Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » ОҒОЗИ КУРСИ БОЗОМӮЗӢ БАРОИ РАИСОНИ КУМИТАҲОИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ

ОҒОЗИ КУРСИ БОЗОМӮЗӢ БАРОИ РАИСОНИ КУМИТАҲОИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ

1-03-2021, 11:36
Хабарро хонданд: 660 нафар
Назарҳо: 0
ОҒОЗИ КУРСИ БОЗОМӮЗӢ БАРОИ РАИСОНИ КУМИТАҲОИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ


Субҳи имрӯз дар шаҳри Душанбе курси бозомӯзӣ барои раисони кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, дар мавзӯи “Оиннома ва Барномаи ҲХДТ– меҳвари фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ” шурӯъ шуд.
Дар ҷамъомад, Абдуҷаббор Раҳмонзода-Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Абдуҷаббор Азизӣ-муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Фарҳод Раҳимӣ-президенти Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Прокуратураи генералӣ, Шӯрои амният, вазоратҳои мудофиа, корҳои дохилӣ, мавориф ва илм, фарҳанг, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, намояндагони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, Агентии назорати маводи нашъаовар ва намояндагони Маркази тадқиқоти старатегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони Раиси ҲХДТ, раисони кумитаиҳои иҷроияи ҳизбӣ дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо иштирок доранд.
Чорабинии мазкур бо сухани ифтитоҳии Абдуҷаббор Азизӣ, муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон оғоз гардид. ОҒОЗИ КУРСИ БОЗОМӮЗӢ БАРОИ РАИСОНИ КУМИТАҲОИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ Ӯ зикр кард, ки ҳар як тадбири муҳим мақсаду мароми худро дорад. Ҳадаф аз баргузории курси бозомӯзӣ барои роҳбарияти кумитаи иҷроияи ҳизб дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо тақвияти маҳорати касбии кормандони ҳизбӣ, омӯзиши роҳу василаи муосири корбарӣ миёни мардум, беҳтар намудани корҳои дохилиҳизбӣ, татбиқи самараноки санадҳои муҳими вобаста ба ҳизб ва дарёфти тарзу усулҳои фаъолияти ҷавобгӯй ба талаботи рӯз мебошад.
Абдуҷаббор Азизӣ дар мавзӯи “Омилҳои расидан ба ҳадафҳои олии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон “Барои рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум” дар вилоят, шаҳр ва ноҳия – дастурҳо дар асоси нуктаҳои Паёми Пешвои миллат” суҳбат намуда, аз ҷумла таъкид намуд, ки аъзои фаъоли ҲХДТ бояд дар ҳалли масъалаҳои ҳамарӯзаи ҳаёти мардум корбарӣ намуда, дар ҳаллу фасли муроҷиатҳои онҳо вобаста ба мушкилоти мавҷудаи ҷомеа, кори мунтазам бо мардум ва тавассути мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, сарвариву роҳнамоӣ кардани сокинони мамлакат ба амалҳои созандаву бунёдкорона мусоидат намоянд. Барои ҳалли саривақтӣ ва босифати масъалаҳои муҳими ҷомеа мусоидат карда, бо роҳи ибтикороти шахсиву пешоҳангӣ дар ин самт эътиқоду эътимоди мардумро нисбат ба фаъолияти ҲХДТ баланд бардоштан, рисолати мо аъзоёну фаъолони ҲХДТ мебошад.
Абдуҷаббор Раҳмонзода дар мавзӯи “Инъикоси масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷоме дар Паёми Президенти мамлакат” суҳбат намуда, доир ба бунёди иншоотҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла дар соҳаи маориф, тандурустӣ ва иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат ҷиҳати ҷалби табақаҳои мухталифи ҷоме ва фарогирии онҳо бо барномаҳои фарҳангӣ, ба монанди “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Тоҷикистон ватани азизи ман” таъкид намуд. ОҒОЗИ КУРСИ БОЗОМӮЗӢ БАРОИ РАИСОНИ КУМИТАҲОИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ Ҳамзамон, ӯ доир ба омодагии тамоми қишрҳои ҷоме ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон, инчунин, саҳми аъзои ҲХДТ барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани ин чорабинии муҳим изҳори назар кард. ОҒОЗИ КУРСИ БОЗОМӮЗӢ БАРОИ РАИСОНИ КУМИТАҲОИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ
Мавсуф, таъкид намуд, ки узви фаъоли ҳизб бояд барои боздид аз муассисаҳои таълимӣ ва назорати сатҳу сифати таълим дар онҳо ва инчунин, дар ҳаллу фасли мушкилоти ҷамеа саҳмгузор бошанд.
Ёдрас мешавем, ки чорабинии мазкур то охири ҳафтаи равон идома хоҳад ёфт ва дар назар, ки дар доираи чорабинии мазкур, мизи мудаввар дар мавзӯи “Нақши аҳзоби сиёсӣ дар таҳкими амнияти миллӣ”, “Нақши ВАО дар ҳифзи фазои иттилоотӣ ”, “Нақши занон, ҷавонон ва созмонҳои ғайриҳукуматӣ дар рушди ҷомеаи муосир” баргузор хоҳад шуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: