Рӯзи дуюм аст, ки бо ташаббуси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон курси бозомӯзӣ дар шаҳри Душанбе барои раисони кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар мавзӯи “Оиннома ва Барномаи ҲХДТ – меҳвари фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ” идома дорад.
Зимни баргузории чорабинӣ, имрӯз роҳбари дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ Абдураҳмон Хонзода дар мавзӯи «Тақвияти маҳорати сарварӣ ва ташаккули тафаккури миллӣ», Директори институти иқтисод ва демографияи АМИТ Шариф Раҳимзода оид ба «Вазъи иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дурнамои рушди он», Директори Маркази исломшиносӣ Муродулло Давлатзода перомуни «Мушкилоти дин ва мазҳаб дар ҷомеаи дунявӣ» ва муовини Раиси ҲХДТ Асрор Латифзода роҷеъ ба «Таҳкими корҳои дохилиҳизбӣ- сарчашмаи муҳими фаъолияти КИ ҲХДТ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо» маърӯза намуданд.
Ин дар ҳолест, ки дар назар аст, давоми рӯз барои иштирокдорон дар мавзӯи «Нақши ВАО дар ҳифзи фазои иттилооти миллӣ» бо иштироки намояндагони Кумитаи телевизион ва радио, АМИТ “Ховар” ва сармуҳаррирони рӯзномаву маҷаллаҳо суҳбати «мизи мудаввар» баргузор гардад. Инчунин аз рӯи реҷа баъд аз нисфирӯзӣ дар назар аст, иштирокчиёни курс аз Осорхонаи миллӣ дидан намуда, дар барномаи фарҳангии Ансамбли давлатии симфонии назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок менамоянд.
Шарҳи муфассали баргузории ин чорабинӣ пешниҳоди хонанда хоҳад шуд.