Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » АФСОНАОЗМУНҲОИ ВАЗОРАТИ ТАНДУРУСТӢ

АФСОНАОЗМУНҲОИ ВАЗОРАТИ ТАНДУРУСТӢ

29-04-2021, 09:58
Хабарро хонданд: 200 нафар
Назарҳо: 0
АФСОНАОЗМУНҲОИ ВАЗОРАТИ ТАНДУРУСТӢ
Қарор кардам нанависам, ки боз нагӯянд: «Барои падарка гуфт». Аммо на! Ин ҷо дилам барои заҳматҳои худам ва баъзе ҳамкасбонам месӯзад. Беқадрии мо- журналистон имрӯз дар ҷомеаамон ба ҳамагон маълуму маъмул аст. Дар ҳар самту ҳар ришта. Чӣ дар озмунҳо, чӣ дар нишастҳо, чӣ дар кӯчаҳо ва ҳатто аз рӯи маош шуда, дар хона низ!
Ҳоло мехоҳам дар бораи “озмун”- ҳо ҳарф занам. Чанд вақт боз дар ин бора мешунидам, вале то он дараҷае бовар намекардам, ки худам иштирок кардам.
Хунукназариву беэҳтиромиву беқадрӣ нисбат ба соҳибқаламон то ҳамон дараҷае аз ҷониби аксар вазоратҳо муайян мегардад, ки ҳар вақте аз кадом ташкилоти хориҷие грант қабул кунанд, барои сарфи он ҳатман озмун эълон намуда, аз журналистон ИСТИФОДА мекунанд. Истифода, ба маъное, ки чун устухонеро миёни ҷамъи сагон мепартоиву баъдан, ҳаволаашон бар Худо мегӯӣ...! Зеро медонӣ, ки гӯшташ кайҳо ҳал шудааст!
Ба ҳамин маъно, санаи 16 март эълонеро дарёфтам, ки аз ҷониби USAID оид ба решакан кардани бемории сил дар Осиёи Миёна дар ҳамкорӣ бо маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии ҳифзи аҳолӣ аз сил"-и вазорат барои хабарнигорон озмун эълон менамоянд... Муҳлати қабули мавод барои озмун то 05 апрели соли 2021, соати 17:00.
Кӯшидам бо имтиёзҳои бештаре, ки масъулони “озмун” дар назар доштанд дар озмун ҷои намоёнеро ишғол намоям. Баъзе аз дӯстони ҳамкасбам низ маводҳо омода намуда, ба суроғаи муайяншуда мефиристоданд. Аз заҳмати омода кардани маводҳои худаму ҳамкасбонам намегӯям. 5 апрел наздик шуд ва шояд аз сабабе, ки маводҳои нафарони лозима ҳоло омода набуданд, санаи қабули муҳлати маводро то 15 апрел тамдид карданд. Пас аз фиристодани мавод, чанд нафар иштирокчӣ гумон кардем ба почтаи бидуни масъулу бидуни соҳиб мавод равон кардем. Дигар на хату на хабар.
15-ум шуд, тамос гирифтам. Чанд маротибае, ки дар ин бобат навгонӣ шуд, худам дар тамос шуда, огоҳ мешудам. Гуфтанд охири моҳ, рӯзи 27-ум ғолибон муайян мешаванд…
Имрӯз 27 апрел - рӯзи муайян намудани ғолибони «озмун»-и сили ташкилнамудаи Вазорати тандурустист. АММО! Гузашт! Чунон хомушу бесадо, ки гӯё ҳеҷ эълоне набуду нест... Яке ба дигаре занг мезанем, касе хабар надорад!
Вазорати тандурустӣ!!! – наход ВАЗОРАТ шуда, тарзи ташкил ва ҷамъбаст намудани озмунро надонеду натавонед??? Шумо-ку бо одам сару кор мегиред, магар намедонед қиммати одамӣ чанд аст? Оддитарин озмуне, ки дар сатҳи як ноҳия ва ҳатто як деҳа баргузор мегардад, ҳадди ақал бо як ифтихорнома қадр мекунанд. Ҳоло-ку “Ифтихорнома”- ҳои бидуни “рамка”-и шумо ба мо-ку лозим ҳам нест, вале сухан сари қадри касбияту инсоният меравад.
Маркази матбуотии Вазорати тандурустӣ дар чунин корҳо аз фаъолият боз мемонад. Ақалан занг зада, ташаккур намекунед барои иштирок??? Ё кумакҳои USAID камӣ кард, ки ба телефонҳоятон шот гузаронда, занг занед?
Медонистам. Ҳамин қадарашро медонам, ки дар “озмун”-у дар корҳои АКСАРАТОН номинатсияи “қадр” ё “эҳтиром” умуман вуҷуд надорад!!! Дӯсти соҳибқалами дигарам низ дирӯз аз заҳматҳояш, ки дар “озмун”-и соли гузаштаи ин ниҳодбуда иштирок кардааст, хело шикоят кард, ки ҳатто занг назаданд, ҳоло он ки маводаш аз диди касбият бояд ҷои аввалро ишғол менамудааст...
Боз мегӯям!- сухан сари туҳфа намеравад! (Ҳарчанд огоҳ шудем, ки туҳфаҳои “арзандаатон” чанд мегабайту як сипоснома ба ғолибон будааст)
Агар тарзи озмунгузарониатон чунин аст, ЖУРНАЛИСТОН ро овора насозед! Дар доираи худатон ташкил кунед, беҳтар аст!
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: