Империяе, ки маркази тамаддуни ҷаҳонӣ буд...11-05-2021, 10:19
Хабарро хонданд: 201 нафар
Назарҳо: 0
Дар ҷомеае, ки мо зиндагӣ дорем бахусус иддае аз мардуми пирасар собиқ давлати Шӯравиро абарқудраттарин империяи ҷаҳонӣ мешумориданд. Аммо дар асл, ин тавр нест. Империяи Шӯравӣ ҳамагӣ 70 сол умр дид ва дар сохтори ҷомеаи он камбудӣ ва костагиҳои зиёде ба назар мерасид, ки борҳо аз ҷониби олимон ва сиёсатмадорон таҳлилу баррасӣ гардидаанд. Вале мақсади мо интиқоди сохтори ҷомеаи Шӯравӣ нест, балки мехоҳем мухтасар дар бораи империяе нақл кунем, ки он зиёда аз 6 аср маркази тамаддуни ҷаҳонӣ дониста мешуд. Дар ҷаҳон империяҳое буданд, ки салтанати онҳо садсолаҳо пояндагӣ кардааст, аммо дар байни онҳо империяи шарқии Рум, ки он дар китоби таърих ҳамчун империяи Византия маъмул аст, умри ниҳоят тӯлонӣ дидааст. Дар қиёс ба империяи Византия империяи Рим 800 сол, империяи Чин 300 сол, империяи Усмонӣ 500 сол ва империяи Рус 200 сол ҳокимият ронданд. Дар қаламрави империяи Византия 6 ҳиссаи аҳолии тамоми дунё зиндагӣ мекард ва он аз гулугоҳи Гибралтар сар шуда, то Арабистон тӯл мекашид. Ба ин империя ҳудуди имрӯзаи Туркия, Исроил, Булғористон, Сербия, Тунис, Италия, Испания, Португалия ва боз чандин давлатҳои дигар шомил буданд. Таърихи империяи Византия аз соли 330 (солшумории имрӯза) оғоз меёбад. Соли 335 империяи Рим ба ду шоха тақсим шуд, ки якеро Византияи шарқӣ ва дигареро Византияи ғарбӣ ном мебурданд. Шаҳри Константинопол (Византий) аз нуқтаи назари меъморӣ хеле зебо муҳташам бино шуда буд. Дар ин шаҳр бори аввал дар таърихи тамаддуни ҷаҳонӣ донишгоҳ ба фаъолият пардохт, ки дар он нақшаҳои таълимӣ - дарсӣ чун нақшаҳои таълимии мактабҳои замони муосир мураттаб гардида буданд. Империяи Византия нахустпоягузори сохтори давлатдорие буд, ки мақомоти қонунбарорӣ дошт ва соҳаҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ ва ҳунару санъаташ пешрафта буда, муназзам кор мекарданд. Юнониҳо ва римиҳо асосгузорони театр ва амфитеатр ба шумор мераванд. Масалан, театри Дионис дар Афина 70 ҳазор ҷой, театри шаҳри Эфес 60 ҳазор ҷойҳои нишаст доштанд. Дар ин империя драматургия низ инкишоф ёфта буд. Асосгузорони он Софокл, Эсҳил, Аристофан ва дигарон буданд, ки асарҳои драмавӣ эҷод мекарданд. Дар империяи Византия бори аввал дар таърихи башарият тарҳи нави сохти давлатдорӣ коркард шуд, ки онро то имрӯз давлатҳои гуногуни дунёӣ истифода мебаранд. Сохти давлатдории империяи Византия чун империяи Рим монархӣ (шоҳигарӣ) буд, император сарвари асосии давлат дониста мешуд. Роҳибони калисоҳо мегуфтаанд, ки “император инсони муқаддас” аст.Тамоми зимоми давлатдорӣ- ҳуқуқӣ-судӣ дар ихтиёри императорон буд. Интихоби ӯ аз ҷониби сенат, артиш ва халқ бо иштирики ҳизбҳои гуногун сурат мегирифт. Аммо буданд ҳолатҳое, ки императорон ба вазифае намояндаи худашро интихоб мекарданд. Сенат (синклит) мақомотии машваратие буд, ки дар назди император фаъолият мекард ва муҳимтарин масъалаҳои дохилӣ ва хориҷиро мавриди таҳлил қарор медод. Баландтарин вазифаҳо дар империя сардори пойтахт, сардори қаср ва сардори артиш буд ва онҳо танҳо ба император итоат мекарданд. Дар Византия соҳаҳои гуногуни ҳунарӣ ба монанди заргарӣ, чӯбтарошӣ, кулолгарӣ, оҳангарӣ, меъморӣ ва ғайраҳо тараққӣ карда буданд. Аксарияти сокинон бо забони юнонӣ ҳарф мезаданд ва танҳо дар асри 7 забони лотинӣ забони давлатии империяи Византия шуд. Византияи асрҳои миёна давлати мутамаддин ва сераҳолӣ шуморида мешуд ва қудрати мутамарказонидашудаи қавӣ дошт. Бахусус дар даврони сарварии император Юстиниан (527-565) Византия ободу зебо ва пешрафта гардида буд. Бисёре аз муҳаққиқон чунин мешуморанд, ки император Константин XII майи соли 330 пойтахти империяи Римро ба таври расмӣ ба шаҳри Византий интиқол дод ва онро Рими нав Константинопол номид. Аммо тавре ки таърихшинос В.В.Серов нишон додааст, мақоми пойтахт тадриҷан инкишоф ёфта, аз якчанд марҳила гузаштааст. Константинопол дар давоми 6 сол сохта шуд ва аз чор тарафи он деворҳои азиме барои муҳофизат бардошта шуда буданд. Пойтахти нав дар наздикии нимҷазираи Босфор ҷойгир шуда, барои ба баҳри Миёназамин ва баҳри Сиёҳ баромадани киштиҳои тиҷоратӣ манфиати баланд дошт. Шаҳри Константинопол ҷои Римро гирифт ва иддае аз бошандагонаш ин шаҳрро “Рими нав” меномиданд. Соли 395 император Феодосии I қаламрави империяи Римро байни писар ва бародараш тақсим менамояд. Соли 476 империяи ҷанубии Римро, ки дар он писари Феодисияи I Гонорий подшоҳӣ мекард, дар натиҷаи тохутутозу ғоратгариҳои аҷнабиҳо сукут кард ва империя нав таҳти сарварии бародари шоҳ Феодосия I Аркадий ба вуҷуд омада, роҳи ҳазорсоларо пеш гирифт. Ин империя таҳкурсии бузург барои дини насронӣ шуд. Аз оғози асри 6 сар карда ин империя рӯ ба таназзул овард ва қаламравӣ он то рафт хурд шудан гирифт. Қисме аз миллату халқиятҳои ин давлат берун аз империя монданд ва баръакси нест шудани миллатҳои гуногун, дигар миллатҳо ба монанди готҳо, славянҳо, арабҳо ба ин давлат шомил шуданд. Забони давлатии империя аз асри 4 то асри 6 забони лотинӣ буд ва дар асри 7 забони пурраи давлатдории он юнонӣ шуд. Бо гузашти солҳо чандин маротиба истилогарони аҷнабӣ ба империяи Византия лашкар кашиданд. Бахусус, артиши аврупоиён соли 1200 ба империяи Византия лашкар кашида, оқибат онро ғасб намуданд ва тӯли 50 сол ҳукмрон шуданд. Дар ин муддат онҳо қисми зиёди боигарии ин мамлакатро ғорат карда, ба Аврупо бурданд. Зиёда аз 100 тонна тангаҳои қимматбаҳо, мусаввараҳои гаронбаҳо, тилло ва дигар чизҳои қимматбаҳоро ба яғмо бурданд. Дар ибтидои асри XV масоҳати империяи Византия хеле хурд шуда буд. Лашкаркашиии Темурланг ба ин шаҳр бенатиҷа анҷом ёфт. Дар шарқ душмани тавоно, туркҳои Усмонӣ сар бароварда буданд ва бисёр мехостанд, ки ин империяро дар тасарруфи худ дароранд. Дар он давра, ба сари қудрати давлати туркҳо шоҳи зираку тавоно Маҳмад II нишаст ва ӯ орзу мекард, ки рӯзе соҳиби Империяи Византия шавад. 5 апрели соли 1453 ӯ ба Константинополи барои византиҳо шаҳри муқаддас ҳуҷум кард. Ба муқобили артиши 180 ҳазор нафараи туркҳо император Константин Палеологи XI ҳамагӣ 7 ҳазор аскаронро сафарбар кард, ки қисми зиёди онҳо хориҷиён буданд ва майли муҳофизати империяро надоштанд. Баҳори соли 1453 барои нигоҳ доштани шаҳри Константинопол муҳорибаи шадид оғоз шуд, вале қудрату тавоноии артиши туркҳо хеле зиё буд ва византиҳо шикаст хӯрданд. Император Константин XI дар ин муҳориба корнамои нишон дода ҳалок гардид ва бо ҳамин империяи 1123 сол умрдошта сукут кард. Султон Маҳмади II ба сохтори ҷомеаи империя Византия харобӣ наовард, балки мероси унвонии ( титул ) императори Римро ба даст гирифт. Ӯ бо калисоҳо ва маданияти Византия бо назари нек менигарист. Ин рафтор ва муносибати султон ҳамаро ба ҳайрат оварда буд. Католик, таърихшинос Георгий Трапезундский навишта буд, ки ин империяи ҷаҳоние буд, ки бо роҳбарии султон Маҳмади II дини ислом ва насрониро ба ҳам наздик кард ва парастиши ҳар ду динро озод эълон намуд. Ҳамин тариқ, 29 майи соли 1453 Империяи Византия абадан рӯ ба сукут овард. Т.Орифӣ |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.