Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » МО БО ШУМОЕМ

МО БО ШУМОЕМ

20-04-2021, 08:27
Хабарро хонданд: 804 нафар
Назарҳо: 0
МО БО ШУМОЕМ

Бо мақсади татбиқи босамару бавусъат ва ҳадафмандонаи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии ҷавонони соҳибистеъдод, қишрҳои осебпазиру эҳтиёҷманди ҷомеа, ҲХДТ тасмим гирифтааст озмуни ҷумҳуриявиро бо унвони «Мо бо шумоем» баргузор намояд. Дар ин замина Низомномаи озмуни мазкурро манзури хоҳишмандон гардонида, итминон дорем, ки довталабон ҷиҳати ноил шудан ба ҷоизаҳои он фаъолона ширкат меварзанд:


НИЗОМНОМАИ
озмуни «Мо бо шумоем»


1. Ҳадафи баргузории озмун
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо мақсади татбиқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии ҷавонони лаёқатманд, қишрҳои осебпазири ҷомеа, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ ва баланд бардоштани завқи бадеии кӯдакону наврасони маъюб, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ ташвиқу таблиѓи ѓояҳои созандаи ҳизб ва сазовор истиқбол намудани 30 – солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон Озмуни «Мо бо шумоем» - ро баргузор менамояд.

2. Сарпараст ва масъулони озмун
Сарпараст ва масъули озмун Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, сохторҳои он дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо мебошанд.
Кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суѓд ва Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ барои дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор кардани давраҳои якуму дуюм масъул буда, ба ѓолибони ин даврҳо барои иштирок ҷумҳуриявӣ роҳхат медиҳанд ва ба иштироки онҳо дар даври ҷумҳуриявӣ (ниҳоӣ), ки дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, мусоидат менамоянд.

4. Тартиби гузаронидани озмун
Дар озмун кӯдакону наврасони аз 6 то 18-сола, ки ба гурӯҳи маъюбон шомиланд, ҳуқуқи иштирок намудан доранд. Мақсад, ҳадаф ва тартиби гузаронидани озмун тариқи кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо эълон карда мешавад. Хоҳишмандон ва довталабон барои ширкат дар озмун худро дар кумитаҳои иҷроияи шаҳру ноҳияҳо номнавис менамоянд.
Озмун аз се давр (барои шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ду давр) иборат буда, аз нимаи дуюми моҳи апрел то 20 июни соли 2021 ба тартиби зайл ташкил ва гузаронида мешавад:
-даври якум: аз нимаи дуюми моҳи апрел то 15 май;
-даври дуюм: аз нимаи моҳи май то 10 моҳи июн (ба истиснои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ);
-даври сеюм ( даври ниҳоӣ) 25 июн дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.
Ѓолибони даври ниҳоӣ ба комиссияи озмун то 15 июн пешниҳод мешаванд.

5. Шартҳои озмун
Иштирокдорони озмун кӯдакону наврасони маъюби аз 6 то
18-сола мебошанд. Озмун аз рӯйи се номинатсия баргузор мешавад:
- маҳорати суханварӣ ва қироати шеър;
- маҳорати сурудхонӣ;
- маҳорати навохтани асбобҳои мусиқии муосир ва халқӣ.
Як нафар танҳо дар як номинатсия иштирок карда метавонад. Довталаб дар хондани шеър, суруд ва навохтани асбоби мусиқӣ вобаста ба номинатсияи интихобкардааш озод аст. Кӯдакону наврасоне, ки дар мактабҳои касбии санъат ва мусиқӣ таҳсил менамоянд, ҳуқуқи иштирок дар озмунро надоранд.

6. Комиссияи Озмун
Барои гузаронидани озмун дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо комиссия дар ҳайати панҷ нафарӣ таъсис дода шуда, ҳайати он бо фармоиши раисони кумитаи иҷроияи ҲХДТ тасдиқ карда мешавад. Дар ҳайати комиссия бояд мутахассисони соҳаи санъату фарҳанг ва адабиёт шомил бошанд. Барои даври ҷумҳуриявӣ (ниҳоӣ) комиссияи озмун дар ҳайати панҷ нафар бо имзои муовини якуми Раиси ҲХДТ Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад. Ҳайати комиссия шеъру суруд ва мусиқиҳои ба озмун пешниҳодгардидаро баррасӣ намуда, ба ҳар яки онҳо баҳои воқеӣ медиҳад. Кори комиссия бо таври демократӣ, ошкор ва равшан сурат мегирад. Ҳар як узви комиссия дар варақаи алоҳида ба ҳар як барнома баҳои худро мегузорад. Баҳо аз 6 то 10 холро дар бар мегирад. Ҷамъи баҳои аъзои комиссия ѓолибони озмунро муқаррар менамояд. Ба иштирокдороне, ки баҳои якхела мегиранд, ҳайати комиссия бо бартарии мазмуну муҳтаво ҷой муқаррар менамоянд.
Комиссияи озмун уҳдадор аст, ки:
- ҷадвали баргузории озмунро таҳия карда, онро назорат намояд;
- риояи талаботи Низомномаро назорат намуда, ба довталабони озмун тавсияҳо диҳад;
- ҳуҷҷатҳои ѓолибони давраҳои аввали озмунро мавриди омӯзиш қарор дода, ба даври ниҳоӣ тавсия диҳад;
- арзу шикояти иштирокдоронро мавриди баррасӣ қарор диҳад;
- ѓолибонро тавассути протокол тасдиқ ва натиҷаи озмунро эълон намояд.

7. Мукофотҳо барои ѓолибони озмун:
Барои ѓолибон чунин мукофотҳо муайян шудаанд:
- барои ҷои аввал (се ҷой): ҳар яке 5000 (панҷ ҳазор) сомонӣ;
- барои ҷои дуввум (се ҷой): ҳар яке 3000 (се ҳазор) сомонӣ;
- барои ҷои сеюм (се ҷой): ҳар яке 2000 (ду ҳазор) сомонӣ.
- мукофоти ҳавасмандӣ барои ҳама иштирокдорони даври ҷумҳуриявӣ (ниҳоӣ) ҳар яке 500 (панҷсад) сомонӣ.
Ҳамчунин, иштирокдорони фаъол бо Сипоснома ва туҳфаҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сарфароз гардонида мешаванд.
Барои як нафар фаъолтарин иштирокдори озмун шоҳҷоиза ва мукофоти махсус муқаррар гардидааст.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: