Аёдати иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ашхоси маъюб аз тарафи фаъолони ҲХДТ дар ноҳияи Ҳисор ба ҳукми анъана даромадааст. Дар арафаи Рӯзи Артиши миллӣ фаъолони ҳизбӣ ба ҷамоатҳои деҳоти Сомон ва Шарора рафта, аз аҳволи собиқадорони ин ҷанг Фахриддин Саидови 94-сола, Нуриддин Шамсов, Алишер Норов ва Сироҷиддин Ҷалолов, ки ҳар се баъд аз чанд рӯз баҳори 91-уми умрашонро истиқбол мегиранд, бохабар шуданд ва ба онҳо маводи ғизоӣ дастрас карданд.
Зимни дидор ин пирони барнодил, ки даврони ҷавониашон дар набардҳои ҷанг ва барқарорсозии харобаҳои он гузаштааст, барои тинҷию оромӣ ва фардои дурахшони Тоҷикистон даст ба дуо бардоштанд.
«МХ»