24-26 феврал ҳарорати ҳаво якбора паст шуда, борони бошиддат меборад24-02-2021, 10:21
Хабарро хонданд: 291 нафар
Назарҳо: 0
24-26 феврал дар ҷумҳурӣ вазъи обу ҳаво номусоид шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони бошиддат меборад. 24 феврал борон борида, шабона дар баландиҳои зиёда аз 2000 метр барф меборад. 25 феврал дар ноҳияҳои водигию доманакӯҳӣ борон бо гузариш ба барф борида, 26 феврал дар бештари ноҳияҳо барф меборад. 25 феврал ҳарорати рӯзонаи ҳаво то 12-14 дараҷа паст мешавад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии мамлакат хабар медиҳад.
Бо сабаби якбора пастшавии ҳарорати ҳаво дар бештари ноҳияҳои водигию доманакӯҳии кишвар эҳтимоли зиён дидани зироати хоҷагии қишлоқ, гулҳои ороишӣ ва дарахтони мевадиҳанда дар назар аст. Дар ин рӯзҳо дар ноҳияҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ва ноҳияҳои ғарбии ВМКБ эҳтимоли фаромадани тарма пешгӯӣ шуда, дар роҳҳои нақлиётгард пайдоиши қабати барф ва яхбандӣ дар назар аст. Ҳамзамон дар ноҳияҳои водигӣ ва доманакӯҳии вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ фаромадани сел аз эҳтимол дур нест. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.