Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Зи ҳарфи бемурувват ошно бегона мегардад

Зи ҳарфи бемурувват ошно бегона мегардад

6-05-2021, 11:49
Хабарро хонданд: 815 нафар
Назарҳо: 0
Зи ҳарфи бемурувват ошно бегона мегардад
Эй бародар гар хирад дори тамом,
Нарму ширин гӯй бо мардум калом.

Оре, ҳақ бар ҷониби бузургон аст, зеро таърихи начандон гузаштаи мо гувоҳ аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муњтарам Эмомалӣ Раҳмон бо чи ҷоннисориҳо давлати тоҷиконро аз мустамликаи давлату миллатҳои абарқудрат бо забон ва расму оини мардуми хеш нигоҳ дошта, моро ба ин рӯзҳои нек расонид. Сарвари давлат дар дохил ба ҳама гуна низоъ ва душманӣ хотима бахшида, дар дунё давлатеро бо номи Тоҷикистон муаррифӣ намуданд. Тоҷик барои ноил шудан ба озодӣ бо кору пайкор, созандагӣ ва бунёдкорӣ, бо ақлу заковати фарзандони нобиғааш дар арсаи илму адабу сиёсат, бо расидан ба даврони эҳёи давлатдорӣ, бо талошҳо баҳри худшиносӣ ва огоҳии миллат таърихи худро ғаниву рангин сохтааст. Бо шиносоӣ бо таърихи миллати тоҷик кас гоҳе аз ҳунари волои давлатдории гузаштагонамон меболад. Гоҳи дигар аз шикасти ҳукумат, ҷоҳталабӣ, ҷангу ҷидол ва ҷаҳолату хунрезии бародарон ба хотири тахту тоҷ ва шуҳрату нафс, тохтутози ваҳшиёнаи аҷнабиён, саросар нобуд шудани мардумони бегуноҳ ва харобу валангор гаштани марказҳои фарҳангӣ дил реш мегардаду ба андеша водор месозад, ки ҳамеша зираку ҳушёр бошем. Нагузорем, то тешае ба решаи миллати мо бархӯрад.
Байни ҳуқуқ ва озодиҳои сиёсии шаҳрвандон озодии сухан мавқеи махсусро ишғол карда, яке аз муҳимтарин ҳуқуқҳои конститутсионии инсон ҳисобида мешавад. Ҳуқуқ ба иттилоот, дар навбати худ, яке аз омилҳои асосии ташаккули ҷараёни демократӣ ба шумор рафта, чун шохаи асосии ҳуқуқ ба озодии сухан маҳсуб меёбад, вале ин маънои онро надорад, ки беандешаву насанҷида сухан гуфт, зеро он метавонад боиси низоъ дар ҷомеа гардад.
Озодии сухан якчанд унсурро дар бар мегирад, ки бо ҳам зич алоқаманд буда, дар ягонагии ногусастанӣ арзи вуҷуд мекунанд:
озодии ҳар як нафар барои ошкоро баён кардани фикр, ғоя ва андешаҳои худ ва тарғиби онҳо бо ҳамаи усулҳои қонунӣ;
озодии матбуот ва дигар васоити ахбори омма аз сензура ва ҳуқуқи шаҳрвандон баҳри таъсис додан ва истифода кардани мақомоти иттилоотӣ;
озодии дастрасӣ ба манбаҳои иттилоот ё ҳуқуқи гирфтани иттилооте, ки манфиати ҷамъиятӣ дошта, ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд дахл доранд;
Ҳокимяти оммавӣ вобаста ба ваколатҳои худ уҳдадор аст, ки шаҳрвандонро бо иттилооти мӯътамад оид ба корҳои оммавӣ ва масоили ба манфиати шахсии онҳо дахлдошта таъмин намояд.
Меъёрҳои ҳозираи байналмилалии ҳуқуқҳои инсон дастрасӣ ба иттилоотро таҳким бахшидаанд. Дар ҳар давлати демократии замони муосир озодии матбуот ва истифодаи васоити ахбори омма кафолат дода мешавад. Аммо, суханрониҳои баъзе ашхоси худношинос, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нисбат ба давлату миллати тоҷик ба назар мерасанд, касро ба ҳайрат мегузорад, зеро ки онҳо ҳадафи ба вуҷуд овардани бесарусомонӣ ва шубҳаву гумон миёни мардуми осоиштаи кишварро доранд. Аз ин рӯ, гуфтан бамаврид аст, ки гӯянда бояд лутфу меҳрубонии неку дошта, хайрхоҳ ва хушният бошад. Агар табиб солимии тани мардумро дар даст дорад, пас суханвар руҳи инсонро бояд болида созад ва сари мавзўе, ки сухан меронад, бовар дошта бошад ва онро комилан донад. Имрӯз ҳамаи давлатҳою ташкилотҳои байналхалқӣ дида истодаанд, ки Тоҷикистон тараққӣ ёфтаву ба пеш рафта истодааст. Тамоми сокинони ҷумҳурӣ иқдомоти ҳукуматро дастгирӣ намуда, дар амалӣ гардонидани нақшаҳои он фаъолона ширкат меварзанд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма» баробари ба васоити ахбори омма додани ҳуқуқи озодона баъзе маҳдудиятҳои озодии сухан ва матбуотро низ таҳким бахшидааст. Дар моддаи 6-и қонуни мазкур омадаст, ки нашр кардани маълумоте, ки сирри давлатӣ ё ягон сирри бо қонун ҳимояшаванда мебошанд, даъватҳои зӯроварона, сарнагун сохтан ё дигар кардани сохти конститутсионӣ, пастзанандаи шаъну эътибори давлат ва Президент, тарғиби ҷанг, зӯроварӣ ва бераҳмӣ, терроризм дар ҳамаи шаклҳои зуҳуроти он, истисно ё бадбинии нажодӣ, миллӣ ва динӣ, порнография, даъватҳои содир кардани кирдорҳои чун ҷиноят ҷазододашаванда дар васоити ахбори омма манъ аст.
Баъзан дар шабакаҳои иҷтимоӣ маводҳое ба назар мерасанд, ки шояд дар назари аввал ба манфиати миллат ва давлат бошанд, аммо онҳо пардапӯшона гуфта шуда, дар асл дунболи фитнаангезӣ мебошанд. Баромадҳои пайдарпайи гурӯҳҳои ғараздошта нисбат ба давлату митллатро, ки тариқи шабакаҳои Фейсбук, Радиои «Озодӣ», «Садои мардум» иғвоандозӣ мекунанд, набояд беҷавоб гузошт, зеро ин фитнаангезиҳо ба оромии ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистони азиз хатар доранд. Бояд дар хотир дошт, ки онҳо барои мардуми мо ҳеҷ кумаке намекунанд. Рисолати ин расонаҳо дар Тоҷикистон тамоман чизи дигар буда, онон дунболи манфиат ва ғаразҳои нопоки баъзе аз давлатҳои абарқудрат равонанд. Ровиёни ин расонаҳо, бо фитнаангезӣ мехоҳанд байни мардум нисбат ба давлату миллати тоҷик ва роҳбарияти давлати Тоҷикистон тафриқа андозанд. Вале мо аминем, ки халқи барӯманди тоҷик мақсади нопоки ин ашхосро дарк кардааст. Баҳри садди роҳи ашхоси худношиносу тафриқаандоз шудан, мо мардуми тоҷик, бахусус, ҷавононро зарур аст, ки ба суханони бардурўғи ин кўтоњандешон гӯш надиҳем, зеро онҳо аз таъриху тамаддун ва фарҳанги ҳазорсолаи хеш бехабаранд. Аз дасти чунин фарзандони носипос имкон дорад дар паҳнои таърихи навини башар номи чунин як халқе бо ин бузургӣ доғдор гардад.
Васоити ахбори умум инъикоскунандаи ҳаёти ҷомеа ва неруи пешбарандаи давлати мутамаддин аст. Барои танзим ва таъмини фаъолияти самарабахши васоити ахбори омма дар Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии соҳа сол то сол мукаммал мегардад. Дар даврони истиқлолият қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма», «Дар бораи табъу нашр», «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ» «Дар бораи иттилоотонӣ» «Дар бораи иттилоот», «Дар бораи ҳифзи итттилоот», «Дар бораи реклама» «Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот» ва дигар асноди меъёрию ҳуқуқӣ қабул гардидаанд, ки муносибатҳои вобаста ба иттилоотро танзим менамоянд.

С. Таибов, М. Муҳидинова

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: