Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Паёми Пешвои миллат - ҳидояти нек ба халқи тоҷик

Паёми Пешвои миллат - ҳидояти нек ба халқи тоҷик

22-02-2016, 10:00
Хабарро хонданд: 257 нафар
Назарҳо: 0
Паёми Пешвои миллат - ҳидояти нек ба халқи тоҷикБо ташаббуси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва гуруҳи фаврии раёсати Кумитаи амнияти давлати миллии шаҳри Кӯлоб чорабинӣ дар мавзӯи «Паём ва ҳидоятҳои Пешвои миллат ба халқи тоҷик вобаста ба хатарҳои ҷаҳонии терроризм ва экстримизм» дар толори қасри фарҳангии шаҳри Кӯлоб вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Хайрулло Амонулло, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Саъбагул Валиева, муовини раиси шаҳри Кӯлоб Кенҷамо Маҷидова, ховаршинос Зафари Мирзоён, раиси ТҶҶ «Созандагони Ватан» Раҳмонзода Абдулло, диншинос Исмоил Пирмуҳаммадзода ва дигар шахсони расмӣ суханронӣ намуданд.

Нахуст, раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Хайрулло Амонулло ба сухан баромада, қайд кард, ки яке аз проблемаҳое, ки имрӯз мардуми ин сайёраро ба ташвиш овардааст, пайдо шудани гуруҳҳои ифротӣ ва шомил шудани ҷавонон ба чунин гуруҳҳо мебошад. Терроризм ва экстремизм дар Паёми Пешвои миллат хамчун вабои асри нав ва мушкилоти асосии ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ шуд. Ҳамзамон, таъкид ба амал овард, ки моро зарур аст зидди ин хатари ҷаҳонӣ бетараф набуда, ҷавононро дар руҳияи ватандустӣ ва худшиносии миллӣ тарбия намоем.

Дар рафти чорабини ховаршинос Зафари Мирзоён қайд кард, ки маҳз бо азму талошҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон воқеан нисбати ояндаи халқу миллат ғамхориҳо сурат гирифта истодааст. Чунки ҷанги хонумонсӯзе, ки дар мамлакати мо дар солҳои 90-уми асри гузашта сар зада буд, ҷони ҳазорон нафарро рабуда буд. Ҳамаи ин моро ба бедориву ҳушдорӣ ҳидоят менамояд.

Ҳамзамон, дар идома диншинос Исмоил Пирмуҳаммадзода ва раиси ТҶҶ «Созандагони Ватан» Раҳмонзода Абдулло суханронӣ намуда, махсус таъкид намуд анд, ки омӯзиши Паёми Пешвои миллат моро ба роҳи созандагиву ободонӣ ва саодатмандиву хушбахтӣ ҳидоят месозад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: