Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ДАР ТАРБИЯИ НАСЛИ НАВРАС ҲАМАГОН ВАЗИФАДОРЕМ

ДАР ТАРБИЯИ НАСЛИ НАВРАС ҲАМАГОН ВАЗИФАДОРЕМ

27-05-2021, 08:56
Хабарро хонданд: 175 нафар
Назарҳо: 0
 ДАР ТАРБИЯИ НАСЛИ НАВРАС ҲАМАГОН ВАЗИФАДОРЕМ
Инсон дар ҳама давру замон ва дар ҳама кишварҳо сарвати гаронтарин ва арзишу дороии давлат маҳсуб мегардад. Дар ин ҷараён таҳияи қонунҳои фарогир ва адолати судӣ мақоми муҳим дорад. Бинобар ин, мақомоти судӣ вазифадор аст, ки барои пешрафти давлати соҳибихтиёри Тоҷикистон волоияти қонун ва инсонгариро таъмин намояд. Тавре ки Сарвари давлат таъкид намудаанд: «Қонун бояд, пеш аз ҳама, ба ҳифзу ҳимояи инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ў равона карда шавад, мавқеи шахсро дар ҷомеа мустаҳкам намояд ва барои истифодаи нерўи моддиву маънавии вай, зиндагии осуда ва озоду шоистаи шаҳрвандон дар ҷомеа мусоидат намуда, ба ташкили фазои муътадили соҳибкорӣ ва фаъолияти муназзами мақомоти давлатӣ, корхонаҳо ва ташкилоту муассисаҳо замина гузорад».
Дар давлати ҳуқуқбунёди дунявӣ, ки мо имрўз дар роҳи бунёди он қадам мезанем, инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ мебошад. Бинобар ин, ҳангоми аз тарфи суд дида баромадани ҳар парванда бояд ҳамон ҷиҳати кор бо камоли диққат омўхта шавад, ки маҳз кадом ҳуқуқи шахсият халалдор шудааст ва сабабҳои он дар чист? Дар моддаи 20-уми Сарқонуни Тоҷикистон омадааст: «Ҳеҷ кас то эътибори қонунӣ пайдо кардани суд дар содир кардани ҷиноят гунаҳгор дониста намешавад. Ҳеҷ кас баъди гузаштани муҳлати таъқиби ҷиноӣ, инчунин, барои содир кардани рафторе, ки ҳангоми воқеъ шуданаш ҷиноят ҳисоб намеёфт, ба ҷавобгарӣ кашида намешавад ва барои як ҷиноят такроран ҷазо намебинад».
Ҳокимияти судӣ дорои хусусиятҳои махсус буда, вай бо он муайян мегардад, ки суд адолати судиро ба амал бароварда, дар мурофиаҳои судӣ парвандаҳои гражданӣ, ҷиноятӣ ва маводҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриро баррасӣ менамояд ва дар ҳаққи вайронкунандагони қонун чораҳои таъсиррасонии муқарранамудаи қонунро татбиқ менамояд. Адолати судӣ сохти ҷамъиятӣ ва давлатӣ, тамоми шаклҳои моликият, ҳуқуқи сиёсӣ, меҳнат, манзил ва дигар ҳуқуқу манфиатҳои шахсии шаҳрвандон ва дар баробари онҳо манфиати корхонаю муассисаҳои дорои шаклҳои гуногуни моликиятро аз ҳама гуна сўиқасд муҳофизат менамояд.
Пас аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд» вазифаҳои волидон низ бештар шуд. Барои иҷро накардани уҳдадориҳои худ ба волидон низ ҷавобгарӣ пешбинӣ гардида, аз ҷумла, барои монеъ шудан ба идомаи таҳсили фарзанд дар мактаби таҳсилоти ҳатмӣ дар Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ барои иҷро накардани уҳдадориҳои худ ба волидон моддаи махсус ворид шудааст. Чунин ҳолатҳо дар судҳо баррасӣ шудаанд. Инчунин, аз ахбороти расмӣ маълум мегардад, ки ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиѓон афзудааст. Ин ҳолат сабабҳои зиёд дорад ва яке аз омилҳои асосӣ – ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтани волидону бе назорат мондани наврасон ба ҳисоб меравад. Вале барои тарбияи насли наврас на танҳо мактаб ва волидон, балки сохторҳои дигари ҳукумат ва созмонҳои ҷамъиятӣ-ҳама аҳли ҷомеа вазифадоранд.

Лола Ҳабибуллозода,
Сунатулло Сафарзода,
котибони маҷлиси судии ноҳияи Фирдавсии
ш. Душанбе



Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: