ва ин табақаро низ дар ҷамъият мақоми пурифтихор насибаш гашт. Аммо ба нафарони «ташнаи Ислом» ҳеҷ ба сар намеомад, ки дорандаи ин унвонро бояд худотарсиву хоксорӣ, даст кашидан аз аъмоли зишт, аз қабили зинову ғайбат, наандохтани фитнаву парҳез аз дигар аъмоли бад аз дигарон фарқ гузорад. Аммо вақте аз «корнамоиҳо»-и баъзе ин «ҳоҷиёне»-е ки мардум аз камсаводӣ инҳоро бар тахти иззату икром нишондаанд, ошно мешавӣ, даст ба гиребон хоҳӣ бурд. Ва ҳаминҳо дар маҳофилу маъракаҳо ҷоғ бар насиҳат мезананду тавҳин бар «беришону бенамозон»…
Чуноне маълум аст, ҳар як шаҳрванде, ки ба хориҷ сафар мекунад, муаррифгари миллат ва давлати хеш миёни дигар ақвом аст ва дигарон такя бар зеҳн ва амалҳояш нисбати кишвараш баҳо медиҳанд. Азҷумла, зоирини мо низ чунин муаррифгар ҳастанд, ки миёни миллионҳо намояндагони дигар миллатҳо тоҷиконро муаррифӣ мекунанд ва ин рисолат насибашон гашта. Аммо чун бо аъмоли бархе аз чунин «муаррифгарон» шинос мешавӣ, ҳайфат меояд, ки бо инҳо ҷузъи як миллат ҳастӣ. Ду ҳоҷие, ки сари ин мавзӯъ сӯҳбат кардам, исроркорона хоҳиш карданд, ки номи онҳоро дарҷ накунам:
- Мо – тоҷикон дар маросими ҳаҷ бо кирдори манфии хеш ангушнамо гаштаем, ки боиси шармандагии мост. Масалан, аз ҷониби ашхоси саховатманд ба зоирин анвои хӯрока, об ё китоб тақсим мекунанд. Ҳаммиллатони мо ончунон сари обу хӯрок талош мекунанд, ки фикр мекунӣ замони гуруснагӣ фаро расидааст. Ҳар яки онҳо бенавбат бо ёрии қувваи бозу афту дарафт намуда, дар чанд зарфи пластикӣ об, ё чанд баста ғизоро чун «ғанимат» ба даст оварда, ба макони ҷойгиршавиашон «ғолибона» бармегарданд. Баъдан, аз бисёрии ин анво дар ҳавои гарм он зуд вайрон мешавад ва хонаро бӯи баду ғализ фаро мегирад. Обҳо низ баста-баста ин ҷо «хоб» мераванд ва ҳоҷиён барои анҷоми маросим манзилро тарк сохта, ин обҳо истифода набурда мемонанд. Ё ҳангоми тақсими китоби Қуръони Азимушшаън мушоҳида кардем, ки чи гуна ҳамватанони мо бағал-бағал ин китобҳоро ба даст меоранд, ҳарчанд дигаронро гирифтани як нусхаи он кофист. Ончунон афту дарафт мекунанд, ки гӯё ин охирин нусхаҳои Қуръон дар олам бошанд. Боз як чизи дигар: намояндагони дигар ақвом, хусусан ҳабашиҳо, ки мо онҳоро дар Ватан бо тамасхур «негр» мегӯем, ҳамагӣ паи тавбаву надомат ҳастанд, Қуръон мехонанду бо Худои худ роз мегӯянд ва ашк мерезанду ашк…Аммо дар зоирини мо ин набуд ва агар буд ҳам, ман инро надидам, танҳо бо «шикамҳои овезон» саросемавор қадам мезаданд ва дар фикри сарфи маблағи овардаашон буданд…
Алҳазар аз чунин намояндагӣ…Масъалаи дигаре, ки ҳаст, ин ҳам киро зиёрати ҳаҷ иҷозату киро раво нест. Инак, чуноне ки дар боло зикр шуд, иҷрои маросими ҳаҷ ду талаботи асосӣ дорад: аввалан, доштани имкони молиявӣ ва баъдан вазъи саломатӣ. Хуб, акнун мебинем, ки ин ду талабот аз ҷониби онҳое, ки нияти ҳаҷгузориро доранд, чи гуна риоя мешавад. Ҳодисаи барои ҳаҷгузорӣ аз бонк қарз гирифтан як падидаи ҷадидест, ки имрӯз рӯйи кор омада. Тибқи ҳадисҳои саҳеҳ, ашхосе, ки мушкили молиявиро доро ҳастанд, ҳаҷҷи онҳо қабул нест:
Ривоят мекунанд, ки Абдуллоҳ ибни Абуоъ гуфт; Рӯзе аз Расули Аллоҳ (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) пурсидам: оё ҳаҷҷи касе, ки барои он қарз гирифтааст, қабул аст? Паямбар, (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод), посух дод: На.
Аммо дар ҷомеаи мо кам нестанд мисолҳо, ки хонаводаеро мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ дар қабзаи қавӣ нигаҳ доштаву аммо саробони онро орзуи зиёрати муқаддасҷойҳо домангираш шуда. Ҳол он ки ин қабил ашхосро мебояд аввал мушкилоти хешро ҳал намуд, баъдан сари сафар андеша кард. Хубтару беҳтар аст мушкили хешро фасл намудан-модари беморро муолиҷа кардан, фарзандонро ба таҳсил фаро гирифтану ба ҳаёти мустақилона гусел намудан ва ё ҳадди аққал болопӯши сӯрохшудаи манзил ё девори анқариб афтидаро таъмир сохтан, магар не?! Агар он шахсе, ки маблағ барои ҳаҷгузориро дораду аммо дар ҳамсоягӣ ва ё миёни хешовандонашон ниёзмандон ҳастанд, бояд ба онҳо ёрӣ расонад, ки талаботи шаръист. Вале ин воҷибот миёни шаҳрвандони мо риоя намешавад. Ва ё ашхосе, ки ду бору се бору чаҳор бор зиёрати «Хонаи Худо»-ро мекунанду бо фахр унвони «ҳоҷии чандинкарата»-ро мегиранд, магар андеша намекунанд, ки дар зодгоҳашон афроде зиёд ҳастанд, ки ба кӯмаки «бародарони мусалмон»- худ ниёз доранд?! Магар хориҷшавии ин қадар асъор аз кишвар дар чунин вазъи мураккаби буҳрони молиявӣ ҷинояти маънавӣ нест? Оё Офаридгорро аз «тақводорӣ»-и ин гуна «мусалмони асил» хуш меояд?
Тибқи суханони масъули Кумитаи корҳои оид ба дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки қаблан манзуратон гардонида будем, миёни 5 нафар шаҳрвандони фавтидаи мо дар ҳаҷ шахсони дорои бемории рӯҳӣ (ҷунунӣ, девонагӣ) ҳам будаанд!!! Ҳол он ки гузоштани ҳаҷ ба шахсоне роиҷ аст, ки мусалмон ва дорои имконияти молиявӣ ва ақли солим бошад! Пас чӣ гуна чунин ашхоси ҷунунзадаро хешовандонаш имкон медиҳад ба кишвари дури иқлими мураккабдошта сафар намуда, шартҳои бисёр вазнини шаръиро иҷро намояд? Магар хавфи он нест, ки чунин афроди бемор ба дигарон ҳамла хоҳанд овард, чун офтоби сӯзон, иҷрои шартҳои вазнин ва шӯру ғавғои миллионҳо нафар метавонанд боиси хурӯҷ гирифтани бемории онҳо гардад? Суоли кушодаест ба ҳамон комиссияҳои тиббии зикршуда, ки иҷозати сафар ба инҳо додаанд.
Мо мебинем, ки дар чунин вазъи мураккаби буҳрони иқтисодӣ, ки бисёр кишварҳои дунё, аз ҷумла ҷумҳурии моро фарогир шудааст, имсол аз Тоҷикистон 6295 зоирин ба Арабистони Саудӣ сафар намудаанд, ки маблағи пардохти ҳар яки онҳо 22906 сомониро ташкил додааст. Яъне, дар маҷмӯъ 144193270 сомонӣ аз кишвар хориҷ шудааст. Ба қавли иқтисоддонҳо, берун баромадани чунин маблағ ба хориҷ дар чунин шароити мураккаби буҳронӣ ба иқтисодиёти кишвар таъсири манфӣ расонида, мумкин буд ин миқдор маблағро барои соҳаҳои муҳими хоҷагии халқ сарф намуд ва ин аз ҷиҳати мантиқ ва маърифати исломӣ бамаротиб беҳтар буд.
Зарбулмасали арабӣ: «Мо ёздаҳ моҳ истироҳат мекунем, то ки 1 моҳи дигар аз зоирини Каъба пӯст канем».
Албатта, ин зарбулмасал то аз қаъри сарзамини аъробнишин берун овардани нафт пайдо шудааст, аммо, чуноне ки мебинем, раванди «пӯстканӣ» то ба ҳол идома дорад…
Дигар талаботи иҷрои ҳаҷ ин бехатарӣ ва нақлиёт мебошад. Аммо акнун хоҳем дид, ки ҷониби Арабистон то чӣ андоза қобилияти таъмини бехатарии ҳоҷиёнро дорад. Ҳодисаҳои фоҷиабори афтидани крани борбардор дар Ҳарамайни Шарифайн, ки боиси марги зиёда аз сад нафар шуда, садҳои дигар ҷароҳат бардоштанд ва танба шудани одамон дар маросими «сангзанӣ ба шайтон» дар мавзеи Ҷабаррот, ки ҷони зиёда аз 800 нафарро даррабуд, гувоҳи онанд, ки ватани Паямбар, нигоҳ накарда ба маблағҳои ба даст омадаву сарфшуда, то ҳол сари фасл намудани ин қазия оҷизӣ мекашад. Раҳбарияти Эрон низ, ки қисми зиёди фавтидагон табааи ин кишваранд, ҷониби Арабистонро ба надоштани лаёқати гузаронидани ин чорабинии бузурги динӣ айбдор намуд. Бояд гуфт, ки чунин ҳодисаи фавти оммавии зоирин ягона нест. МАСАЛАН:
Соли 1987.
400 нафар ҳангоми задухӯрд миёни ҳоҷиёни эронӣ ва пулиси Арабистон кушта гардида, садҳо нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.

Соли 1990.
Дар натиҷаи танбашавии одамон дар нақбе, ки сӯи ҷойҳои муқаддас мебурд, 1426 нафар ба ҳалокат расиданд.

Соли 1994.
Ҳангоми маросими сангзанӣ ба шайтон дар натиҷаи ба ҳам омадани издиҳом 270 нафар ҳалок гардид.

Соли 1997.
343 нафар ҳалок ва зиёда аз 1500 нафар дар натиҷаи сӯхтор дар хаймагоҳҳои ҳоҷиён ҷароҳат бардоштанд.

Соли 1998.
118 нафар ҳалок ва 180 маҷрӯҳ дар маросими сангзанӣ ба шайтон.

Соли 2002.
Бар асари танбашавии издиҳом 251 ҳалок шуданд.

Соли 2001.
35 ҳалокшуда ва садҳо ҷароҳатбардоштагон дар натиҷаи танбашавӣ.

Соли 2004.
251 нафар ҳалокшудагон бо сабаби танбашавии издиҳом.


Чуноне манбаъҳо иттилоъ медиҳанд, қариб ҳамасола дар мавсими ҳаҷ чунин ҳодисаҳо рух медиҳанд.
Хуб, бармегардем сари бархе аз ҳоҷиёни мо, ки имрӯз бологузар ҳастанду аммо сирҳои паси пардаашон пӯшида мемонанд, ё худи онҳо чунин мепиндоранд. Имрӯз аз «қаҳрамонӣ»-ҳои шаҳвонии онҳо, нӯшидану истеъмол намудани маводи масткунанда, дурӯғу ғайбат намудан, ба қаллобию фиребгарӣ машғул шудани онҳо, дигару дигар аъмоли ношоистаи ин «гул»-ҳои ҷомеаи мо ҳама огаҳӣ пайдо кардаанд. Миёни мардум ҳодисаҳое нақл карда мешаванд, ки чи гуна ҳоҷиёни мо кӯшиши ба… Хонаи Худо бурдани маводи мухаддирро намудаанд. Ҳатто ҳодисаи дар риши сохта ҷо намудан ва интиқол додани маводи нашъадорро низ ҳикоят мекунанд. Барои тафсилоти пурратари вайрон намудани қойидаҳои гумрукӣ аз ҷониби зоирин мо ба Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ муроҷиат намудем. Масъули ин ниҳод, иҷрокунандаи вазифаи сардори шӯъбаи иттилоотии Хадамоти гумрук подполковник Нурулло Шарифов (худро чунин муаррифӣ намуд) ҳангоми тамоси телефонӣ иттилоъ дод, ки «то ҳол ягон далели қойидавайронкунӣ аз ҷониби ҳоҷиён ба қайд гирифта нашудааст». Мутаассифона, ин масъул аз додани шарҳи пурратари масъала худдорӣ намуд, ҳарчанд ки ваъда дода буд.
Инак, ҳоҷӣ-зинокор, ҳоҷӣ-қаллоб, ҳоҷӣ-ғайбатчӣ, ҳоҷӣ-дузд, ҳоҷӣ-фиребгар ва амсоли ин кирдорҳое, ки ҳаммаънои дорандагони ин унвони пурфахр шудаанд, имрӯз ба як чизи оддӣ табдил ёфта, ки мардум ба хубӣ аз он огаҳӣ пайдо кардааст. Аммо хислати мо чунин будааст, ки даст кашидан аз ҳурмати кӯр-кӯрона ва бологузар намудани ашхоси нолоиқ корест душвор ва дар ин замина мо тиллоро нодида гирифта, ба мис таваҷҷуҳ мекунем, чун иззати ин қабил ашхоси «пок» аз фардони дар ҳақиқат сазоворе, ки ба ҷомеа нафъи зиёд меоранд, зиёд будааст. Ва шакли зоҳирӣ ғалаба бар ботин карда, аммо андеша намешавад, ки ҳамон буз ҳам риш дорад… Ин ҷо бесаводӣ шакли абсурдро ҳам гирифтааст.
Дар як маърака, ки он вақт дар синфҳои болоии мактаб мехондам, ман ва ҳамсинфам ҳузур доштем. Бологузар як солхӯрдае дар тан ҷелаки оҳарӣ ва дар сар саллаи бузург, бо риши бузмонанд буд, ки ҳамагӣ ӯро «Бобои мулло», «ҳоҷидомулло» мегуфтанд. Ошро кашида оварданд. Бобои мулло, маълум, ки нав аз сари маъракаи дигаре хеста буд, ки якчанд луқма гирифту халос. Аммо ҳини ҳамин луқмагириҳои андак оби даҳонаш ба табақ шорид. Табақро аз пеши ӯ гирифта, назди мо монданд – «ҷавонҳо, гиред, аз Бобои мулло табаррукӣ»(!!!). Мо, ки тартиби хӯрдани ин «бузургвор»-ро дидем, аз хӯрдан истиҳола намудем, ки боиси ранҷиш ва сарзаниши ҳозирин гардид. Баъдан фаҳмидем, ки ин бузургворро шармандагӣ насибаш шуда, чун аз корафтодагони ҷинси латиф муносибатҳои маҳрамона талаб мекардааст (мегӯянд, ҳатто аз мардон низ). Аламовар ин аст, ки дар ҳамин гуна маҳофил ашхоси «дониши дунявӣ» дошта назди чунин «сарварон»-и камсавод оҷиз ҳастанду содиқона даст пеши бар дар хидматанд.
Системаи аз «филтр» гузаштани хоҳишмандоне, ки нияти тавофи Каъбатуллоҳро доранд, то ҳол дар ягон замону ягон кишвар рӯйи кор наомадаву ягон асбоби ботинсанҷ низ ихтироъ нашудааст. Ба ҳамин минвол тӯли қарнҳо ҳазорҳову миллионҳо афроди нолоиқ ин фарзи Илоҳиро иҷро кардаву дар ҷомеаҳои мухталиф соҳибэҳтиром низ шудаанд, ҳарчанд, ки наздик лоиқ ба ин набуданд. Моро танҳо зарур аст «мӯйро аз хамир» ҷудо намоем ва инсонҳоро на аз рӯйи «унвонҳои фахрӣ», балки аз амали хайру савоб ва масоили манфиатовар буданашон дар ҷомеа баҳо диҳем. Дар шумораҳои оянда мо оиди як қишри дигари ҷомеаи мо, ки «эшонзодаву сайидзодагон» ном доштаву ба Ислом ҳеҷ дахле надоранд, суҳбат хоҳем кард, ки зиндагиномаи эшон низ хеле ҷолиб аст.
©Азамат Дӯстов
©Минбари халқ, №42 (1021), саҳ. 8-9, 14 октябри соли 2015
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: