КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар замини аз гардиш дурмонда шолӣ кишт намуданд17-06-2021, 09:49
Хабарро хонданд: 214 нафар
Назарҳо: 0
Кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар ҳамбастагӣ бо кумитаҳои зертобеи худ бо мақсади мусоидат ба таъмини амнияти озуқавории мамлакат ва расидан ба зиндагии шоиста, дар баробари иҷрои корҳои таблиғотӣ, ҳамчунин ба таври амалӣ дар самти истифодабарии мақсадноки замин ташаббускорӣ нишон дода, ба ин васила мехоҳанд дар фаровонии маҳсулоти кишоварзӣ саҳмгузор бошанд.
Тавре аз Шуъбаи иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон хабар доданд, кормандони кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб бо ин мақсад дар хоҷагии ёрирасони назди кумита, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Фирӯзаи ноҳияи Носири Хусрав дар майдони ду гектар кишти шолиро ба роҳ монданд. Роҳбарияти кумита мақсад доранд, ки бо ба даст овардани ҳосили хуб аҳли кормандон ва як қатор ниёзмандонро бо таъмини ин маҳсулоти кишоварзӣ ҳавасманд намоянд. Майдони кишти шолие, ки айни замон кормандони кумитаи вилоятии ҳизб дар он сарукор доранд, бинобар сабаби шӯршавӣ аз гардиш дур монда буд. Ёдовар мешавем, ки чунин ташаббус аллакай аз ҷониби кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар шаҳру ноҳияҳои вилоят низ роҳандозӣ гардида истодааст. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.