Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » САФИ ДОНИШҶӮДУХТАРОНИ ДЕҲОТ МЕАФЗОЯД

САФИ ДОНИШҶӮДУХТАРОНИ ДЕҲОТ МЕАФЗОЯД

29-05-2021, 10:43
Хабарро хонданд: 528 нафар
Назарҳо: 0
САФИ ДОНИШҶӮДУХТАРОНИ ДЕҲОТ МЕАФЗОЯД
Чи солҳое буданд, чи рӯзҳоеро халқи тоҷик паси сар кард. Аммо шукри истиқлолу шукри Пешвои ватандӯст. Бо омадани Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маснади роҳбарӣ ҳаёти халқи тоҷик бахусус занону духтарон дигар шуд. Солҳои пеш хондану фаъолияти занҳо як тараф, духтарҳо аз хона берун намебаромаданд. Аммо имрӯзҳо қариб дар ҳама идораҳои давлатӣ фаъолияти занҳо ба назар мерасад. Духтарон аз гӯшаю канори дурдасти Тоҷикистон ба таҳсил машғуланд. Бахусус, духарони кӯҳистон, ки таҳсил барои онҳо мушкил буд. Аммо сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат боис шуд, ки ақидаҳои номатлуб аз сари мардуми кӯҳистон дур шавад. Сафарҳои Президенти кишвар ба манотиқи дурдасти Тоҷикистон боиси он гардид, ки сатҳи хурофот пас шаваду ақидаи мардум дигар.
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999 №5 "Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа" боиси он гардид, ки занон дар ҷомеа мавқеи хешро ёбанд. Ба ин монанд, қарору фармонҳои Сарвари давлат сол то сол боиси баланд гардидани мақоми зан дар ҷомеа гардид. Вагарна, солҳо қабл, зан ҳуқуқе надошт. Барои оиладор шудани духтар ҳатто розигияшро намепурсиданд. Духтарон ба синни 18 норасида, ба шавҳар мебаромаданд. Инҷо ҳам ғамхории Пешвои миллат нисбти духтарон буд, ки фармон шуд, то духтарон ба синни ҳаждаҳ нарасидаанд ба шавҳар набароянд.
Соли 2000-ум Квотаҳои президентӣ барои хонандагони камбизоати кӯҳистон ташкил гардид, ки сафи донишҷӯдухтарон беш гардид. Оилаҳое, ки барои дохил намудани духтарҳояшон шароит надоштанд, акнун метавонанд фарзандонашонро ба таҳсил фаро гиранд. Пешвои миллат дар ҳар сафари хеш ба ноҳияҳои дурдасти Тоҷикистон бо сокинон вохӯрӣ намуда, таъкид мекарданд, ки агар зан дар оила босавод бошад, фарзандонро низ хуб тарбия карда, савод меомӯзонад. Даъват мекард, то барои ба таҳсил машғул шудани духтарони хеш мусоидат кунанд ва ин бенатиҷа намонд. Аз як тараф Квотаҳои президентӣ, аз тарафи дигар, баробарии гендерӣ ҳаёти бонувонро дигар намуд, ки ҳамаи ин ғамхориҳои Сарвари давлат нисбати занону духтарон буд.
Ман худ зодаи кӯҳистонаму урфу одати онҷоро хуб медонам. Ҳамеша аз тариқи оинаи нилгун медидам, ки духтарон бо Пешвои миллат ҳамсуҳбат мешаванд ва ба донишгоҳҳои гуногун роҳхат мегиранд. Орзу мекардам, ки замоне донишҷӯ шавам, аммо фикр намекардам, ки замоне орзуи ман ҷомаи амал мепӯшад. Аз сабабе ки доираи зиндагии духтарони деҳот маҳдуд буд, аз касе кумак пурсида наметавонистам, то замоне, ки тамоми ҷасорати хешро ҷамъ намуда, бо падари маънавии хеш Пешвои миллат рози дил гуфтаму барои идомаи таҳсил роҳхат гирифтам.
Вақте ба донишгоҳ дохил шудам, дидам чун ман духтарон зиёданд, ки бо кӯшиши хеш ва дастгирии бевоситаи Пешвои муаззами миллат ба донишгоҳ дохил шудаанд. Дарк намудам, ки ман танҳо нестам, ки аз ғамхориҳои Пешвои миллат бархӯрдорам. Аллакай чор сол мешавад дар Донишгоҳи миллӣ дар факултае, ки орзуҳои худамро дар он медидам, таҳсил дорам. Миннатдории хешро ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мерасонам, ки маро барои идомаи таҳсил дастгирӣ намуданд.
Сафинаи Маъруфҷон
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: