Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj

Бемории Ковид-19

22-07-2021, 10:50
Хабарро хонданд: 241 нафар
Назарҳо: 0
Бемории Ковид-19
Бо мутолиаи матолибҳои зиёде аз ВАО-и хориҷ хусусан торномаҳои гуногун назар андохтаву кас ангушти ҳайрат аз он мегазад, ки баъзе пуштибонҳои миллат, ки аз дуру наздик овоз баланд мекард, ки дар кишвари мо мавҷи дуюми КОВИД-19 даррасидаву ҳукумат ба мардум аз ин хусус иттилоъ намедиҳад. Воқеан ҳам мардуми кишвар тайи шаш моҳи охир аз нест шудани ин вирус дар мамлакатамон хушҳолӣ доштанд. Ва инак шуруъ аз охири моҳи июн боз ин беморӣ дар Тоҷикистон аз нав ба қайд гирифта шуд. Акнун ҳаркӣ бо дарди илоҳии худ ин оламро тарк гуфт. Ҳатман овоза ҳаст: фалонӣ аз ковид мурд. Гӯиё ҳамаи ВАО ва торномаҳо танҳо ва танҳо ба варақаҳои мотамӣ табдил хурдаанду ҳаёт дигар маъние надошта бошад.
Хусусан бадхоҳону носипосони кишвараи мо аз дуриҳо истода аз худ ҳомию пуштибонӣ фарзандони миллат тарошидаву сӯи ҳукумат санг ҳаво медоданд, ки амалҳои мақомдорон дар ин самт нокифоя аст. Яъне эшон аз худ пуштибону ҳомии мардум Тоҷикистон метарошанд, дар асл бо “фачу лачи”-и худ мехоҳанд дар дидаи мардуми мо ҷо бигиранд. Ба ҷои он ки мардумро ба сари вақт ба ваксина гирифтан, ба риояи саривақтиву ҳамешагии қоидаҳои беҳдоштӣ ҳидоят намудан. Агар дар асл ғамхори миллату диёр бошанд. Зеро мардум худ аз талошҳои роҳбарияти кишвар бараъло огоҳанд.
Воқеан ҳам вазифаи ҷонии давлату ҳукумат аст, ки сокинони хешро дар ҳамагуна вазъият соҳибию пуштибонӣ намояд. Ҳар ки дар Тоҷикисон зиндагӣ дорад, ҳамарӯза аз тадбиру ғамҳориҳои роҳбарият баҳри пешгирӣ аз КОВИД -19 ба хубӣ огоҳ аст.
Аммо чизи дигар моро ба ҳайрат меорад, ки ин беимонҳои ҷугисурати ватангадо, ба таҳқири роҳбарияти давлату ҳукумат ва ҳамватанони хеш панҷа мезананд. Аз рӯзи вазнини сари миллат омада истифодаву ҳангомаву бадномсозӣ мекунанд.
Аммо дар Тоҷикистон имрӯзҳо касе дигар ба сухани иғвоанғези ин тоифаи «фурўхташудаҳо» аҳамият намедиҳаду ҳамагон пайи иҷрои тавсияҳои табибону дастурҳои ҳукумат пайи дастҷамъона мубориза бо КОВИД -19 банданду вақти афсонагўшкунии шуморо надорад, ба ҷуз нафари худатон барин зан миҷоз! Миллати тоҷик дар зарфи ин се даҳсола ба хубӣ эҳсос кардааст, ки ин тоифа кӣ ҳасту Ҳукумати Тоҷикистон дар кадом мавқеъ.
Ҳамаи пешрафту ободиро дар мамлакат бо чашмони худ мебинанд, ба ҷуз ин бадбахтони дур аз Ватан !
Дар сарҷамъию муттаҳидӣ, зери роҳбарии фарзанди баору номуси миллат Эмомалӣ Раҳмон миёни дигар ҷомеаи ҷаҳонӣ мо низ ба мавҷи нави КОВИД -19 пирӯз хоҳем шуд. Иншооллоҳ ин рӯз наздик аст!
Н. Рустоӣ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: