Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Ҷамъбасти курси бозомӯзӣ барои раисони кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

Ҷамъбасти курси бозомӯзӣ барои раисони кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

6-03-2021, 10:00
Хабарро хонданд: 841 нафар
Назарҳо: 0
Ҷамъбасти курси бозомӯзӣ барои раисони кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Бо ташаббуси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон курси бозомӯзиро дар шаҳри Душанбе барои раисони кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар мавзӯи “Оиннома ва Барномаи ҲХДТ – меҳвари фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ” аз 1 то 6 март баргузор карда шуд.

Тибқи барномаи курси мазкур давоми рӯз натиҷагирӣ, вазифагузорӣ ва супоридани сертификат ба иштирокчиёни курс- раисони кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ташкил гардид.

Маърӯзаҳои имрӯза бо дастуру ҳидоятҳои муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор оғоз гардида, барои поквиҷдонаву садоқатмандона хизмат намудан ба давлату миллат, пос доштани муқаддасоту марзу бум ва дар сатҳи баланд таҷлил намудани 30-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми муносиб гузоштан аз иштирокчиён ва кулли аъзоёни ҳизб даъват ба амал оварданд. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳизби халқӣ буда, доимо дар бари мардум мебошад. Аз ин ру, мову шуморо зарур аст, ки ба боварии халқ лоиқ бошем ва ҳамеша дар хизмати халқу миллат камари ҳиммат бандем.
Ҷамъбасти курси бозомӯзӣ барои раисони кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
Ҳамзамон, ба ҳар як иштирокчӣ барои бо муваффақият хатм намудани курси бозомӯзӣ, ки барои баланд бардоштани касбият ва донишу малақа ташкил гардида буд, сертификат супорида шуд. Сипас бо барномаи фарҳангии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон – Афзалшо Шодиев хотири иштирокчиён болида гардид.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: