Имрӯз дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи СҲШ баргузор мешавад28-07-2021, 10:00
Хабарро хонданд: 227 нафар
Назарҳо: 0
ДУШАНБЕ, 28.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 28 июл дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) баргузор мешавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати мудофиаи Тоҷикистон. Дар кори он вазирони мудофиаи Ҳиндустон, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Федератсияи Русия, Узбекистон ва Беларус, инчунин Дабири кулли СҲШ ва роҳбарияти Кумитаи иҷроияи Маркази минтақавии зиддитеррористии СҲШ ширкат меварзанд. Дирӯз Вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо ва Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Мардумии Чин Вэй Фэнхэ, ки барои иштирок дар ин мулоқот ба Тоҷикистон омадааст, доираи васеи масъалаҳои муносибатҳои ҳарбии дуҷониба ва бисёрҷонибаро дар самти ҳамкории ҳарбӣ-техникӣ баррасӣ карда, доир ба санадҳои ҳуқуқӣ ва созишномаҳо, ки қаблан байни вазирони мудофиаи ду кишвар ба даст омада буданд, мубодилаи афкор намуданд. Дар доираи омодагӣ ба ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони мудофиаи СҲШ ҳамчунин мулоқоти дуҷонибаи Вазири мудофиаи Тоҷикистон бо Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Исломии Покистон Парвиз Хаттак баргузор гардид. Тибқи рӯзномаи ҷаласа, вазирони мудофиа масоили марбут ба таҳкими ҳамкорӣ дар доираи СҲШ, вазъи кунунии минтақа ва ҷаҳон, таъмини амният ва субот дар Афғонистон ва марзҳои он бо кишварҳои узви СҲШ ва дигар масъалаҳоро баррасӣ мекунанд. Ҳамзамон масъалаҳои марбут ба омодагӣ ва гузаронидани машқҳои муштараки зиддитеррористии Қувваҳои Мусаллаҳи СҲШ, ки имсол таҳти унвони «Миссияи сулҳҷӯёна- 2021» дар яке аз кишварҳои узви СҲШ баргузор мегарданд, муҳокима мешаванд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.