DataLife Engine > Тандурусти, Чахон > Бемории саратон:дирӯз, имрӯз ва фардои он

Бемории саратон:дирӯз, имрӯз ва фардои он


16-02-2021, 10:37. Разместил: orifi Бемории саратон:дирӯз, имрӯз ва фардои он
Ё бахшида ба “Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо бемории саратон” таҳти унвони «Ман ҳастам ва ман хоҳам буд!» семинар доир гардид

Санаи 4 феврал ҳамасола дар саросари ҷаҳон “Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо бемории саратон” қайд карда мешавад. Аҳолии курраи замин дар ҳоле ин санаро бо ҳадафи пешгирии хуруҷи ин беморӣ ва дарёфти роҳҳои соддаи табобати он, таҷлил менамоянд, ки бемории саратон ҳамчун заминаи маргу мири одамони бешумор дар курраи замин боқӣ меонад.
4 феврали соли равон чун дигар муборизони пешгирии хуруҷи бемории саратон, ходимон ва дар умум кормандони Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, низ бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии мубориза бар зидди бемории саратон таҳти унвони «Ман ҳастам ва ман хоҳам буд!» семинари омӯзишӣ доир намуданд. Дар рафти семинари мазкур масъалаҳои пешгирии бемории саратон мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дода шуда, доир ба масъала аз ҷониби мутахассисони варзидаи соҳа маърӯзаҳои пурмуҳтаво пешниҳод карда шуданд.
Бемории саратон ва вазъи феълии он дар ҷаҳон
Тибқи пешгӯии мутахассисон дар соли 2025 шумораи беморони саратон ба 19 млн нафар расида, адади фавт аз ин беморӣ ба 13,5 млн нафар хоҳад расид. Тибқи маълумоти Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ, эҳтимол меравад, ки соли 2030 шумораи гирифторони бемории саратон дар саросари ҷаҳон ба 22 миллион нафар ва фавтидагон ба 14 миллион расад.
Бино ба оморҳои мавҷуда соли 2015 дар ҷаҳон 8,8 миллион нафар аз бемории саратон, 8,1 миллион аз бемориҳои дилу рагҳои хунгард, 7,9 млн аз инсулт, 6,4 млн аз бемориҳои сирояти роҳҳои нафас, 1,6 аз диабети қанд, 1,4 млн аз бемории исҳол (диаррея), 1,4 млн аз бемориҳои рӯҳӣ, 1,4 млн аз сил, 1,3 млн аз осебу садамаҳо ва 1,1 млн нафар аз бемории ВНМО фавтидаанд.
Дар соли 2017 бошад, дар саросариҷаҳон аз бемориисаратонзиёда аз 8 миллион нафарфавтидаанд, ки аз 30 то 69- солароташкилмедиҳанд.Дар соли 2018 шумораигирифтронибемориисаратон дар росаридунё 14,3 млн нафарроташкилдода, солона беш аз 9 млн нафар дар натиҷаигирифторӣ ба бемориимазкурмефавтаанд.
Мувофиқитаҳқиқотҳо, ҳамасола дар дунёбароимубориза бар зиддибемориисаратонбеш аз 200 млрд доллар хароҷотмешавад. Вале дар равандидастовардҳоиилмитибвобаста ба ташхисватабобатибемориисаратоннигоҳнакарда, тибқиомориТашкилотиУмумиҷаҳониитандурустӣ дар ҷаҳон дар заминаигирифторшавӣ ба бемориисаратонҳамасолаталафотииқтисодӣ ба 1 трлн 160 млрд доллар мерасад.
Ба гуфтаимутахассисонисоҳаитиббайнизамон миёниаҳолииҷаҳон 10 намуди саратон ба монандишуш, ғадудиширӣ, рўдаихурд, маъқад, меъда, ҷигар, гарданакибачадон, сурхрўда, массонавалимфомаихочкин, босуръатафзоишёфтаистодааст. Ин гуфтаҳо дар ҳолест, ки аз рӯи таҳқиқиоти мутахассисони соҳа тақрибан 200 ҳазор намуди беморӣ метавонанд дар дилхоҳ узви одам пайдо гарданд.
Омори гирифтории сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бемории саратон.
Шумораи гирифторони бемории саратон чун дигар кишварҳои сайёра дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ рў ба афзоиш ниҳода, аз рӯи ҳисоби оморӣ, нисбати кӯдакону мардон, гирифтории занон ба мазири мазкур бештар ба назар мерасад, ки омили асосии он мавҷудияти бемориҳои вирусӣдар организ, ҳолатҳои стресс, ғизо, экология, дар ирсият доштани бемории саратон ва дигар омилҳо мебошад, ки дар занҳои мо ин ҳолатҳо бештар дида мешавад.
Тибқи маълуомоти пешниҳоднамудаи Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтиомии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифторшавии аҳолӣ ба бемории саратон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон агар дар соли 2009 - 2730 нафар гуфта мешуд, ин шумора дар соли 2019 ба 3684 нафар расидааст. Шумораи гирифторони маризии саратон дар соли 2009 7339 нафар бародар буд, вале ин нишондод дар соли 2019 ба 17245 нафар расидааст.
Барои беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасони ба беморони гирифтори саратони ғадуди ширӣ шуъбаи мамологӣ ва ҷарроҳиҳои реконструктивию барқарорсозии Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ тамоми намуди муосири ҷарроҳии омосҳои ғадуди ширӣ ва пластикаи баъди ҷарроҳӣ ба роҳ монда шуданд.
Иқдомоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти дастгирии гиифторони бемории саратон
Тибқи стандарти байналмилалии табобати саратон ва риояи ин стандарт ва протоколҳо беморон бо ҷарроҳӣ, табобати нурӣ, кимиёдармонӣ, гормонотерапия табобат карда мешаванд. Ба шарофати давлат ва дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2017 инҷониб барои беморон маблағи алоҳида ҷудо шуда, се соли охир дар Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ аз ҳисоби ин маблағҳо шумораи зиёди доруҳои кимиётерапия харидорӣ шуда, ба беморони бистарӣ буда, бо навбат, барои як ва ё ду бахши кимиёдармонӣ ройгон кумак расонида мешавад.
Ба иқрори мутахассисон тарҳрезӣ ва дар амал татбиқ намудани Барномаи миллии пешгирӣ, ташхис ва табобати бемории саратон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон боис гардид, ки ташхис ва табобати бемории саратон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон равнақ ёфта муриш аз бемории саратон кам гардид. Маврид ба ёдоварист, ки бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ барои таъмин намудани беморон бо дорувории кимиёвӣ ҳар сола маблағи 700.000 сомонӣ ҷудо мешавад.
Дар Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтиомии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои босифат гузаронидани ташхиси морфологӣ шуъба бо дастгоҳҳои муосир таҷҳизонида шуда дар ҷумҳурӣ ташхиси (ИГХ) иммуногистокимиёвии саратони ғадуди ширӣ гузаронида шуда ташхиси таъҷилии гистологӣ бофтаҳо ҳангоми ҷарроҳӣ ба роҳ монда шудааст.
Дар Марказ ташхис ва ҷарроҳиҳо бо тариқи эндовидеоҷарроҳӣ дар узвҳои ковокии шикам, кафаси сина, омосҳои гурда, омосҳои бачадон ба роҳ монда шудааст.
Вазъи бемории саратон миёни кўдакон
Гирифтории кӯдакону наврасон ва бар асари ин маризӣ қурбон шудани тоифаи атфол, боиси нигаронӣ буда, соли 2001 бо пешниҳоди Конфедератсияи байналмиллалии волидайни кӯдакони гирифтори саратон 15 феврал ҳамчун Рӯзи байналмиллалии кӯдакони гирифтори бемории саратон, қайд гардид, ки ин санаро беш аз 90 мамлакати дунё ҳамасола қайд менамоянд.
Мутобиқи маълумоти оморӣ, ҳамасола дар ҷаҳон кариб 200 ҳазор нафар кӯдакон ба бемории саратон гирифтор шуда, нисфи онҳо ҳалок мегарданд.
Табибон аз он хушнуд ҳастанд, ки бо дастовардҳои соҳаи тибб хушбахтона дар асри XXI наздик ба 70% кӯдакони гирифтори бемории саратон имкони зинда бонданро доранд.
Айни замон дар Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ барои кудакони синни то 1 сола амалиётҳои ҷарроҳии калонҳаҷм ба роҳ монда шуда, гузаронидани табобати кимиёдармонии баландвоя (высокодозная химиотерапия) дар шуъбаи кўдакона ворид карда шуд.
Омилҳои гирифторӣ ба бемории саратон
Мутахассисон изҳор медоранд, ки як сабаби афзоиши бемории саратон ин зиёд шудани меваҷоти гибрид ва дигар маҳсулоти сунъӣ дар бозорҳо буда, инчунин, истифодаи аз меъёр зиёди маводи кимиёӣ дар парвариши маҳсулоти кишоварзӣ ва истеъмоли маводи ғизоии ғайристандартӣ низ ба бемории саратон оварда мерасонад. Ҳамчунин, истифодаи аз меъёр зиёди телефонҳои мобилӣ, истеъмоли ғизои аз ҳад зиёд гарму сард низ сабаби хурӯҷи омосҳои саратонӣ шуда метавонанд. Албатта, ин мисолҳо тахмину фарзияҳои эҳтимолие мебошанд, ки кунун далели саҳеҳи худро наёфтаанд. Аз ин рӯ, дар самти кашфиётҳои илмию амалӣ дар мавриди дарёфти сабабҳои аслии пайдоиш ва роҳҳои пешгирӣ аз касалии саратон ва асрори табобати ин бемории ваҳмангез табибони олам, аз ҷумла пизишкони тоҷик ҳам ба дастгирии бештари молию ташхисгоҳҳои замонавӣ ниёз доранд.
Ҳамзамон гуфта мешавад, истеъмоли тамокуву маводи алкоҳолӣ, фарбеҳӣ ва сирояти ангезаҳои мухталиф, хавфи гирифтории мардум ба саратонро бештар мекунад.Кафили табобати бомуваффақи бемориҳои саратон, сари вақт гузаронидани ташхисҳо мебошад. Ҳангоми муроҷиати саривақтӣ ба мутахассисон, фоизи сиҳатшавии беморӣ дар дараҷаи якум ва дуюм зиёдтар мегардад. Аммо даҳ фисади беморон дар дараҷаи сеюм ошкор ёфта 8% дигар дар дараҷаи чорум ташхис меёбад.
Тавсияи мутахассисон
Ҳангоми гирифтори ба бемории саратон шахс бояд зуд ба мутахассисони ин соҳа муроҷиат номоянд ва ба табобат машғул шавад. Зеро ки ҳангоми марҳилаи сабук будани беморӣ табобат осон ва пешгирӣ намудан мумкин аст. Аммо дар ҳолати ба саратони марҳилаи вазнин гирифтор шудан ҳам бемор ва ҳам табибон ба мушкилиҳо дучор мешавад. Ба ҳамин хотир хеле хуб мешавад, ки саривақтӣ ба мо муроҷиат намоянд. Хусусан, занонбояд аз муоина табибониин соҳаҳарсолаистифоданамоянд. Зеро дар ин ҳолаттабобатосонаствабемориробемушкилӣ паси сармекунем. Дар аксиҳолтабобатмаблағвавақтизиёдроталабменамояд. Бароипешгириибеморӣ пеш аз ҳамағизоҳоифоиданокистеъмолнамуда аз омилҳоизараровар даст кашанд. Бештаривақтихудро дар ҳавоитозагузаронанд. Ба варзишмашғулшаванд. Ҳамзамон сари вақт ба табибонмуроҷиатномоянд. Инчунинёдрасмекунам, киҳар як инсонбоядҳаётисолимро пеш барадваҳатманагарбеморҳамнабошад, дар як солдумаротиба аз муоинаитиббӣгузарад. Сари вақтмуайянкарданиомосибадсифатватабобати он боисисаломатииинсон мебошад.
Хулоса
Дар кишварҳои аз ҷиҳатиэкологӣрушдёфтаҳам, саратонсол аз солафзоишмеёбад. Илова бар ин, усулҳои мубориза бо саратон ҳар сол такмил меёбанд ва эҳтимол пас аз чанд вақт, зидди ҳама намуди ин бемории даҳшатбор ваксина пайдо мешавад. Аммо ҳоло табибон маслиҳат медиҳанд, ки барои пешгирии беморӣ тарзи ҳаёти солимро пеша намуда, муоинаи нақшавиро инкор накунанд.
Мувофиқи тадқиқоти анҷомдода айни замон миёни ҷомеаи тоҷик саратони сина ва гарданаки бачадон дар ҷойи аввал меистанд. Солҳои охир, сарфи назар аз пешрафтҳо дар соҳаи илм ва саломатӣ, дар аксари давлатҳо бемориҳои саратони сина ва саратони гарданаки бачадон меафзояд.
Суғдмеҳри Маъруфзод

Вернуться назад