Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » МАОРИФ ВА ИЛМ: МУШКИЛОТ ВА ПЕШНИҲОД

МАОРИФ ВА ИЛМ: МУШКИЛОТ ВА ПЕШНИҲОД

7-07-2021, 16:55
Хабарро хонданд: 525 нафар
Назарҳо: 0
МАОРИФ ВА ИЛМ: МУШКИЛОТ ВА ПЕШНИҲОД

Маориф соҳаест, ки аз забони Президенти кишвар афзалиятнок ва омили амнияти миллӣ номида шудааст. Ба ин маънӣ дар яке аз суханриҳояшон Пешвои миллат чунин ба забон овардаанд: “Ҳукумати мамлакат дар даврони истиқлолият масъалаи рушди илму маорифро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ эълон кардааст. Дар ин асос ҳоло дар низоми маориф ислоҳот ва навсозӣ бомаром идома дошта, Ҳукумати мамлакат дар доираи ислоҳоти соҳа консепсияву барномаҳои рушди соҳаи маорифро қабул ва амалӣ карда истодааст”.
Вақте сиёсати давлат дар соҳаи маориф дар ҷойи аввал қарор доштаву Роҳбараш зарурати таваҷҷуҳ ба онро тақозои замон шарҳ медиҳанд, ҳар алоқаманди соҳа дар баробари шукргузорӣ, бояд талош намояд, то дар пешрафти он саҳме гирифта тавонад. Чанд соли охир таваҷҷуҳ аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ ва роҳбарияти он дар ҳақиқат, зиёд зоҳир мешавад, ки ба номбар кардани ҳар яки он имкон ҳам нест. Дуруст аст, ки дар даҳсолаи охир маориф ислоҳоти куллиеро аз сар гузаронид, фаразан, бо бунёди мактабҳо, таҳия ва таълифи барномаҳои таълимиву дастурҳои методӣ, китобҳои дарсиву бадеӣ, интихоби роҳҳои гуногуни таълим дар тамоми муассисаҳои таълимӣ, таъмини китобхонаҳои муҷаҳҳаз бо шароити технологияи муосир, таъсиси мактабҳои типи нав, ихтисосҳои мувофиқ ба бозори меҳнат, ташкили курсҳои такмили ихтисосу бозомӯзӣ ва даҳҳои дигар ҷомеа аз ташвишҳои асосӣ хеле-хеле берун баромад. Беҳтар гардондани фаъолияти рӯзномаву маҷаллаҳо низ як паҳлуи муҳими кор аст, ки хушбахтона, аҳли маориф аз ин ҷиҳат низ имконияти бештари дастрасӣ ба омӯзиш, муаррифии таҷриба, баёни андешаву пешниҳодҳои худро ба даст оварданд. Аммо ба назар мерасад, ки ин боз ҳам кофист.
Фазои маҷозӣ: маориф аз ҳар нигоҳ
Дар шароити имрӯза, ки вақт арзиши беҳтар пайдо кардааст, танҳо бо маводи чопӣ, саҳифаҳои рӯзнома ё маҷалла қонеъ гардондани муштариён ғайриимкон гаштааст. Аз ин рӯ, идораи маҷаллаи “Маорифи Тоҷикистон” сомона, саҳифа ва гурӯҳи электронии худро дар интернет ва шабакаи иҷтимоии Фейсбук таъсис дод ва ҳамагӣ дар давоми як солу якуним моҳ (то имрӯз) тақрибан 30 000 нафар бештар истифодабарандагонро ҷалб намуд. Кормандони маҷалла тавонистанд бо мусоҳибаҳои кӯтоҳи судманд, баҳсҳо, пурсишу посух, муаррифии фаъолияти омӯзгорон ва чанде дигар маҷалларо сазовори номаш гардонанд ва робитаи солимро бо аҳли ҷомеа, бахусус, корбарони гурӯҳ қавитар намоянд.
Ростӣ, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин қадар мактабу маориф ва омӯзгорро аз ҳар тараф маҳкум мекунанд, ки камтарин алоқаманди соҳа наметавонад худро канор гирад. Мо масъалаҳои зиёдеро, ки дар гурӯҳ ба ҳар шакл гузошта мешаванд, омӯхтем, бар илова, бо андешаву назари донишмандони соҳа, омӯзгорони собиқадору ҷавон, падару модарон, хонандагону донишҷӯён, олимони ҷавону варзида ошно шуда, итминон ҳосил кардем, ки вазъият дар ҳақиқат ташвишовар аст. Шароити феълӣ ва назарпурсиҳо тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ, инчунин, суҳбатҳои рӯёрӯ нишон доданд, ки дар кишвар интихоби касби омӯзгорӣ (кадр) муҳимтарин масъалаи соҳа буда, дар мо воқеан, таваҷҷуҳ мехоҳад. Тавре донишманди шинохта, доктори илми фалсафа, таҳлилгари хуби соҳаи маориф ва илм Абдураҳмон Қурбонов дар суҳбат бо мо иброз дошт, масъалаҳои дигар атрофи ин меҳвар чарх мезананд. Дар иртибот ба ин ва дигар масоили марбута ҳанӯз чанд сол пеш собиқадори соҳа, академики Академияи илмҳои педагогӣ ва иҷтимоии Москва Ҳабибулло Бобоев низ андешаҳои тоза баён карда буд, ки муҳтавои ин суҳбатҳо идомагар ва ё илҳомбахши андешаҳои мо гардид.
Кадр – меҳвари асосӣ
Дар робита ба таҳлилу мушоҳидаҳо, бо ба инобат гирифтани якчанд омил ба бартараф намудани ҳама гуна мушкилот дар ин самт то андозае муваффақ шудан имконпазир аст. Чунончи:
Якум, интихоби касби омӯзгорӣ. Мутаассифона, дар мо онҳое ин пешаро интихоб мекунанд, ки аксаран донишу истеъдод ва ё вазъи иқтисодияшон барои интихоби касбҳои ба қавле “бозоргир” нокифоя аст; ё барояшон муҳим донишҷӯ шудан аст (на кӣ шудан) ва ё фирор аз сарбозӣ, ки ин масъала таҳлили дигарро мехоҳад. Зарур аст, ки омӯзгоронро ба қавли устод Лутфуллоев, «Аз паси партаҳои мактабӣ» ҷӯем. Воқеан, агар “Баланд гардидани обрӯ ва эътибори омӯзгор ва мактабу маориф аз бисёр ҷиҳат ба худи устодону омӯзгорон вобаста” (Э.Раҳмон) бошад, моро зарур аст, ки ин нуктаро мадди назар гирем. Дар он сурат аз омӯзгорони тасодуфӣ ва монеаҳои сунъӣ раҳо ёфта метавонем.
Дуюм, касбияти омӯзгорон бо фарогирии донишҳои мусаллаҳи педагогиву психологӣ ва фаъолияти университетҳои падару модарон дар мактабҳо дар ҳақиқат, боиси нигаронӣ буда, мушкилоти зиёд миёни мактаб бо хонандагону падару модарон мегардад. Маҳз ҳамбастагии оила, ҷомеа ва мактаб дар ҳалли ҳама гуна мушкилоти равониву ахлоқии иҷтимоии кӯдакон мусоидат карда метавонад. Дар иртибот ташкили вохӯрии падару модарон бо аҳли илму адаб, шахсиятҳои шинохтаи ҷомеа, дарсҳои кушоди тарбиявӣ, интихоби беҳтарин шаклҳои баргузории маҷлисҳои падару модарон, баргузории маҷлисҳои сайёри падару модарон, иштироки омӯзгорон дар ҷамъомадҳои кории падару модарон ва ғайра омилҳоеанд, ки ин фазои холиро пур мекунанд.
Сеюм, тавре аз суҳбат бо коршиносони соҳа бармеояд, имрӯз дар ҷумҳурӣ синну соли асосии омӯзгорону олимон мушкил пайдо кардааст. Масъалаи ба нафақа баромадан ва ҷавононро ба кор таъмин кардан ба идомаи фаъолияти бисёре аз собиқадорону донишмандони мо латма ворид намуд. Барои рафъи ин монеаи сунъӣ мебояд синну соли онҳо муайян (пир, миёна, ҷавон) гашта, мувофиқан барномаи махсуси фаъолият ба онҳо пешниҳод карда шавад. Бояд дар хотир дошта бошем, ки таъминоти ҳифзи иҷтимоӣ ва муқаррар намудани имтиёзҳо, алалхусус, ба омӯзгорони ҷавон аз ҷумлаи омилҳои умедбахшанд, ки ба ояндаи дурахшони мактабу маориф моро мутмаин гардонда метавонанд. Биёед, биандешем, ки оё маоши омӯзгор ба сабади истеъмолии ӯ мувофиқат мекунад ё не? Омӯзгорон барои сабади истеъмолии худро пур кардан маҷбуранд ба хоҷагидорӣ ё тиҷорат рӯ оранд, ки мутаассифона, вақт барои худомӯзии онҳо кифоят намекунад. Фарогирии омӯзгорон ба осоишгоҳҳо масъалаи дигар аст. Агарчи дар муқоиса бо даҳ соли сипаришуда пешравӣ ҳаст, аммо талаботи омӯзгорон қонеъшаванда ба назар намерасад. Ин масъала дар муҳлатҳои муайян бояд зери назари иттифоқи касаба пурра қарор гирад, ҳамчунин назорати дурусти мақомоти дахлдор дар мавриди ба назар гирифтани имтиёзҳо ҷой дошта бошад. Яъне, ташкили шароити муътадили зиндагӣ омили ба даст овардани ҳама гуна пешравист. Дар Паёми Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23.01.2015 омадааст: “Дастгирии соҳаи маориф ва баланд бардоштани мақоми омӯзгор, дар навбати аввал, аз он ҷиҳат муҳим мебошад, ки аҳли маориф дар рушди неруи инсонӣ саҳми бевосита дошта, яке аз қувваҳои пешбаранда ва фаъоли ҷомеаи имрӯза ба шумор меравад ва гузашта аз ин, пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат ба сатҳи рушди маориф вобастагии мустақим дорад”.
Дар ин ҳолат норасоии омӯзгорон бартараф ва имтиёзҳо ба омӯзгорон дастрас мегарданд, ҳавасмандии насли ҷавон ба пешаи омӯзгорӣ афзуда, аз ришвахорӣ, бадномӣ ва тарки касб дар соҳа ҷилавгирӣ мегардад.
Чаҳорум, тақозои замон аст, ки низоми тайёр кардани кадрҳои омӯзгориро беҳтар гардонем. Дар коллеҷу донишгоҳҳо бояд донишмандони соҳа ва мутахассисони эътирофшуда дарс гӯянд, бахусус, назорати давраи таҷрибаомӯзии донишҷӯён бояд амалан сурат гирад. Ҳанӯз дар мушовараи солонаи соли 2017 Вазорати маориф ва илм барои ташкил кардани кафедраҳои методӣ-таҷрибаомӯзии омӯзгорони оянда дастур дода буд. Тавре дар суҳбат ба мо директори Маркази ҷумҳуриявии таълимиву методӣ Шермаҳмад Ёрмуҳаммадзода изҳор кард, танҳо ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ дар мактаби №53 кафедраи физика барои таҷрибаомӯзон ташкил кардааст. “Дар ҳақиқат, ин масъала дар вазорат гузошта шуда буд, аммо ба мо аз натиҷаи он маълумоти кофие дастрас нагардидааст”, - мегӯяд ӯ. Таассуфовар аст, ки имрӯз таҷрибаомӯзон давраи амалӣ гардондани донишҳои назариявӣ дар қадами аввал ба бетаваҷҷуҳӣ рӯ ба рӯ мегарданд. Беҳтар он аст, ки таҷрибаи баъзе кишварҳоро дар робита ба фаъолияти ниҳодҳои ёрирасон ба мактабу омӯзгор ва кам кардани низоми назоратӣ бояд аз худ карда, методикаи таълимро такмил дода, ҷалби мутахассисони сазоворро ба кабинетҳои методӣ ва фаъолияти онҳо дар шуъбаҳои маориф хуб гардонем. Дар мактабҳо мутахассисони ҷавон ба собиқадарон бояд ҷиддан вобаста гашта, малакаи касбӣ пайдо намоянд. Таваҷҷуҳ зоҳир кардан ба ин самт имкон медиҳад, ки мактаб ва омӯзгорон аз иҷрои рисолати худ ба дурустӣ бароянд. Он гоҳ сифати таҳсилот рушд мекунад, эътибори мактаб ва омӯзгор меафзояд.
Имтиёз ҳаст, на ҳамеша, чаро?
Ногуфта намонад, ки дар мулоқоти аввалинаш бо фаъолони соҳаи маориф Президенти кишвар таъкид карда буданд: “То замоне, ки мо барои аҳли илму маориф, зиёиён, онҳое, ки офаранда, парваришдиҳанда ва муҳофизи маънавият, ахлоқ ва маърифати ҷомеа ҳастанд, зиндагии сазовору шоистаро муҳайё накунем, мақому мартабаи онҳоро ба дараҷае, ки мебояд баланд набардорем, ба пешрафт умед бастанамон душвор аст." (28-уми августи соли 1995).
Ёдовар мешавем, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири иҷрои дастури Президент ва ҷалби омӯзгорон ба мактаб он солҳо як қатор тадбирҳо андешид. Аз ҷумла, қарорҳои Ҳукумати ҶТ "Дар бораи чораҳои беҳтар намудани шароити манзилӣ ва коммуналию маишии кормандони маориф" ва "Дар бораи баъзе чораҳои пурзӯр намудани ҳифзи иҷтимоии кормандони маориф" қабул шуданд. Тибқи ин қарорҳо “манзили дар ихтиёри кормандони соҳабуда (сарфи назар аз шакли моликияташон) ба таври ройгон ба кормандони муассисаҳои таълимӣ, илмӣ, низоми такмили ихтисос ва нашрияҳои педагогӣ дода шуданд. Ба кормандони соҳа, инчунин, ёрдампулии табобатӣ ба андозаи як маош, ҷубронпулии ҳармоҳа барои харидани нашрияҳои даврӣ, рухсатии пулакӣ барои табобат муқаррар гардида, омӯзгорони деҳот аз супоридани андоз аз қитъаи замини наздиҳавлигӣ озод карда шуданд.”, - зикр шудааст дар китоби “Маориф ва Истиқлол” (соли 2011).
Имтиёзҳои мазкур воқеан, омили беҳтарини бозгашти омӯзгорон ба касби худ гардиданд. Ба ин тариқа, таъмини мактабҳо бо кадр давра ба давра ҳал шуд. Айни ҳол, зарурате пеш омадааст, ки ба сифати тайёр кардани мутахассисон бояд мутаваҷҷеҳ шавем. Барои расидан ба ин ҳадаф аз тадбирҳое, ки қаблан Ҳукумат ба назар гирифта буд, истифода бурдан лозим меояд. Минҷумла, дигаргун кардани Дастурамали “Тартиби пардохти музди маоши кормандони соҳаи маориф”, инчунин, аттестатсияи омӯзгорон бо назардошти барқарор кардани унвонҳои “Муаллим-методист”, “Муаллими калон” низ баҳри пешрафти соҳа ва ҷомеа таъсир мерасонанд. Насли ҷавон ба ин масъала таваҷҷуҳи хос дорад ва зиндагии устодонро дар мисоли оилаи худ ва дигарон муқоиса мекунад. Агар ба ин паҳлуи ҳаёти омӯзгор таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир шавад, мақоми омӯзгор ва мактабу маориф боло меравад. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ интизори маблағ будани омӯзгорони ҷавон аз ҳар мукофоти соҳавӣ зиёд мушоҳида мешавад. Азбаски чунин мукофотҳо дар мо барҳам хӯрдаанд, беҳтар аст, ин нукта ба назар гирифта шавад. Охир, танҳо гирифтани дараҷаи тахассусӣ (категория) роҳи ҳалли масъала нест. Маҳз шинохтани омӯзгорони методист ва соҳибмактаб, аз рӯи меъёрҳо қадршиносии меҳнати ӯ мақоми омӯзгорро дар ҷомеа барҷаста нишон дода, ӯро ба касб дилгарм мегардонад. Устод Ҳабиб Искандаров дар робита ба дарёфти роҳҳои дастрасӣ ба имтиёзҳои омӯзгорон чунин гуфта буд: “Дар моддаи 56, Қонуни ҶТ “Дар бораи маориф” (Андозбандӣ) зикр шудааст, ки қонун «андозҳои имтиёзнок» пешбинӣ мекунад». Он имтиёзҳо кадомҳоанд, барои киҳоянд, чӣ гуна сурат мегиранд, мо бояд инро ба воситаи қарор, дастур ё мактубе ба муаллимон фаҳмонем”. Мутаассифона, ба сабаби набудани чунин раҳнамо ё тафсир аз мушкилӣ раҳо ёфтан ғайриимкон менамояд. Агар воқеан, ба қонунҳои мавҷуда, аз ҷумла Кодекси манзил ҳам назар кунем, баъзе имтиёзҳо ба омӯзгорон таъйин шудаанд. Аммо таъкиди устод барҷост, механизми истифода аз он ба омӯзгорон пешниҳод нашудааст. Ин масъалаҳо ҳам таваҷҷуҳ металабанд.
Мактаб-оила-ҷомеа: мушкил чист?
Тамоми вазорату идораҳои дахлдор, соҳибкорон, аҳли ҷомеа бояд барои баланд бардоштани мақоми омӯзгор муваззаф гарданд. А.Қурбонов бар ин назар аст, ки аз рафтуомад ва тафтиши беҳудаи сохторҳои гуногун ба муассисаҳои таълимӣ ҷилавгирӣ бояд кард. Дар робита ба ин мавзӯъ, устод Ҳабиб Искандаров ҳамеша таъкид мекард, ки ба мактаб чун маслиҳатгар бояд ворид шуд, на чун ревизор. Маълум аст, ки сиёсати имрӯзаи давлат воқеан, маорифпарварона интихоб шудааст. Вале бояд фаромӯш накард, ки ин сиёсат танҳо аз ҷониби давлат не, аз ҷомеа ҳам вобастагӣ дорад. Ба ин маънӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар суханронияшон бахшида ба Рӯзи дониш ва 70-солагии таъсиси Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ якуми сентябри соли 2015 гуфта буданд: “Ислоҳот ва навсозии соҳаи маориф вазифаи сиёсӣ ва умумидавлатӣ ба ҳисоб рафта, танҳо дар доираи аҳли маориф маҳдуд намегардад ва ба дастгирии ҳамаи табақаҳои ҷомеа ниёз дорад”.
Бале, имрӯз мо бояд бо ҳамбастагӣ барои омӯзгорон шароите муҳайё созем, ки онҳо ғайр аз вазифаи худ кори дигаре накунанд. Дар ин сурат ҷомеа дарк мекунад, ки омӯзгор дар пешрафти ҷомеаи мутамаддин воқеан, шахси асосист.
Кӯдакон ва таҳсилот
Масъалаи дигар, фарогирии кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ буда, он дар ҷумҳурӣ ҳанӯз қонеъкунанда нест. Барои баробарӣ бо кишварҳои дигар аз роҳҳои гуногуни ҷалби кӯдакон ба ин таҳсилот бояд кор гирифт. Масалан, бо ҷалби мутахассисони собиқадор ташкил намудани зергурӯҳҳо дар хонаҳо беҳтарин роҳ аст, ҳам собиқадорон бекор намемонанд, ҳам норасоии мутахассисон дар соҳаи томактабӣ аз ин ҳисоб бартараф ва ҳам фарогирӣ бештар мегардад. Номзади илмҳои иқтисодӣ, собиқ муовини вазири маориф Фатҳиддин Усмонзода менависад: “Ин шакли ташкили таҳсилоти томактабӣ махсусан барои ҷалби мураббиён, омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ, ки дар нафақа мебошанд ва занҳое, ки дар рухсатии таваллуди фарзанд қарор доранд, ҳавасмандии хуб мебошад.” (“Рушди таҳсилоти томактабӣ - талаби замон”, маҷаллаи “Маърифати омӯзгор”, №12-2018).
Ҳифзи шарафи омӯзгор шарт
Бояд ба муҳтавои барномаҳои радиову телевизион ва умуман, расонаҳо назар кард, ки барои ҳимояи мақоми омӯзгор қонеъкунанда ҳастанд ё не? Соле устод Искандаров ба Кумитаи телевизион рафта, ба роҳбарияти онвақта эътироз кард, ба хотири он ки дар саҳнаҳои ҳаҷвӣ ҳунармандон омӯзгорро ба масхара мекашиданд. Шодӣ Раҷабзод, нависанда ва рӯзноманигори шинохта дар мақолааш “Чаро хиёбони “Омӯзгор” набошад?” (“Маорифи Тоҷикистон”, №10-2021) менависад: “Рӯзноманигори ҷавон Фарангиси Фармон хеле бамаврид ва ҳадафрас иброз доштааст, ки «…Маҳз ба хотири номи бузургаш, вақти он расидааст, ки тоҷи қаҳрамони замонро ба сари муаллим гузорем». Дар воқеъ, беҳ мебуд барои эҳтирому қадрдонии муаллим дар маркази шаҳри Душанбе муҷассамаи омӯзгор ба таври расмӣ гузошта, хиёбони «Омӯзгор» кушода шавад”.
Ташкили барномаҳои радиоиву телевизионӣ дар сурати ҳадафмандона интихоб намудани мавзӯъ, масъалагузории дуруст, ташкил карда тавонистани суҳбат аз тарафи журналистон ташкили саҳнаҳои тарбиявиву ахлоқӣ ва бо сохтани симои онҳо ва ин қабил иқдомҳо метавонанд, мақоми омӯзгорро ҳифз ва худи ӯро муаррифӣ намоянд. Дар ин сурат, шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам аз чунин бархӯрд назари худро ба маориф ва мактабу омӯзгор дигар мекунанд. Таъсис додани ихтисосҳои журналистони соҳавӣ омили ҳалли ин масъалаҳои ҳалталаби соҳаи маориф ва илм шуда метавонад. Пас, агар «Муаллим ақл, шарафу виҷдони ҷомеа ва симои асосии он” (Эмомалӣ Раҳмон) аст, чаро ба ин симо арҷ нагузорем?
Илм: ҷавонон ва мушкилоти онҳо
Як паҳлуи муҳими дигар, ки имрӯзҳо эътирози аҳли назарро ба миён овардааст, ба масъалаҳои ҳалталаби соҳаи илм рабт дошта, бемуҳобот, ҳалли он тақозои замони аст. Агарчи баъзе иқдомҳо дар ин замина гирифта шудаанд, аммо паҳлуҳои нигаронкунандаи дигар низ ҷо дорад. Яъне, қисми зиёди мавзӯъҳое, ки ба аспирантону унвонҷӯён ҳамчун мавзӯи тадқиқотӣ дар оянда муайян ва тасдиқ карда мешаванд, дархӯри замон нестанд. Номвар Қурбонов, раиси олимони ҷавони ДМТ ҷонибдори он аст, ки барои интихоби мавзӯъҳои илмии аспирантону унвонҷӯён дар назди ҳар як донишгоҳу донишкада ва муассисаҳои илмию тадқиқотӣ аз ҳисоби олимоне, ки корҳои илмӣ-тадқиқотиашон мунтазам ба нашр мерасанд ва натиҷаи ин тадқиқотҳояшон дар истеҳсолот ва ҷомеа татбиқ шудаанд, комиссияи босалоҳияти доимоамалкунанда таъсис дода шавад. “Бигзор, комиссияи мазкур мавзӯъҳои барои аспирантон муайянкардашударо ҳамаҷониба омӯхта, сипас барои тасдиқ ба Шӯрои олимони муассиса пешниҳод намояд, - мегӯяд ӯ. - Мавзӯъҳое, ки куҳна шудаанд ва хусусияти амалии воқеӣ надоранд, умуман қабул ва тасдиқ карда нашаванд.” Ба таъкиди ӯ, як масъалаи ташвишовар барои аспирантону унвонҷӯён ба фаъолияти носолоими баъзе роҳбарон тааллуқ дорад. Аксаран дастовардҳои аспирантону унвонҷӯён ба манфиати худи роҳбарон истифода бурда мешаванд. Ин ҳолат тақозо мекунад, ки ҳар нафаре ба илм мепайвандад, уҳдадориҳои худро бояд иҷро намояд. Фарҳод Раҳимӣ – президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон дар ҳошияи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мақолааш зикр кард: “Илм ва маориф дар саргаҳи сиёсати давлатӣ қарор гирифтааст. Ин аст, ки Сарвари давлат ба соҳаҳои илму маориф эътибори аввалиндараҷа додани мақомоти давлатиро тақозо намуда, таҳким бахшидани иқтидори илмии кишвар, пайвастани илм бо истеҳсолотро ба унвони роҳи асосии раҳоӣ аз бунбастҳои имрӯзӣ муаррифӣ намуданд.” (“Маърифати омӯзгор”, №2-2019).
Маориф- чароғи зиндагӣ
Маориф соҳаест, ки ҷомеа аз он вобастагии зиёд дорад, тамоми кашфиёти бузурги илмию техникӣ маҳз аз мактабу маориф ва ташкили низоми дурусти муосири таълиму тарбия ба даст меояд. Ин аст, ки тамоми кишварҳои мутамаддин қисмати зиёди буҷаи давлаташонро ба ин соҳа сарф менамоянд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам дар ин росто пайваста тадбирҳо меандешад. Таҳияи стандартҳои фаннӣ, барномаву нақшаҳои таълимӣ, нашри китобҳои дарсӣ, инчунин китобҳои бадеӣ барои мактаббачагон, таъсиси муассисаҳои нави таълимӣ, бунёди инфраструктураҳои нав, омода намудани мутахассисони сазовори замон, такмили ихтисоси омӯзгорон, вусъати ҳаракати олимпӣ, дарёфти роҳҳои нав ба нави сифати таҳсилот ва даҳҳои дигар аз зумраи муваффақиятҳоеанд, ки Вазорати маориф ва илм тавонистааст дар давраи Истиқлол ба даст оварад.
Мактабшиноси варзида Ҳабиб Искандаров, ки ба гуфти академик Муҳаммадюсуф Имомзода, тамоми фикру зикрашро мактабу маориф фаро гирифта буд, дар бораи бурду бохти маориф, мақому шинохти омӯзгор, омилҳои рушди соҳа 50 китоб навиштааст. Дар ин китобҳо устод пешниҳодҳои зиёде дошт, ки омӯхтани онҳо ҳам аз манфиат холӣ нест.
Ба назар мерасад, ки соҳа дар маҷмӯъ таваҷҷуҳи бештарро ҳам аз ҷониби мақомоти давлатӣ дар маҳалҳо ва ҳам аз ҷониби ҷомеа интизор аст. Ба назари мо, вақти он омадааст, ки Анҷумани омӯзгорони ҷумҳурӣ даъват карда шавад. (Албатта, бо назардошти хуб шудани вазъи имрӯза).Чунин чорабинӣ дар замони Шӯравӣ амал мекард ва то ҳанӯз дар кишварҳои ИДМ ҳам амал мекунад, дар мо қаблан даъват шуда буд, аммо дар даврони Истиқлол не. Дуруст аст, ки Анҷумани кормандони иттифоқи касабаи маориф ва илм 12 маротиба даъват шудааст, аммо он агар аз мавқеи ниҳоди асосӣ баргузор гардад, беҳтар аст. Анҷуман бояд масъалаҳои болоро бо ширкати беҳтарин донишмандону омӯзгорон ва коршиносони соҳаи илму маориф дида барояд.
Тавре устод А.Қурбонов дар суҳбат бо мо таъкид кард, барои баланд бардоштани мақоми омӯзгор, аввал омода намудани мутахассисон, баъд иҷрои вазифаҳои тамоми ниҳодҳои давлатӣ ва ҷомеа, сипас, ҳавасмандии омӯзгоронро баррасӣ кардан шарти муҳим аст. Дар он сурат бовар кардан мумкин аст, ки маориф воқеан, омили амнияти миллӣ ва омӯзгор кафили рӯзгори шоиста аст. Устод Алимуҳаммад Муродӣ барҳақ, мегӯяд:
Аз маориф мешавад равшан чароғи зиндагӣ,
Аз маориф мешавад гулбоғ боғи зиндагӣ.
Аз маориф мешавад миллат дар олам сарфароз,
Аз раҳи илму маориф кун суроғи зиндагӣ.

Саида НАБИЗОДА сармуҳаррири
маҷаллаи “Маорифи Тоҷикистон”,
муаллифи китоби “Забони тоҷикӣ”
барои синфи 5, Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: