Ноболиғон чаро ҷиноят мекунанд ва чӣ гуна ин мушкилро ҳал кардан, ё коҳиш додан мумкин аст?9-01-2019, 08:25
Хабарро хонданд: 399 нафар
Назарҳо: 0
Тибқи маълумоти Вазорати корҳои дохилӣ дар 11 моҳи соли 2018 аз тарафи ноболиғон 826 ҷиноят содир гардидааст, ки нисбат ба соли 2017 224 ҳолат ё 37,2 фоиз зиёд мебошад. Дар 826 ҳолати содирнамуда 706 нафар ноболиғон иштирок намудаанд, ки аз он 24 нафар духтар, 682 нафар писар мебошад. Аз ин шумора 490 нафарашро ноболиғоне ташкил медиҳанд, ки ба кор ва хондан машғул нестанд. Маълумотҳо далели онанд, ки солҳои охир раванди ба ҷиноёт даст задани кӯдакону ноболиғон афзоиш меёбад, ки ин гунаҳоро кӯдакони душвортарбия меноманд. Аксаран мутахассисони соҳа ва равоншиносон сабабҳои душвортарбия шудани кӯдакону наврасонро дар сатҳи пасти маърифатнокии волидон медонанд. Зеро ба гуфтаи онҳо идеали кӯдаки наврас падару модараш ҳисоб мешаванд. Яъне ҳар гунае, ки падару модар дар оила муносибат намуданд, ҳамон рафтору кирдорро кӯдак нақшбардорӣ мекунад. Бо дидани муомилаи нохуш аз ҷониби наздикону пайвандон ва муносибати тезу тунди онҳо ҳолати равонии кӯдакону наврасон осеб дида, боиси рафтори нохубашон мегардад. Равоншиносон бар ин назаранд, ки ҳар андоза муносибат ва муомила ба ашхоси осебпазир сард гардад, онҳо то рафт бадрафтор мешаванд. Аз ин рӯ, тавсия медиҳанд, ки ҳангоми муомила аз истифодаи дуруштиҳо худдорӣ намоянд. Пас роҳи ҳал чист? Ба муассисаҳои махсусгардонидашуда фиристодани онҳо? Мувофиқи моддаи 22-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” кӯдакони аз даҳсола боло, ки барои ҷамъият хавфноканд, дар муассисаи низомаш махсус нигоҳ дошта мешаванд. Вақте кӯдакони душвортарбия ба муассисаҳои махсус равона мегарданд, эшон аз муҳити оила дур ва то андозае аз нигоҳи равонӣ носолим мегарданд. Дар ҳамин ҳол таи 11 моҳи соли гузашта дар Тоҷикистон аз ҷониби кормандони воҳидҳои кор бо ноболиғон ва ҷавонон 4898 маротиба рейд ва амалиётҳои муштарак таҳти унвони «Наврас», «Оворагард» ва «Талбанда» гузаронида шуд, ки дар натиҷа 15121 нафар ноболиғон барои ҳуқуқвайронкуниҳои гуногун муайян гардида, ба ШВКД шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дастрас гардиданд. Аз ҷумла 4391 нафар бо сабаби оворагардӣ, 618 нафар барои талбандагӣ, 463 нафар барои кашидани бор дар бозорҳо, 353 нафар барои ҷамъоварии маблағи роҳкиро дар воситаҳои наклиёти мусофиркаш, 518 нафар барои шустани воситаҳои нақлиёт дар ҷойҳои муқаррарнагардида, 3065 нафар барои бозиҳои компютерӣ дар вақти соати дарсӣ, 7 нафар бо сабаби фоҳишагӣ, 116 нафар барои ноболиғони бепарастор, 31 нафар барои истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ, 740 нафар барои фурӯшандагӣ дар ҷойҳои муқаррарнагардида, 334 нафар барои дуд додани сипанд ва 4485 ҳолати ҳуқуқвайронкуниҳои дигар. Равоншинос Заррина Кенҷаева мегӯяд, ки раванди душвортарбия шудани наврасон хеле тӯлонӣ буда, сарчашмаҳояшон гуногунанд: - Душвортарбия шудани кӯдакону наврасон, пеш аз ҳама ба инобат нагирифтани раванди фаъолияти онҳо мебошад. Аммо танҳо ин масъала нест, ки ба ин раванд сабаб мешавад, балки мушкил ба ҷамъи омилҳо иртибот мегирад. Масъалаи дигар, муносибати волидон аст. Мутаассифона, бархе модароне ҳастанд, ки бо сабаби мушкилоти иҷтимоии зиндагӣ ба дуруст тарбия намудани фарзанд вақт намеёбанд. Ин хел модарон наметавонанд роҳи дурусти ташаккулёбиро ба фарзанд нишон диҳанд. Падаре, ки ҳамеша бо агрессия аз дари хона ворид мешавад, наметавонад рафтори намунавиро ба фарзандаш нишон диҳад. Ҷомеае, ки дар он адлу инсоф дида намешавад, наметавонад кӯдакон боварӣ ба фардоро омӯзонад. Барои ҳамин, барои пешгирии ҳолат мо бояд дастаҷамъона кӯшиш намоем. Намешавад масъаларо танҳо ба волидону мактаб вогузор кард. Масъулин дар ин зимн қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро хеле саривақтӣ арзёбӣ мекунанд, аммо мегӯянд то бархӯрди ҷамъиятӣ набошад, натиҷаҳои беҳтарро соҳиб намешавем. Тавре Абдусаттор Фаттоҳзода, сардори Хадамоти пешгирии ноболиғони навраси ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суҳбат бо мо гуфт: - Бо мақсади пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ва ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон ва бо мақсади амалӣ намудани талаботи Қонунҳои Ҷумхурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» воҳидҳои кор бо ноболиғони мақомоти корҳои дохилии ҷумҳурӣ дар давоми 11 моҳи соли гузашта 13261 маротиба мулоқот гузаронида шуд. Аммо бо вуҷуди кӯшишу талошҳои мо сатҳи ҷинояту оворагардӣ зиёд шуда истодааст, ки ин хеле нигаронкунанда мебошад. Барои аз байн бурдан ё коҳиш додани ин амалҳои номатлуб тамоми ҷомеа бояд саҳми худро гузорад. Мутаассифона, падару модар ва дигар шаҳрвандон бо мо хеле кам ҳамкорӣ мекунанд. Мо дар ҳар як мулоқоту суҳбат бо ҷомеа аз онҳо хоҳиш мекунем, ки ба мо робитаи зич намоянд, аммо ҳамоно талоши дуҷонибаро намебинем. Ин андешаҳоро Зокирхон Сафаров, директори Муассисаи давлатии литсеи касбии техникии махсуси шаҳри Душанбе низ ҷонибдорӣ намуда, мегӯяд, ки бовуҷуди ин нақши падару модар аз ҳама муҳимтар аст: “Волидонро мебояд, ки ба ҳар васила фарзандони навраси худро ба ягон шуғле ҷалб намоянд. Машғул шудан ба варзиш ва омӯхтани ҳунарҳои мардумӣ яке аз роҳҳои самарабахши дур шудан аз бекориву оворагардии наврасон буда, онҳоро аз таъсири бади кӯча ва даст задан ба аъмоли бад нигоҳ медорад. Зеро маҳз бекорӣ омили асосии пайдоишу таҳким ёфтани ҳар гуна аъмоли баду ношоиста мегардад, ки минбаъд даст кашидан аз онҳо амри маҳол аст». Равоншиносон дар навбати худ таъкид медоранд, ки дарки ҳамаҷонибаи кӯдакони душвортарбия ба роҳ мондани муомилаи хубу созанда дар рафти таълим, муносибати баробарӣ дар рушди солими минбаъдаи кӯдакону наврасони осебпазир ҳатман кумак мерасонад. Алалхусус истифодаи ҷумлаҳои таскинбахш ва такондиҳанда, ба монанди “Ман туро мефаҳмам” “Ҳолати туро дарк мекунам”, “Ту аз уҳдааш мебароӣ!”, “Қобиляти хуб дорӣ” ва ғайраҳо ба манфиати кор аст. Ба тарзи дигар, ба гуфтаи коршиносон яке аз сабабҳои аслии душвортарбия шудани баъзе кӯдакон ин муомилаи сарди атрофиён аст. Аз ин рӯ изҳори меҳру муҳаббат, нишон додани дӯстдорӣ ва меҳру самимият ба осазир будани онҳо нуқта мегузорад. Саида Хоҷаева |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.