Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Бо дастгирии Пешвои миллат манзилҳои аз заминларза зарардида дар муддати кӯтоҳ барқарор мегарданд. Гузориши хабарнигори АМИТ «Ховар»

Бо дастгирии Пешвои миллат манзилҳои аз заминларза зарардида дар муддати кӯтоҳ барқарор мегарданд. Гузориши хабарнигори АМИТ «Ховар»

14-07-2021, 10:45
Хабарро хонданд: 162 нафар
Назарҳо: 0
Бо дастгирии Пешвои миллат манзилҳои аз заминларза зарардида дар муддати кӯтоҳ барқарор мегарданд. Гузориши хабарнигори АМИТ «Ховар»
РАШТ, 14.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, бар асари заминларзае, ки 10 июл, соати 7:14 дар Тоҷикистон ба вуқӯъ омад, ба биноҳои истиқоматӣ ва иншооти ёрирасони сокинони Ҷамоати деҳоти Лангари шоҳи ноҳияи Тоҷикобод ва ҷамоати Аскалону Ҳиҷбораки ноҳияи Рашт хисорот ворид гардид. Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ситоди фаврӣ ташкил гардида, намояндагони он аз маҳалли ҳодиса дидан намуданд.

Маҳмадтоир Зокирзода бо сокинони деҳаҳои Бӯстон (собиқ деҳаи Кӯли боло), Сари чашма ва Кӯли калони ҷамоати Лангари Шоҳи ноҳияи Тоҷикобод ва мардуми зарардидаи ноҳияи Рашт вохӯрӣ намуда, иброз дошт, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи мушкилоти ҷойдошта бартараф гардида, дар кӯтоҳтарин муддат манзилҳои зарардида барқарор мегарданд.

Ба иттилои масъулини бахши ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, бо супориши Пешвои миллат гурӯҳи босалоҳият дар ҳайати кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ва дигар идораҳои дахлдор дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Рашт зарари расидаро муайян намуда истодааст. Зарардидагон ба ҷойҳои бехавф кӯчонида шуда, аз тарафи Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҷумҳурӣ бо хайма ва хӯроки гарм таъмин гардиданд.

Дар навбати аввал, ба ҳар оилаи зарардида маводи зарурӣ, аз қабили орду равған, шакар, биринҷ, макарон, ниқоб ва маводи антисептикӣ дастрас гардидааст. Кумакҳои аз ҷониби ноҳияҳои ҳамсоя ва шахсони саховатпеша воридгардида низ аз тарафи комиссия қабул шуда, ба сокинони зарардида одилона тақсим мегарданд.

Тибқи маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, зилзила дар километри 165-уми қисмати шимолу шарқи шаҳри Душанбе ва 21 км то ноҳияи Рашт дар ҳудуди ноҳияи Тоҷикобод дар чуқурии 10 км ба вуқӯъ пайвастааст, ки қувваи он 5,9 баллро ташкил медод. Мутаассифона, бар асари заминларза хисороти ҷонӣ ва молӣ ба қайд гирифта шуд. 5 нафар сокини деҳаи Бӯстон (собиқ деҳаи Кӯли боло)-и Ҷамоати деҳоти Лангари Шоҳи ноҳияи Тоҷикобод зери хок монда, ба ҳалокат расиданд. Ҳамчунин дар деҳаҳои Бӯстон, Сари чашма ва Кӯли калони ноҳияи Тоҷикобод ва деҳаҳои ҷамоатҳои Аскалону Ҳиҷбораки ноҳияи Рашт ба манзили истиқоматии сокинон ва хати барқу алоқа осеб расидааст.

Роҳбари шабакаҳои тақсимоти барқи ноҳияи Рашт Мирзоумар Сайдаҳмадов иброз дошт, ки дар натиҷаи заминларзаи 10 июли соли равон хатҳои барқи ҳудуди Ҷамоати деҳоти Аскалону Ҳиҷбораки ноҳия ба садама дучор шуданд. Худи ҳамон рӯз гурӯҳи корӣ аз ҳисоби мутахассисони шабакаҳои тақсимоти барқи ноҳия ва минтақаи Рашт ташкил гардида, дар ҳудуди ин ҷамоатҳо 5 адад симчӯби хатти барқи 10-киловолта ва 7 адад симчӯби хатти барқи 04-киловолтаро сари вақт барқарор намуда, аҳолии ин ҷамоатҳо сари вақт бо барқи доимӣ таъмин гардиданд. Ҳамчунин хаймаҳои оилаҳое, ки хонаҳояшон пурра зарар дидаанд, ба барқи доимӣ пайваст гардидаанд. Дар айни замон онҳо мушкилӣ надошта, зери назорати доимии кормандони барқ қарор доранд.



Ҳамчунин аз тарафи мутахассисони шабакаҳои тақсимоти барқи ноҳияи Тоҷикобод сокинони зарардидаи ҷамоати Лангари Шоҳ, ки дар хаймаҳо ҷойгир шудаанд, бо қувваи барқ пурра таъмин шуданд. Гурӯҳҳои сайёри табибони ноҳияҳои мазкур барои расонидани ёрии аввалини тиббӣ дар деҳаҳои офатзада ба мардум сари вақт хизмат расонида истодаанд.

Бояд гуфт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳама кӯшишро баҳри дастгирии мардум равона намуда, дар паҳлуи онҳо қарор дорад. Зарардидагони ҳодисаи табиии мазкур аз кумаку дастгириҳо ва ғамхориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз сиёсати ғамхоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад, сидқан изҳори миннатдорӣ менамоянд.

Аз Беморхонаи марказии ноҳияи Рашт иттилоъ доданд, ки дар рӯзи сар задани заминларза табибони беморхонаи мазкур 7 нафар сокинони ҷамоати деҳоти Лангари Шоҳи ноҳияи Тоҷикободро, ки дар заминларза осеби ҷисмонӣ дида буданд, қабул намуда, ба онҳо кумаки саривақтӣ расониданд. Аз ин 7 нафар осебдидагон 4 нафар кӯдак, 2 нафар калонсол ва як нафар духтари наврас мебошад, ки ҳамаи онҳо аз хизматрасонии ройгони тиббӣ бархурдор гардиданд. 5 нафари онҳо бо хуб шудани вазъи саломатӣ ба хона рухсат гирифтанд. Айни замон 2 нафар бо ҷароҳатҳои сабук зери назорату табобат қарор дошта, хушбахтона, вазъи саломатияшон хуб мебошад.



Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: