Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » ҲАР КУҶОЕ ХАЛҚ БУД, МИРЗОИ ТУРСУНЗОДА БУД…

ҲАР КУҶОЕ ХАЛҚ БУД, МИРЗОИ ТУРСУНЗОДА БУД…

29-04-2021, 10:40
Хабарро хонданд: 878 нафар
Назарҳо: 1
ҲАР КУҶОЕ ХАЛҚ БУД, МИРЗОИ ТУРСУНЗОДА БУД…
27 апрел шоҳиди чорабинии ҷолиби фарҳангӣ шудем, ки бо ташаббуси Дастгоҳи КИМ ҲХДТ баргузор гардид. Як ҳамоиши ҷумҳуриявии илмию адабӣ дар мавзӯи «Мирзо Турсунзода-вассофи сулҳу дӯстӣ» буд, ки бахшида ба бузургдошти Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода адибону донишмандон, дӯстдорони каломи бадеъро дар шаҳре, ки номи ӯро дорад, сари хони ашъори шоир ҷамъ овард.
Хаёл кардам, руҳи устод Мирзо Турсунзода аз пагоҳӣ аз зиёрати марқадаш, воқеъ дар мазори Лучоби шаҳри Душанбе, бо гузоштани гулчанбар аз ҷониби ихлосмандону дӯстдорони ашъори нобаш шод шуд. Аз дигар сӯ, табъи ҳаводорони каломи шоири тавоно бо шунидани хотираҳои наздикону шогирдони устод болида гардид.
Вақт собит намудааст, ки устод Мирзо Турсунзода бо ашъори оламгир ва зиндагиномаи наҷибу нотакрораш, дар ақсои олам маълуму машҳур гардида, ифтихори мардуми тоҷик аст.
Ин буд, ки бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади гиромӣ доштани
хотираи неки ин фарзанди фарзонаи миллат дар саросари мамлакат
110-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода ҷашн гирифта мешавад. Дар шаҳри Турсунзода иштирокдорони ҳамоиш аз тамошои Осорхонаи марказии шаҳр ва намоиши асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва осору мусаввараҳои устод Мирзо Турсунзода таассуроти нек бардоштанд.ҲАР КУҶОЕ ХАЛҚ БУД, МИРЗОИ ТУРСУНЗОДА БУД…
Конференсия дар толори “Кохи Дӯстӣ”-и шаҳр бо ҳузури адибон ва муҳаққиқони маъруфи кишвар, раисони кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, ноҳияҳои он, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, аъзои фаъоли Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”, кормандони касбу кори гуногун ва сокинони заҳматқарину шарафманди шаҳри Турсунзода бо сухани муқаддимавиии муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор оѓоз шуд. Мавсуф қайд намуд, ки “мо зери таъсири ҷашни бузурги миллӣ - 30 - солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон қарор дорем. Ин ҷашн ва рӯҳияи тавонои созандагӣ дар саросари мамлакат устувории сулҳу ваҳдат ва муттаҳидии мардуми шарифамонро ба таври муътамад собит сохт. Ҷашнвораи имрӯзаро, ки ба ифтихори 110-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, арбоби барҷастаи ҷамъиятӣ, мунодии сулҳу дӯстӣ устод Мирзо Турсунзода барпо мегардад, метавон идомаи мантиқии тантанаҳои истиқлолияти давлатиамон арзёбӣ кард.
Тавре Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, шеъри Мирзо Турсунзода шеъри миллат ва шеър барои башарият аст. Тамоми зиндагии ӯ тимсоли дурахшони хизмати содиқонаи як фарди зиёӣ ба нафъи халқу Ватани хеш мебошад. Меҳри ӯ дар ошёни баландтарин – дили халқ маъво гирифтааст ва халқ хотираи неки фарзанди маҳбуби хешро то абад ҳифз хоҳад кард”.
Остоназода Саидамин – муовини якуми Раиси шаҳри Турсунзода дар навбати худ меҳмононро хайрамақдам гуфта , ёдовар шуд, ки каломи муассиру ҷозибадори устод Мирзо Турсунзода дар ақсои олам аз минбарҳои баланд садо дода, дили ҷаҳониёнро тасхир кардааст.
Муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ мақоми иҷтимоии зан-модарро дар эҷодиёти Мирзо Турсунзода ба риштаи таҳлил кашида, зикр намуд, ки ситоиши ин сарчашмаи ҳаёт дар эҷодиёти шоир мақоми баланд дорад. Мавзӯи зан-модар як бахши ашъори рангини шоирро ташкил медиҳад, ки аз ҳар ҷиҳат хотирмон буда, дар ташаккули инсон таъсиргузор аст.
Духтари устод, номзади илми фалсафа, профессор Фирӯза Турсунзода аз сафарҳои падар ёдовар шуд: “ Боре аз падар пурсидам, ки дар мамлакатҳои гуногун, албатта, барои Шумо ѓизоҳои хуб омода мекунанд ва Шумо аз тановули он чӣ гуна лаззат мебаред? Падарам посух доданд, ки ягон ѓизо мисли ноне, ки дар оби рӯди Қаратоѓ тар карда тановул мекунӣ, лаззат надоранд”.
Муаллима дар идома ёдовар шуд, ки “хонаамон ҳамеша сермеҳмон буд. Модарам доимо аз рӯйи гилем нонрезаҳоро мечид. Ҳамин амали модар боиси эҷоди шеъри “Нонреза” шуд, ки матлааш ин аст:
Аз замин нонрезаҳоро чида мемолам ба чашм,
Нони гарми меҳнатиро дида мемолам ба чашм...”
ҲАР КУҶОЕ ХАЛҚ БУД, МИРЗОИ ТУРСУНЗОДА БУД…

Суҳбату андешаҳои президенти Акдемияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон академик Фарҳод Раҳимӣ, Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон Низом Қосим ва Шоири халқии Тоҷикистон Гулрухсор фарогири паҳлуҳои гуногуни эҷодиёту шахсияти устод Мирзо Турсунзода буданд.
Дар идомаи чорабинӣ ҳозирин ба маҳорати шеърхонии ѓолибони озмуни “Турсунзодахонӣ” кафкӯбӣ карданд.
Бахши фарҳангии ҳамоишро барномаи дастаҳои ҳунарии “Шашмақом” ба номи Фазлиддин Шаҳҳобова, “Гулрез”-и Кумитаи телевизион ва радиои Ҳукумати Тоҷикистон ва ҳунармандони шаҳри Турсунзода, ки аз ашъори устод Мирзо Турсунзода мураттаб шуда буд, таровати тоза бахшид.
Чорабинии фарҳангӣ бори дигар исбот намуд, ки шеъри устод Мирзо Турсунзода ҳамроҳи мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол қадам
мезанад, шодиву нишоти моро ифода мекунад ва бо қалбҳои мо
ҳамсадо мешавад. Ба фармудаи шогирди устод, шодравон Бозор
Собир:
Ҳар куҷое буд Турсунзода Мирзо, халқ буд,
Ҳар куҷое халқ буд, Мирзои Турсунзода буд.

Алиҷон ҶӮРАЕВ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назарҳо (1)
Mike hasi 9 мая 2021 21:57
http://paste4btc.com/S09ktMob

https://docdro.id/k79Y8zF
http://paste4btc.com/S09ktMob
https://docdro.id/k79Y8zF

https://xpblogger.com/group_story.php?id=80

https://www.thetechgame.com/Forums/p=40580252.html#40580252

http://snomoto.com/tuyukuikydfgdhjgmjh/

https://www.deviantart.com/ajastrea/journal/Pool-Streams-Thriller-World-Cup-of-P
ool-2021-Sc-878936988

https://www.deviantart.com/ajastrea/journal/Pool-Streams-Thriller-World-Cup-of-P
ool-2021-Sc-878936988

http://snomoto.com/adsgvdfbgfn-hbng/

https://ctxt.io/2/AACg5Qm0EQ

https://diasp.nl/posts/2414070

https://diaspora.psyco.fr/posts/7084418

https://www.datataffel.dk/posts/5066068

https://share.naturalnews.com/posts/4278397

http://millionairex3.ning.com/profiles/blogs/a-href-http-snomoto-com-adsgvdfbgfn
-hbng-http-snomoto-com

http://beterhbo.ning.com/forum/topics/http-snomoto-com-adsgvdfbgfn-hbng

https://www.onfeetnation.com/profiles/blogs/a-href-http-snomoto-com-adsgvdfbgfn-
hbng-http-snomoto-com

https://webhitlist.com/forum/topics/http-snomoto-com-adsgvdfbgfn-hbng

http://recampus.ning.com/profiles/blogs/a-href-http-snomoto-com-adsgvdfbgfn-hbng
-http-snomoto-com

http://network-marketing.ning.com/forum/topics/http-snomoto-com-adsgvdfbgfn-hbng


http://zacriley.ning.com/forum/topics/http-snomoto-com-adsgvdfbgfn-hbng

http://divasunlimited.ning.com/forum/topics/http-snomoto-com-adsgvdfbgfn-hbng

http://korsika.ning.com/profiles/blogs/a-href-http-snomoto-com-adsgvdfbgfn-hbng-
http-snomoto-com

https://pastebin.com/6imcPKKV

https://ideone.com/TcKRKO

https://onlinegdb.com/H1BAmYrdO

https://paiza.io/projects/NPDxqlSo5WL4TWuaPRXndw?language=php

https://pastelink.net/2vaxn

https://bitbin.it/OSTIXyfx/

https://pastebin.fun/lt6aiw37pu

http://www.sproles.com/test-01234/#comment-23008

https://opoyi.com/grandpa
Цитировать          1
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: