Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Нигаҳ дорем оини ҷашни Сада

Нигаҳ дорем оини ҷашни Сада

29-01-2021, 10:32
Хабарро хонданд: 441 нафар
Назарҳо: 0
Нигаҳ дорем оини ҷашни СадаҶашни Сада пеш аз фарорасии Наврӯз бузургтарин иди суннатии тоҷикон мебошад. Сада чун оини меҳрпарастӣ асосан, пас аз анҷомёбии чиллаи калон таҷлил мегардад. Сада бошукӯҳтарин ҷашни аҷдодӣ буда, паёме аз даврони куҳан, аз ихтирои бузурги инсоният-оташ мебошад. Оташе, ки ба хотири ҷашни Сада меафрӯзанду дар гирди он аловпарак доир менамоянд, моро ба гузаштаи дур мебарад, ба марзае, ки дар он ниёгони мо дӯстиву муҳаббат ва рушноӣ офаридаанд.
Оид ба пайдоиш ва моҳияти ҷашни Сада дар сарчашмаҳои таърихию адабӣ ривоятҳои мухталиф оварда шудаанд. Дар сарчашмаҳо омадааст, ки вожаи Сада марбут ба рақами 100 мебошад. Ҷашни мазкур сад рӯз пеш аз ҷамъоварии ҳосили ғаллагиҳои тезрас истиқбол гирифта мешавад. Ва боз гуфтаанд, ки миёни Сада ва Наврӯз 50 шабонарӯз бошад. Бо назардошти ин, ҳангоми баргузории ҷашни Сада ашъоре хонда мешуд. “Сада, Сада, Сад ба ғалла ва панҷоҳ ба Наврӯз”.
Фирдавсии бузург оғози ҷашни Садаро ба рӯзи кашфи оташ вобаста кардааст, чунки оташ яке аз муҳимтарин унсури ҳаётофар дар радифи об, ҳаво ва хок мебошад. Қайд кардан зарур аст, ки асоси ҷашни Садаро афрӯхтани гулханҳои хурду калон ташкил намуда, дар атрофи онҳо мардум хони ҷашнӣ ороста, бо суруду шеърхонӣ, рақсу бозӣ аз шаб то саҳар хурсандӣ менамуданд. Оташ дар рӯзгори инсон ҳамсафар буда, гармӣ ва рӯшноии он асоси идомаи ҳаёт мебошад. Парандаи дӯстдоштаи айёми ҷашни Сада хурӯс буда, он шабзиндадорӣ намуда, мардумро аз дамидани рӯшноӣ ва фурӯғи хуршед хабар медод. Сада бо оростани дастархони ҷашнӣ ва базму тараб доир мегардид. Дастарахони мазкур бештар аз донагиҳо иборат буда, он бо таъомҳои аз рӯи миҷоз гарм ба мисли қурутоб, далда, кашк ва ғайра ороста мегашт.
Сада аз сипарӣ шудани зимистон, наздик шудани фасли баҳор ва оғози корҳои кишоварзон хабар медиҳад. Ҷашни мазкур дар майдонҳои васеъ, дар фазои озод ва талу теппаҳо бо иштироки зану мард, кӯдакон ва тамоми мардум гузаронида шуда, аз ин рӯ, онро иди ҳамагон меномиданд. Ҷашни мазкурро махсусан кишоварзон бесаброна интизор шуда, дар баргузории он фаъолона иштирок менамуданд.
Бо гузашти замон ҷашни мазкури миллии мо ба кунҷи фаромушӣ рафта, ба таври зарурӣ қайд намегардид. Маҳз дар замони истиқлолият бо иқдоми хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ҷашни ниёгонамон ҳамчун ҷашни миллӣ аз нав эҳё гардид.
Мо бояд анъанаҳои ниёгонамонро идома дода, расму оинҳои хоси ҷашнҳои миллиро пос дошта, ғанӣ гардонем ва барои амалӣ гаштани онҳо мусоидат намоем. Бояд гуфт, ки ҷашни Сада бештар иди барзгарон, аз он ҷумла иди касбии соҳаи кишоварзӣ низ ба шумор меравад. Яке аз оинҳои ҷашни мазкур ҷамъбаст ва натиҷагирии соли гузашта мебошад. Олимони Академияи илмҳои кишоварзии Точикистон бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани иди Сада, баҳри таъмини илмии рушди бахшҳои кишоварзӣ пурсамар фаъолият намуда, соли сипаригашта ба дастовардҳои муайян соҳиб гардидаанд. Аз ҷумла, дар соли 2020 доир ба дастовардҳои илмӣ соҳиби 2 хабарнома оид ба натиҷаи мусбати экпертизаи расмии ташкилоти Патентии Авруосиёӣ, 9 нахустпатент, 10 шаҳодатномаи ихтироъкорӣ гардиданд. Ҳамзамон, аз ҷониби олимони академия ба Комиссияи давлатии озмоиши навъи зироатҳои кишоварзӣ ва муҳофизати навъҳои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон 21 навъи зироатҳои кишоварзӣ, аз ҷумла 4 навъи пахтаи миёнанахи гурӯҳи миёнапаз, 1 навъи шолӣ, 1 навъи мушунг, 1 навъи офтобпараст, 2 навъи ҷуворимакка 4 навъи ангур, 2 навъи хурмо, 2 навъи лиму, 2 навъи боимҷон, 1 навъи қаламфури тез, 1 навъи райҳон супорида шуда, дар санҷиши расмӣ 51 навъ қарор дорад. Ҳамзамон, 6 навъи зироатҳои кишоварзӣ ноҳиябандӣ гардид.
Дастоварҳои олимони академия дар соҳаи чорводорӣ низ назаррас буд. Экотипи қутосҳои зарафшонӣ аз ҷониби Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида, ҳуҷҷатҳои ҷамъбастии зоти чорвои алои сершири тоҷикӣ, барои тасдиқ пешниҳод шуд. Инчунин, ҳуҷҷатҳои типҳои чорвои сергушти тоҷикӣ ва занбӯри асали тоҷикӣ, барои пешниҳод омода гардид. Дар муассисаҳои илмии академия аз хайлҳои микроорганизмҳои маҳаллӣ 237 ҳазор воя ваксина бар зидди касалиҳои сироятии чорво истеҳсол гардида, мавриди истифода қарор дорад.
Соли 2020 тадбиқи дастовардҳои илмии олимони академия беҳтар гардида, кишти навъҳои зироатҳои кишоварзии ватанӣ аз 45 то 90 дарсади майдони киштро дар ҷумҳурӣ ташкил менамояд.
Аз ҷониби олимони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон 15 пешниҳод ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорату кумитаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доир ба масъалаҳои рӯзмарраи рушди илму истеҳсолоти соҳаи кишоварзӣ ирсол карда шуд.
Дар муассисаҳои илмӣ 20 рисолаи номзадию докторӣ ва 16 рисолаи магистрӣ ҳимоя гардид. Олимони академия оид ба масъалаҳои рӯзмарраи рушди соҳаи кишоварзӣ зиёда аз 400 кори илмӣ, аз он ҷумла 21 китоб ва 45 тавсияномаю дастур аз чоп бароварда, 421 маротиба тавсияҳои мушаххасро ба деҳқонону мутахассисон ба воситаи ахбори омма пешниҳод намуданд. Бо ташаббуси муассисаҳои илмии академия 44 конференсияю семинарҳои илмию амалии байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ, рӯзҳои саҳро ва мизҳои мудаввар гузаронида шуд. Инчунин, муассисаҳои илмии академия дар чорабиниҳои ҷумҳуриявии таҷлили ҷашни Садаю Наврӯз, дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони соҳаҳои илму маориф ва аҳли эҷоди мамлакат (18.03.2020) ва дар баргузории омӯзишҳои мутахассисони соҳаи кишоварзӣ ва раисони ҷамоату роҳбарони хоҷагиҳои декҳқонӣ дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилоятҳои Суғду Хатлон фаъолона иштирок намуданд.
Дар муассисаҳои илмии академия барои сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии таъсисёбии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон як қатор таҳқиқот дар самтҳои афзалиятноки илм ва корҳои ободонӣ иҷро гардида, онҳо идома доранд.
Бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашни Сада олимони академия чорабиниҳоро ҷиҳати тарғибу татбиқи оини ҷашни мазкур, расонидани ёрии машваратию амалӣ ба хоҷагидорон доир ба омода намудани мошинолоти кишоварзӣ ва замин ба кишту кори баҳорӣ, башаклдарории дарахтон, интихоби ниҳолҳои модарӣ барои бунёди боғҳои нав, ташхис ва мубориза бо касалиҳои зараррасони дарахтони мевадиҳанда ва чорво амалӣ намуда истодаанд.
Ҳамаи сокинони ҷумҳурӣ, махсусан, кишоварзонро бо фарорасии ҷашни Сада табрик намуда, барояшон сиҳатмандию барори кор ва файзу баракат орзумандем. Бигузор аз гулхани ҷашни Сада оташи меҳру вафо, равшанию гармӣ танинандоз гардида, сулҳу оромӣ дар кишварамон пойдор бошад.


Н. Асозода, президенти АИКТ, академик
Д. Комилзода, академик
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: