Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Вассофи диёраш буд...

Вассофи диёраш буд...

19-01-2021, 10:30
Хабарро хонданд: 528 нафар
Назарҳо: 0
Вассофи диёраш буд...
Ривоят мекунанд, ки мусиқӣ аз садои насими кўҳсорон, шилдироси оби ҷўйборон ва аз зам-замаҳои навои обшорону чаҳ-чаҳи парандагон пайдо шудааст. Дар дунё бузургтарин офарида, мусиқӣ дониста мешавад ва санъате нест, ки ба неру ва тавоноии он баробар шуда тавонад.Мусиқии ба дил мақбул метавонад одамиро ба олами зебои рўъё барад ва барояш ғановати маънавӣ бахшида,ўро соате фориғ аз ҳама каму костагиҳои зиндагӣ гардонад.
Офарандагони мусиқӣ бошанд ашхосе ҳастанд, ки офаридгор барояшон беҳтарин ганҷ, офаридани оҳангро ато намудаст. Хушбахтона дар олами санъати мусиқии мо даҳҳо нафар оҳангсозоне ҳастанд, ки бо асарҳои пурмуҳтавои рангини худ дар жанрҳои гуногуни мусиқӣ аз худобрў номи нек боқӣ гузоштанд ва нуфузи миллати моро бардоштанд.

Таҳсилот


Шарофиддин Сайфиддинов - композитор, омўзгор ва санъатшиноси маъруфи тоҷик, аз зумраи он инсонҳое будаанд, ки тамоми ҳастӣ ва эҷоди худро баҳри баланд бардоштани санъати мусиқии касбии тоҷик бахшида, нуфузи миллати моро баланд бардоштаанд ва дар ин ҷода ба қуллаҳои баланди шуҳрат расидааст. Ў то вопасин лаҳзаҳои ҳаёташ, вассофи ободиву зебогии ватани азизаш буд.
Шарофиддин Сайфиддинов24 августи соли 1929 дар оилаи шахси босавод, дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омадааст. Ҳанўз аз овони наврасӣ дар ниҳод нисбат ба санъати мусиқӣ дилбастагии хоса зоҳир менамуд. Аммо Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) ба зиндагии оилаи онҳо дар қатори дигар мардумони Шўравӣ гарониҳои зиёде ворид сохт. Ҷанг ба итмом расид ва рўзгорионҳо ба маҷроинав ворид шуд. Дилбастагияш ба олами мусиқӣ ўро аввал ба даргоҳиОмўзишгоҳишаҳри Хуҷандва баъдан ба Омўзишгоҳимусиқии Сталинобод овард. Баъди хатми омўзишгоҳ ўро барои хондан ба шуъбаи миллии Консерваторияи Москва фиристоданд ва таҳти роҳбарии композитор Владимир Георгиевич Фере аз паҳлуҳои гуногуни ҷаҳони мусиқӣ огаҳӣ пайдо намуд. Консерваторияи мазкурро соли 1952 бомуваффақият ба итмом расонд.

Эҷодиёт

Ҳанўз аз овони донишҷўи Шарофиддин Сайфиддинов ба эҷоди асарҳои мусиқӣ машѓул буд. Дар он давра якчанд асарҳои вокалӣ,сюитаҳои вокалӣ, контатаҳо, достонҳои мусиқии фоҷиавӣ, квартети торӣва ѓайраҳоро эҷод намуд.
Эҷодиёти Сайфиддинов обуранги хоси миллӣ дошта, аз анъанаҳои мусиқии халқии тоҷикӣ ва фолклор баҳра бардоштааст. Ў оҳангсози навовар ва соҳибистеъдод буда, анъанаи бойи санъати мусиқии классикӣ, халқӣ ва муосирро дар эҷодиёташ моҳирона истифода кардааст.Дар дилхоҳ асари ба мусиқии касбӣ офаридааш шунаванда омезишёбии мусиқии миллиро бо мусиқии касбӣ мебинад. Алан Буш, яке аз композиторони маъруфи англис дар хотираҳои худ чунин навиштааст: “Дар операи “Пўлод ва Гулрў”-иШарофиддин Сайфиддинов мусиқии олии миллии тоҷикӣбо обу ранги мусиқии сирф мардумӣ дида мешавад. Дар ин асар композитор тавонистааст, ки унсурҳои мусиқии бегонаро ворид насозад. Дар дигар асарҳои ў низ мо омезиши мусиқии касбиро бо мусиқии миллӣ бараъло мушоҳида мекунем.Ҳангоме, ки мусиқии касбӣ бо оҳанги халқӣомезиш (синтез) меёбад, дар он мазмуни нав ворид гардида, сомеъро ба дунёи рангини нави мусиқӣ мебарад. Ин маъниро дар операи “Рўдакӣ”(1974)бараъло мушоҳида мекунем. Дар ин асар композитор тавонистааст, обу рангҳои гуногуни мусиқии мардумиро истифода барад. Омезиш ёфтани мусисқии касбӣ бо мусиқии мардумӣ дар ин опера таваҷҷуҳи дилхоҳ шунавандаро ба худ ҷалб мекунад.
Ҳамин мазмунро мо дар дигар асарҳои мусиқии офаридааш ба монандиМазҳакаҳои мусиқии “Ду ҳусн ва ду ишқ”(1957), “Гулҳои Тоҷикистон”(1954), ва “Ҳамсароӣ барои оркестри симфони” (1964) дида метавонем.

Мусиқӣ барои филмҳо


Дар достони симфонии “Қишлоқи тиллоӣ” (1962) композитор тавонистааст, бо оҳанги созҳо дар пеши назари шунаванда манзараҳоеро ҷилвагар намояд ва маҳз ҳамин тавоноии мусиқӣ буд, ки соли 1955 филм-балети “Суруди кўҳсор” ба навор бардошта шуд.Филми мазкур дар хазинаи тиллоии телевизион маҳфуз буда, то ҳанўз ба воситаи телевизион нишон дода мешавад.
Шарофиддин Сайфиддинов, инчунин, дар ҷодаи филмофарӣ ба якчанд филмҳои машҳури истеҳсоли “Тоҷикфилм” мусиқӣ офаридааст. Мусиқиҳои офаридаиў дар филмҳои бадеии “Одам пўсташро иваз мекунад” (1959),”Зумрад”(1962), “Дар зерии хокистари оташ”(1967), “Роҳҳо гуногун мешаванд”(1970), “Ситора дар шаб” (1972), “Чор нафар аз чорсанг” (1972) истифода шуда, ба филмҳои номбаршуда, обу ранги хеле зебо додаанд.

“Республикаи ман”


Мегўянд,ки суруди хуб ва ба қалбҳо наздик, асрҳои аср дар хотири одамон боқӣ мемонад. Он ҳеҷ гоҳ аз лавҳи хотири мардум зудуда намешавад. Бале, суруди “Республикаи ман”, ки дар солҳои 70-уми асри гузашта, аз ҷониби Шарофиддин Сайфиддинов (муаллифони шеър Б. Раҳимзода ва М.Фарҳат) эҷод шуда буд, дар муддати ниҳоят кўтоҳ байни мардум овозадор гашт ва то ҳанўз аз ҷониби сарояндагони кишвар сароида мешавад. Суруди мазкурро ҳунармандони шинохтаи тоҷик ба монандӣ Аҳмад Бобоқулов, Муқаддас Набиева, Рустам Дуллоев ва дигарон сароида буданд.Шодравон Муддалас Набиеваро маҳз ҳамин суруд дар байни мардум шуҳратёр гардонд. Оҳанги суруди “Республикаи ман” ба худ ҷозибаи махсус дорад ва дилхоҳ шунаванда онро новобаста ба завқи шунавоияш ба дил қабул мекунад. Ин оҳанг завқи шунавандаро баланд бардошта, дар дилаш меҳри ватанпарастию ватандориро баланд мебардорад.

Хотима


Дар ҷамъбаст ҳаминро бояд гуфт, Шарофиддин Сайфиддинов дар жанрҳои гуногуни мусиқӣ ба монандӣ, опера, симфония, кантата, романс ва ѓайраҳо асарҳои зиёде офаридааст. Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон кор карда, даҳҳо нафар шогирдонро тарбия намуда, ба шоҳроҳи олами мусиқии касбӣ раҳнамун намудааст. Инчунин, дар вазифаҳои гуногуни давлатӣ кор карда, аз худ ҳамчун роҳбар маҳорати хуби кордонӣ нишон додааст.Аз соли 1962 то соли 1984 дар вазифаи раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон кор карда, пояҳои санъати мусиқии касбии тоҷикро мустаҳкам намуд. Асарҳои эҷодкардааш то ҳанўз олами мусиқии моро мунаввар месозанд.
Тағоймуроди Орифӣ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: